1 Мӯсо 7:1-24

  • Нӯҳу аҳли оилааш бо ҳайвонҳо ба киштӣ медароянд (1–10)

  • Тӯфон (11–24)

7  Баъд аз ин Яҳува ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли оилаат ба киштӣ дароед, чунки аз байни ин насл туро росткор ёфтам.+  Аз ҳар ҳайвони пок+ ҳафттогӣ* бигир, ҳам нару ҳам мода, ва аз ҳар ҳайвони нопок дутогӣ — ҳам нару ҳам мода,  аз ҳар парандаи осмон ҳафттогӣ* — ҳам нару ҳам мода, то наслашон бар замин зинда бимонад.+  Баъд аз ҳафт рӯз ман бар замин 40 рӯзу 40 шаб+ борон меборонам+ ва ҳар ҷонзодеро, ки офаридаам, аз рӯйи замин нест мекунам».+  Нӯҳ ҳар он чиро, ки Яҳува ба вай гуфт, ба амал овард.  Вақте тӯфони об бар замин омад, Нӯҳ 600-сола буд.+  Пеш аз он ки тӯфон сар шавад, Нӯҳ ҳамроҳи писаронаш, занаш ва занони писаронаш ба киштӣ даромад.+  Аз ҳар ҳайвони пок ва ҳар ҳайвони нопок, аз ҳар парандаи осмон ва аз ҳар ҷонзоде, ки бар замин ҳаракат мекунад,+  дутогӣ, нар ва мода, ба назди Нӯҳ, ба даруни киштӣ даромаданд, чи тавре ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд. 10  Пас аз ҳафт рӯз тӯфони об бар замин омад. 11  Дар 600-солагии Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи 17-ум, тамоми чашмаҳои обҳои азим* шикофта гардид ва равзанаҳои* осмон кушода шуд.+ 12  Борон 40 рӯзу 40 шаб бар рӯйи замин борид. 13  Худи ҳамон рӯз Нӯҳ ҳамроҳи писаронаш Сом, Ҳом ва Ёфат,+ ҳамроҳи занаш ва се келинаш ба киштӣ даромад.+ 14  Бо онҳо ҳар ҳайвони ваҳшӣ мувофиқи ҷинсаш, ҳар ҳайвони хонагӣ мувофиқи ҷинсаш, ҳар ҳайвони хазанда мувофиқи ҷинсаш ва ҳар парандаву ҷонвари болдор мувофиқи ҷинсашон ба киштӣ даромад. 15  Аз ҳар навъ ҷонваре, ки нафаси* ҳаёт дошт, дутогӣ назди Нӯҳ ба киштӣ медаромаданд. 16  Аз ҳар ҷонвар нару мода ба киштӣ даромаданд, чи хеле ки Худо ба ӯ фармуда буд. Баъд аз ин Яҳува дари киштиро аз паси Нӯҳ пӯшид. 17  Тӯфон бар замин 40 рӯз давом кард ва обҳо зиёд шуда, киштиро боло мебардоштанд ва он бар рӯйи об шино мекард. 18  Обҳо торафт зиёд мешуданд ва заминро фаро мегирифтанд, аммо киштӣ бар рӯйи обҳо шино мекард. 19  Обҳо заминро чунон пур карданд, ки тамоми кӯҳҳои баланди зери осмон таги об монданд.+ 20  Обҳо ба андозаи 15 газ* аз кӯҳҳо баланд баромаданд. 21  Тамоми ҷони зиндае, ки бар рӯйи замин буд, нест шуд — ҷонварони болдор, ҳайвонҳои хонагӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ, ҷонварони хазанда ва тамоми одамизод.+ 22  Ҳар ҷонзоде, ки дар хушкӣ буду дар худ нафаси* ҳаёт дошт, мурд.+ 23  Худо ҳар ҷонзодро аз рӯйи замин нест кард. Тамоми одамон, ҳайвонҳо, ҷонварони хазанда ва парандагони осмон аз рӯйи замин нест шуданд.+ Фақат Нӯҳу оилааш ва ҳар он чӣ бо онҳо дар киштӣ буд, наҷот ёфт.+ 24  Обҳо ба муддати 150 рӯз аз сатҳи замин баланд истоданд.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «ҳафтҷуфтӣ».
Ё, эҳтимол, «ҳафтҷуфтӣ».
Ин ба қабати обие ишора мекунад, ки дар фазои осмон буд ва тамоми заминро иҳота менамуд. Дар ин бора дар 1 Мӯсо 1:6, 7 гуфта мешавад.
Ё «дарвозаҳои».
Ё «рӯҳи».
Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «рӯҳи».