1 Подшоҳон 24:1-22

  • Довуд Шоулро намекушад (1–22)

    • Довуд масеҳи Яҳуваро эҳтиром мекунад (6)

24  Вақте ки Шоул аз дунболагирии фалиштиён баргашт, ба ӯ гуфтанд: «Довуд дар биёбони Эйн-Ҷадӣ аст».+  Шоул аз тамоми Исроил 3000 марди яккачинро гирифта, сӯйи шахҳое, ки бузи кӯҳӣ доштанд, ба ҷустуҷӯйи Довуд ва одамонаш рафт.  Ӯ ба қӯраҳои* сангини сари роҳ расид ва дар он ҷо барои қазои ҳоҷат ба ғоре даромад, дар ҳоле ки Довуд бо одамонаш дар дарунтари ғор нишаста буданд.+  Одамони Довуд ба вай гуфтанд: «Ин аст он рӯзе, ки Яҳува ба ту мегӯяд: “Ман душманатро ба дасти ту месупорам+ ва ҳар он чӣ хоҳӣ, бо ӯ бикун”». Довуд бархоста, домани яктаҳи* беостини Шоулро оҳиста бурид.  Лекин баъд виҷдони* Довуд ӯро азоб дод,+ ки ӯ домани яктаҳи* беостини Шоулро бурид.  Ӯ ба одамонаш гуфт: «Ба Яҳува ҳаргиз писанд намеояд, ки ман ба хоҷаам, масеҳи* Яҳува, даст бардорам, зеро ӯ масеҳи Яҳува аст».+  Бо ин суханон Довуд пеши роҳи одамонашро гирифт* ва намонд, ки ба Шоул ҳамла оранд. Шоул бошад, аз ғор баромада, бо роҳи худ рафт.  Довуд низ бархеста, аз ғор баромад ва аз паси Шоул фарёд зада гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ!»+ Вақте ки Шоул ба қафо нигарист, Довуд рӯ ба замин афтода таъзим кард.  Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро ту ба гапи одамоне, ки “Довуд ба ту қасди бад дорад” мегӯянд, гӯш медиҳӣ?+ 10  Имрӯз ту бо чашми худат дидӣ, ки Яҳува туро дар ғор ба дасти ман супурд. Лекин, вақте ба ман гуфтанд, ки туро бикушам,+ ман ба ту раҳм карда гуфтам: “Ман ба хоҷаам даст намебардорам, зеро ӯ масеҳи Яҳува аст”.+ 11  Бингар, эй падарам, домани яктаҳат дар дасти ман аст: вақте ки онро буридам, туро накуштам. Акнун бубин ва бидон, ки ман ба ту қасди баде надорам ва исён бардоштанӣ нестам. Ман бар зидди ту гуноҳе накардаам,+ ту бошӣ, дар пайи ман афтода, қасди ҷони маро дорӣ.+ 12  Бигзор Яҳува байни ману ту доварӣ кунад+ ва бигзор Яҳува интиқоми маро аз ту бигирад,+ вале ман ба ту даст намебардорам.+ 13  Зарбулмасали қадимӣ мегӯяд: “Бадӣ аз бадкорон сар мезанад”, барои ҳамин ман ба ту даст намебардорам. 14  Подшоҳи Исроил аз паси кӣ берун омадааст? Ту киро сур мекунӣ? Саги мурдаеро? Як кайкеро?+ 15  Бигзор Яҳува довар бошад ва байни ману ту доварӣ кунад. Ӯ даъвоямро дида мебарояд+ ва маро тарафгирӣ мекунад ва маро доварӣ карда аз дасти ту халос мекунад». 16  Вақте Довуд гапашро тамом кард, Шоул гуфт: «Эй писарам Довуд, оё ин овози туст?»,+ ва овози худро баланд карда гирист. 17  Ӯ ба Довуд гуфт: «Ту аз ман боинсофтарӣ, чунки ту ба ман некӣ кардӣ, ман бошам, дар ивази некиат бадӣ кардам.+ 18  Имрӯз ту гуфтӣ, ки чӣ тавр Яҳува маро ба дастат супурд,+ вале ту некӣ карда маро накуштӣ. 19  Кадом одам душманашро ёфта ӯро сиҳату саломат сар медиҳад? Яҳува туро барои некие, ки имрӯз ба ман кардӣ, подоши нек хоҳад дод.+ 20  Ман медонам, ки ту ҳатман подшоҳ хоҳӣ шуд+ ва подшоҳии Исроил дар дасти ту пойдор хоҳад буд. 21  Пас, ба номи Яҳува қасам хӯр,+ ки насли маро баъд аз сари ман нобуд намекунӣ ва номи маро аз хонадони падарам пок намесозӣ».+ 22  Довуд ба Шоул қасам хӯрд ва Шоул ба хонаи худ рафт,+ Довуд бошад, бо одамонаш ба паноҳгоҳи худ баромад.+

Поварақҳо

Қӯра — ҷое дар саҳро, ки гирдогирдаш девор аст ва он ҷо рамаро нигоҳ медоранд; хобок, ҳел (йел), шола.
Ё «ҷелаки».
Дар матни асл «дили».
Ё «ҷелаки».
Ё «тадҳиншудаи».
Ё, эҳтимол, «одамонашро пароканда кард».