2 Воқеанома 11:1-23
11 Раҳабъом ба Ерусалим омада, дарҳол хонадони Яҳудо ва Бинёмин,+ 180 000 ҷанговари яккачинро*, ҷамъ овард, то бо Исроил биҷангад ва подшоҳиро ба худ баргардонад.+
2 Он гоҳ Яҳува ба Шамаъёҳуи+ марди Худо паём фиристода гуфт:
3 «Ба Раҳабъоми писари Сулаймон, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми Исроил, ки дар Яҳудову Бинёминанд, чунин бигӯ:
4 “Яҳува чунин мегӯяд: “Бар зидди бародарони худ ба ҷанг набароед. Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ин аз ҷониби ман ба амал омадааст”».+ Онҳо ба гапи Яҳува гӯш дода баргаштанд ва бар зидди Ёробъом наҷангиданд.
5 Раҳабъом дар Ерусалим мезист ва дар Яҳудо шаҳрҳои ҳисордорро бино кард.
6 Ӯ Байт-Лаҳм,+ Эйтом, Тақӯо,+
7 Байт-Сур, Сукӯ,+ Адуллом,+
8 Ҷат,+ Морешо, Зиф,+
9 Адуроим, Локиш,+ Азеқо,+
10 Соръо, Аёлӯн+ ва Ҳебрӯн,+ шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо ва Бинёминро, бино кард*.
11 Ҳамчунин ӯ шаҳрҳои ҳисордорро мустаҳкам карда, дар онҳо фармондеҳонро гузошт ва онҳоро бо хӯрок, равған ва шароб таъмин намуд.
12 Ӯ ба ҳамаи шаҳрҳои дигар сипарҳои калону найзаҳо дода, онҳоро хеле мустаҳкам кард ва Яҳудову Бинёмин дар ихтиёри ӯ монданд.
13 Коҳинону левизодагоне, ки дар саросари Исроил буданд, ӯро тарафдорӣ карда, аз заминҳои худ ба назди ӯ омаданд.
14 Левизодагон чарогоҳҳо ва молу мулки худро+ партофта, ба Яҳудову Ерусалим омаданд, зеро Ёробъом ва писаронаш намонданд, ки онҳо коҳин шуда ба Яҳува хизмат кунанд.+
15 Ёробъом барои баландиҳо,+ девҳои бузшакл*+ ва гӯсолаҳои сохтааш+ коҳинони худро таъйин кард.
16 Аз ҳамаи қабилаҳои Исроил касоне, ки дар дил азм карда буданд, ки Яҳува, Худои Исроилро, биҷӯянд, аз паси коҳинону левизодагон ба Ерусалим рафтанд, то ба Яҳува, Худои бобоёнашон, қурбонӣ оранд.+
17 Онҳо се сол подшоҳии Яҳудоро устувор гардонданд ва Раҳабъоми писари Сулаймонро дастгирӣ намуданд, зеро се сол аз пайи Довуд ва Сулаймон равона буданд.
18 Раҳабъом Маҳалатро, ки духтари Еримӯти писари Довуд ва Абиҳаили духтари Элиоби+ писари Исой буд, ба занӣ гирифт.
19 Чанде пас ӯ барояш писарон — Яуш, Шамарёҳу ва Зоҳамро, ба дунё овард.
20 Баъд аз ӯ Раҳабъом Маъкои набераи Абшолӯмро+ ба занӣ гирифт ва ӯ барояш Абиё,+ Аттой, Зизо ва Шелӯмитро ба дунё овард.
21 Раҳабъом Маъкои набераи Абшолӯмро аз ҳамаи занон ва сурриягонаш+ бештар дӯст медошт. Раҳабъом 18 зану 60 суррия* ва 28 писару 60 духтар дошт.
22 Ӯ аз миёни писаронаш Абиёи писари Маъкоро сардор ва пешво таъйин кард, зеро ният дошт, ки ӯро подшоҳ кунад.
23 Ӯ дурандешона баъзеи писаронашро ба вилоятҳои Яҳудову Бинёмин, ба ҳар шаҳри ҳисордор,+ фиристод*, онҳоро бо озуқаи фаровон таъмин намуд ва барояшон зани бисёр гирифт.