2 Воқеанома 5:1-14
5 Сулаймон ҳамаи корҳоеро, ки барои хонаи Яҳува кардан лозим буд, ба анҷом расонд.+ Пас аз ин Сулаймон чизҳоеро, ки падараш Довуд ба Худо бахшида буд*,+ ба он ҷо овард ва нуқра, тилло ва ҳамаи ашёро ба ганҷинаҳои хонаи Худо гузошт.+
2 Он вақт Сулаймон пирони Исроил, тамоми сардорони қабилаҳо ва сарварони хонаводаҳои Исроилро ҷамъ овард. Онҳо ба Ерусалим омаданд, то сандуқи аҳди Яҳуваро аз Шаҳри Довуд,+ яъне Сион, биёранд.+
3 Тамоми мардони Исроил дар рӯзи ид*, ки дар моҳи ҳафтум ҷашн гирифта мешуд,+ назди подшоҳ ҷамъ шуданд.
4 Ҳамаи пирони Исроил омаданд ва левизодагон сандуқро бардоштанд.+
5 Онҳо сандуқ, хаймаи ҷомеъ+ ва тамоми ашёи муқаддасеро, ки дар хайма буд, бардошта оварданд. Ин чизҳоро коҳинон ва левизодагон* оварданд.
6 Шоҳ Сулаймон ва тамоми мардуми Исроил, ки назди вай даъват шуда буданд, дар пеши сандуқ истоданд. Онҳо гову гӯсфанди бисёреро, ки сону шумор надоштанд, қурбон карданд.+
7 Сипас коҳинон сандуқи аҳди Яҳуваро ба ҷояш, дар ҳуҷраи даруни хона, дар Макони поктарин, зери болҳои каррубиён, гузоштанд.+
8 Болҳои каррубиён бар ҷое ки сандуқ меистод, паҳн мешуд, ба тавре ки каррубиён сандуқ ва ходаҳояшро+ аз боло мепӯшонданд.
9 Ходаҳо чунон дароз буданд, ки нӯгашон аз Макони пок, ки дар пеши ҳуҷраи дарун буд, метофт, вале аз берун наметофт ва онҳо то имрӯз дар он ҷоянд.
10 Дар даруни сандуқ ғайр аз ду лавҳае, ки Мӯсо дар Ҳӯриб гузошт,+ чизе набуд. Ӯ ин лавҳаҳоро, пас аз он ки Яҳува бо халқи Исроил ҳангоми аз Миср берун омаданаш+ аҳд баст,+ ба сандуқ гузошта буд.
11 Коҳинон аз ҷойи муқаддас берун омаданд (зеро ҳамаи коҳиноне, ки он ҷо буданд, новобаста ба гурӯҳашон+ худро пок карда буданд).+
12 Он вақт ҳамаи левизодагони сарояндае,+ ки аз гурӯҳи Осаф,+ Ҳеймон,+ Едутун+ ва писарону бародарони онҳо буданд, либосе аз матои нафис дар тан ва санҷ, сози торӣ ва чанг дар даст аз тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд. Ҳамроҳи онҳо 120 коҳине буданд, ки карнай менавохтанд.+
13 Карнайнавозон ва сарояндагон бо як овоз Яҳуваро ҳамд хонданду шукр гуфтанд ва карнай, санҷ ва дигар созҳоро навохта, Яҳуваро ситоиш намуданд, «зеро ӯ некуст, меҳру вафои ӯ то абад аст».+ Он гоҳ хонаро, хонаи Яҳуваро, абр пур кард+
14 ва коҳинон ба сабаби абр хизмати худро давом дода натавонистанд, зеро ҷалоли Яҳува хонаи Худоро пур кард.+