2 Мӯсо 1:1-22
1 Писарони Исроил, ки ҳамроҳи Яъқуб ҳар яке бо хонаводаи худ ба Миср омаданд, инҳоянд:+
2 Реубен, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо,+
3 Иссокор, Забулун, Бинёмин,
4 Дон, Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.+
5 Юсуф бошад, он вақт аллакай дар Миср буд. Ҳамаи онҳое, ки аз Яъқуб ба дунё омаданд, 70 нафар буданд.+
6 Бо гузашти вақт Юсуф мурд.+ Ҳамчунин тамоми бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.
7 Писарони Исроил серфарзанд шуданд ва шумораашон тез афзудан гирифт. Онҳо торафт сершумор ва пурзӯр мегаштанд, ба тавре ки замин аз насли онҳо пур шуд.+
8 Чанде пас дар Миср подшоҳи наве бар тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт.
9 Ӯ ба халқи худ гуфт: «Инак, халқи Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.+
10 Биёед ақлу фаросатро ба кор бурда бар зидди онҳо чорае андешем. Вагарна онҳо зиёд шудан мегиранд ва вақте ҷанг сар занад, онҳо ба душманонамон ҳамроҳ мешаванд ва бар зидди мо ҷангида, аз мамлакат баромада мераванд».
11 Баъд онҳо бар исроилиён сардоронро таъйин карданд ва онҳо меҳнати вазнинро бар гардани исроилиён бор карда онҳоро азоб медоданд.+ Исроилиён барои фиръавн шаҳрҳои Фитум ва Раамсисро,+ ки дороии фиръавн дар онҳо захира мешуд, сохтанд.
12 Лекин, чи қадаре ки исроилиёнро ба танг меоварданд, онҳо ҳамон қадар сершумор мешуданд ва заминро пур мекарданд, ба дараҷае ки тарси исроилиён мисриёнро фаро гирифт.+
13 Оқибат мисриён исроилиёнро ғулом гардонданд ва меҳнати маҷбуриро бар гарданашон бор карданд.+
14 Онҳо ҳаёти исроилиёнро бо меҳнати пурмашаққати гилкорию хиштрезӣ ва ҳар гуна меҳнати вазнини саҳро талх мекарданд. Мисриён исроилиёнро азоб дода, ба ҳар гуна корҳои сахте, ки ғуломон ба ҷо меоварданд, маҷбур мекарданд.+
15 Баъдтар подшоҳи Миср ба момодояҳои ибрӣ, ки Шифро ва Фуоҳ ном доштанд, чунин гуфт:
16 «Вақте ки ба занони ибрӣ дар вақти зоиданашон+ ёрдам мекунед, шумо бояд чунин кунед: агар онҳо писар таваллуд кунанд, кӯдакро бикушед, вале, агар духтар бошад, бигзор зинда монад».
17 Лекин момодояҳо аз Худо метарсиданд, барои ҳамин ба амри подшоҳи Миср гӯш надода писарчаҳоро зинда мемонданд.+
18 Чанде пас подшоҳи Миср момодояҳоро даъват кард ва гуфт: «Барои чӣ шумо писарчаҳоро зинда мемонед?»
19 Момодояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ мисли занони мисрӣ нестанд. Онҳо бақувватанд ва, пеш аз он ки момодоя наздашон биёяд, таваллуд мекунанд».
20 Аз ин рӯ Худо ба момодояҳо некӣ кард. Халқ бошад, торафт сершумор ва пурзӯр мешуд.
21 Азбаски момодояҳо аз Худо метарсиданд, ӯ баъдтар онҳоро соҳиби фарзанд гардонд.
22 Ниҳоят фиръавн ба тамоми халқаш фармуд: «Ҳар писари навзоди ибриро ба дарёи Нил партоед, аммо ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».+