2 Мӯсо 17:1-16
17 Тамоми мардуми Исроил бо амри Яҳува+ дам гирифта-дам гирифта аз биёбони Син+ рафт ва дар Рафидим хайма зад.+ Вале онҳо дар он ҷо обе барои нӯшидан наёфтанд.
2 Мардум бо Мӯсо ҷанҷол карда,+ мегуфт: «Ба мо об деҳ, то бинӯшем». Аммо Мӯсо ба онҳо гуфт: «Чаро шумо бо ман ҷанҷол мекунед? Чаро Яҳуваро меозмоед?»+
3 Аммо мардум, ки хеле ташна буд, аз Мӯсо шикваву шикоят намуда+ мегуфт: «Чаро моро ҳамроҳи фарзандон ва чорвоямон аз Миср берун овардӣ? Оё мехоҳӣ моро аз ташнагӣ бикушӣ?»
4 Оқибат Мӯсо сӯйи Яҳува оҳу нола карда гуфт: «Ман бо ин халқ чӣ кор кунам? Кам мондааст, ки маро сангсор кунанд!»
5 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Пешопеши халқ бирав ва бо худ баъзе пирони Исроилро бибар ва дар дастат асоеро, ки бо он дарёи Нилро зарба задӣ,+ бигир.
6 Инак, ман дар пеши ту бар кӯҳпорае, ки дар Ҳӯриб аст, меистам. Бо чӯбат бар он кӯҳпора бизан ва аз он об мебарояд ва мардум аз он менӯшанд».+ Мӯсо дар пеши назари пирони Исроил ҳамин тавр кард.
7 Ӯ он ҷоро Массо*+ ва Мерибо*+ ном монд, зеро исроилиён бо ӯ ҷанҷол мекарданд ва Яҳуваро озмуда+ мегуфтанд: «Яҳува дар миёни мо ҳаст ё не?»
8 Баъд амолеқиён+ омаданд ва бо исроилиён дар Рафидим ҷангиданд.+
9 Он вақт Мӯсо ба Юшаъ+ гуфт: «Бароямон мардонро интихоб намо ва бар зидди Амолеқ биҷанг. Пагоҳ ман дар болои теппа бо асои Худо дар даст меистам».
10 Юшаъ, ҳамон тавре ки Мӯсо ба ӯ гуфт, амал кард+ ва бар зидди Амолеқ ҷангид. Мӯсо бошад, ҳамроҳи Ҳоруну Ҳур+ ба болои теппа баромад.
11 То даме ки дастони Мӯсо боло буд, исроилиён дастболо мешуданд, лекин, ҳамин ки ӯ дастонашро мефаровард, амолеқиён дастболо мешуданд.
12 Вақте дастони Мӯсо монда шуданд, барояш санге гузоштанд ва ӯ бар он нишаст. Ҳоруну Ҳур, ҳар кадоме аз ду тараф, дастони ӯро медоштанд, барои ҳамин дастони Мӯсо то нишастани офтоб поён нашуданд.
13 Ҳамин тавр Юшаъ Амолеқ ва халқи ӯро бо шамшер мағлуб намуд.+
14 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инро дар китоб ҳамчун ёдоварӣ бинавис ва ба Юшаъ такрор кун: “Ман ному нишони Амолеқро аз зери осмон нест мекунам”».+
15 Пас аз ин Мӯсо қурбонгоҳе сохта, онро Яҳува-ниссӣ* номид
16 ва гуфт: «Азбаски дасти ӯ бар зидди тахти Ёҳ*+ аст, Яҳува аз насл ба насл бо Амолеқ хоҳад ҷангид».+
Поварақҳо
^ Маънояш «санҷиш; имтиҳон».
^ Маънояш «ҷанҷол».
^ Маънояш «Яҳува сутуни аломати ман аст».
^ Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.