2 Мӯсо 18:1-27
18 Итрӯ, коҳини Мидён, хусури* Мӯсо,+ дар бораи ҳар он чизе, ки Худо барои Мӯсо ва халқи Исроил карда буд, дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува исроилиёнро аз Миср берун овард, шунид.+
2 Итрӯ, хусури Мӯсо, Сифӯра, зани Мӯсоро, вақте вай ӯро ба хонаи падараш фиристод,
3 ҳамроҳи ду писараш+ қабул карда буд. Мӯсо номи яке аз писаронашро Ҷершӯн*+ монда буд, зеро гуфта буд: «Ман дар замини бегона мусофир шудам».
4 Номи дигареро Элиезер* монда буд, зеро гуфта буд: «Худои падарам мададгори ман аст, ӯ маро аз шамшери фиръавн наҷот дод».+
5 Итрӯ, хусури Мӯсо, ҳамроҳи зану писарони ӯ ба биёбон назди Мӯсо омад. Мӯсо дар кӯҳи Худо+ хайма зада буд.
6 Ӯ ба Мӯсо хабар дод: «Ман, хусури ту Итрӯ,+ бо зану ду писарат назди ту омада истодаам».
7 Мӯсо дарҳол ба пешвози хусураш баромад ва ба ӯ таъзим карда, ӯро бӯсид. Онҳо аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шуданд ва баъд ба хайма даромаданд.
8 Мӯсо ба хусураш дар бораи ҳар он чизе, ки Яҳува ба хотири Исроил бо фиръавну Миср карда буд,+ нақл кард. Ӯ боз дар бораи он гап зад, ки ҳангоми сафар чӣ душвориҳо дар пеши роҳашон баромаду+ чӣ тавр Яҳува онҳоро халос кард.
9 Итрӯ дар бораи тамоми некиҳое, ки Яҳува ба исроилиён карду онҳоро аз дасти мисриён халос намуд, шунида шод шуд.
10 Итрӯ гуфт: «Яҳуваро, ки шуморо аз Миср ва аз дасти фиръавн раҳо кард ва халқро аз зулму ситами мисриён наҷот дод, ҳамду сано бод!
11 Акнун медонам, ки Яҳува аз тамоми худоён бузургтар аст,+ зеро ӯ касонеро, ки ҳавобаландона бар зидди халқаш баромаданд, торумор кард».
12 Пас аз ин Итрӯ, хусури Мӯсо, барои Худо қурбонии сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳо овард ва Ҳоруну ҳама пирони Исроил омаданд, то бо хусури Мӯсо дар ҳузури Худо хӯрок хӯранд.
13 Рӯзи дигар Мӯсо чун ҳарвақта нишаст, то халқро доварӣ кунад ва мардум аз саҳарӣ то бегоҳӣ дар назди Мӯсо меистоданд.
14 Вақте хусури Мӯсо ҳама корҳоеро, ки Мӯсо барои халқ мекард, дид, ӯ гуфт: «Ин чӣ гуна кор аст, ки ту барои халқ мекунӣ? Барои чӣ ту танҳо мешинӣ ва тамоми мардум аз субҳ то шом назди ту рост меистанд?»
15 Мӯсо ба хусураш гуфт: «Мардум назди ман омада, роҳнамоии Худоро мепурсанд.
16 Вақте масъалае ба миён ояд, ман бояд байни ду кас доварӣ кунам ва қарору қонунҳои Худоро ба онҳо бигӯям».+
17 Хусури Мӯсо гуфт: «Ин корат хуб нест.
18 Ту бо ин корат ҳам худат ва ҳам мардумро афгор мекунӣ. Ин бор барои як худат вазнин аст.
19 Ба гапам гӯш деҳ. Ман ба ту як маслиҳат медиҳам ва Худо бо ту хоҳад буд.+ Ту барои халқ дар ҳузури Худо намоянда бош+ ва масъалаҳои онҳоро ба Худо бирасон.+
20 Дастурҳою қонунҳоро ба онҳо бифаҳмон+ ва ба онҳо нишон деҳ, ки бо кадом роҳ раванду чӣ кор кунанд.
21 Фақат ки аз миёни халқ шахсони қобилиятнок, худотарс ва боваринокеро, ки аз пайи фоидаи худ набошанд,+ интихоб кун+ ва онҳоро бар халқ мириҳазор, мирисад, мирипанҷоҳ ва миридаҳ таъйин намо.+
22 Вақте масъалае ба миён ояд, бигзор онҳо халқро доварӣ кунанд: масъалаҳои хурдро худашон ҳал кунанд, масъалаҳои душворро бошад, пеши ту оранд.+ Бигзор онҳо ба бори ту шарик шаванд ва боратро сабук кунанд.+
23 Агар ин хел кунӣ ва Худо ҳам чунин фармояд, ба ту зӯр намеояд ва ҳама ба хонаи худ розӣ бармегарданд».
24 Мӯсо ба суханони хусураш гӯш дод ва дарҳол ҳар он чиро, ки ӯ гуфт, ба ҷо овард.
25 Мӯсо аз байни тамоми халқи Исроил мардони қобилиятнокро интихоб кард ва бар халқ сардор, яъне мириҳазор, мирисад, мирипанҷоҳ ва миридаҳ, таъйин намуд.
26 Аз он вақт сар карда халқро ин мардон доварӣ мекарданд. Вақте масъалаи душворе ба миён меомад, онҳо пеши Мӯсо мерафтанд,+ масъалаҳои хурдро бошад, худашон ҳал мекарданд.
27 Баъди ин Мӯсо хусурашро гусел кард+ ва ӯ ба диёри худ рафт.