2 Мӯсо 21:1-36
21 Ин аст ҳукмҳое, ки ту бояд ба исроилиён бирасонӣ:+
2 “Агар ту ғуломи ибрие+ бихарӣ, ӯ бояд шаш сол кор кунад, лекин дар соли ҳафтум бояд муфт озод шавад.+
3 Агар ӯ худаш танҳо ба ғуломӣ омада бошад, бояд танҳо биравад. Агар бо занаш омада бошад, бигзор занаш ҳамроҳаш биравад.
4 Агар хӯҷаинаш ба ӯ зане диҳад ва ӯ писару духтарон ба дунё орад, зану фарзандонаш аз они хӯҷаинаш мегарданд ва ӯ танҳо худаш озод мешавад.+
5 Лекин, агар ғулом нею нестон карда чунин бигӯяд: “Ман хӯҷаинам ва зану фарзандонамро дӯст медорам ва озод шудан намехоҳам”,+
6 бигзор хӯҷаинаш ӯро ба ҳузури Худо орад. Баъд ӯро назди дар ё паҳлударӣ орад ва гӯшашро бо дарафш* сӯрох кунад ва ӯ як умр ғуломи хӯҷаинаш мешавад.
7 Агар касе духтарашро ба канизӣ фурӯшад, духтар наметавонад аз рӯйи қоидае, ки барои марди ғулом аст, ба озодӣ барояд.
8 Агар ӯ ба хӯҷаинаш писанд наояд ва ӯ духтарро суррияи* худ нагардонад, балки ӯро ба дигаре фурӯхтанӣ шавад, набояд вайро ба касе аз халқи бегона фурӯшад, зеро ба вай хиёнат кардааст.
9 Агар хӯҷаин духтарро барои писараш хуш кунад, ӯ бояд ҳуқуқҳои канизро баробари ҳуқуқҳои духтараш донад.
10 Агар ӯ зани дигаре барои худ гирад, набояд ҳаққи зани якумро кам кунад, балки ӯро хӯронад, пӯшонад ва вазифаи заношӯйиро+ нисбаташ ба ҷо орад.
11 Агар ӯ ин се шартро ба ҷо наорад, духтар метавонад муфт озод шавад.
12 Агар касе одамеро бизанад ва ӯ бимирад, бигзор ӯ кушта шавад.+
13 Лекин, агар ӯ ин корро нохост карда бошад ва Худо ба ин кор роҳ дода бошад, ман ҷоеро, ки ӯ ба он гурехта метавонад, муқаррар мекунам.+
14 Агар касе аз ёри худ сахт дарғазаб шавад ва ӯро қасдан бикушад,+ ӯ бояд кушта шавад, ҳатто агар ӯро аз пеши қурбонгоҳи ман гирифтан лозим ояд.+
15 Ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бояд кушта шавад.+
16 Ҳар кӣ касеро дуздида+ фурӯшад ё ӯ дар дасташ ёфт шавад,+ бояд кушта шавад.+
17 Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад*, бояд кушта шавад.+
18 Агар ду нафар ҷанҷол кунанду яке дигареро бо санг ё бо мушт* бизанад ва ӯ намирад, балки бистарӣ шавад, бояд чунин кунанд:
19 агар ҷабрдида аз ҷой хеста, бо асо берун баромада тавонад, касе, ки ӯро задааст, аз ҷазо озод мебошад. Вале, азбаски ҷабрдида то пурра сиҳат шуданаш кор карда наметавонад, айбдор бояд дар давоми ин вақт товони бекории ӯро диҳад.
20 Агар касе ғулом ё канизи худро бо чӯб бизанад ва ӯ аз дасташ бимирад, аз ӯ бояд қасос гирифта шавад.+
21 Аммо, агар ғулом ё каниз як ё ду рӯз зинда монад, хӯҷаинаш набояд ҷазо бинад, зеро ғулом пулу моли ӯст.
22 Агар мардон дастбагиребон шаванд ва зани ҳомиладореро бизананд ва ӯ пеш аз муҳлат бача таваллуд кунад,+ лекин ҳодиса бо марг ё осеби сахте наанҷомад, айбдор бояд ҷаримаеро, ки шавҳари зан талаб кунад, ба воситаи доварон бидиҳад.+
23 Вале, агар ҳодиса бо марг ё осеби сахте анҷомад, он гоҳ ҷон дар ивази ҷон,+
24 чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, по дар ивази по,+
25 сӯхтагӣ дар ивази сӯхтагӣ, захм дар ивази захм ва зарба дар ивази зарба бидеҳ.
26 Агар касе ба чашми ғулом ё канизи худ бизанад ва онро кӯр кунад, бояд ба ивази ин ғуломро озод кунад.+
27 Агар кас дандони ғулом ё канизи худро зада ғалтонад, бояд ба ивази ин ғуломро озод кунад.
28 Агар буққа мард ё занеро шох занад ва ӯ бимирад, буққаро бояд сангсор карда кушанд+ ва гӯшташро нахӯранд; соҳиби буққа бошад, аз ҷазо озод аст.
29 Вале, агар буққа одати шохзанӣ дошта бошад ва соҳибашро аз ин огоҳ кунанд, лекин ӯ буққаашро саришта накунаду он мард ё занеро кушад, он гоҳ буққаро бояд сангсор кунанд ва соҳибашро низ бикушанд.
30 Агар аз ӯ товоне талаб кунанд, ӯ бояд барои ҷонаш ҳар чиро, ки аз ӯ талаб кунанд, бидиҳад.
31 Буққа хоҳ писареро шох занад ва хоҳ духтареро, бо соҳиби он аз рӯйи ҳамин қонун рафтор карда шавад.
32 Агар буққа ғулом ё канизеро шох занад, соҳиби он бояд ба хӯҷаини ғулом 30 сиқл* нуқра бидиҳад, буққа бошад, бояд сангсор карда шавад.
33 Агар касе сари чоҳеро кушояд ё чоҳе канаду онро напӯшонад ва дар он буққа ё хар афтад,
34 соҳиби чоҳ бояд товони онро диҳад.+ Ӯ бояд нархи чорпоро ба соҳиби он диҳад, ҷасади чорпо бошад, аз они ӯ шавад.
35 Агар буққаи касе буққаи каси дигарро шох занад ва он бимирад, соҳибони он буққаҳо бояд буққаи зиндаро фурӯшанд ва пулашро ду тақсим кунанд; буққаи мурдаро низ бояд ду тақсим кунанд.
36 Вале, агар маълум буд, ки буққа одати шохзанӣ дошту соҳибаш онро саришта накард, ӯ бояд бар ивази буққа буққа диҳад, чорпои мурда бошад, аз они ӯ шавад.
Поварақҳо
^ Ё «бигиз».
^ Ё «лаънат хонад».
^ Ё, эҳтимол, «бо олате».
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.