2 Мӯсо 24:1-18

  • Мардум розӣ мешаванд, ки аҳди Худоро риоя кунанд (1–11)

  • Мӯсо дар кӯҳи Сино (12–18)

24  Сипас Худо ба Мӯсо гуфт: «Туву Ҳорун, Нодоб, Абиҳу+ ва 70 нафар пирони Исроил назди Яҳува боло бароед ва аз дур истода саҷда кунед.  Мӯсо худаш танҳо назди Яҳува ояд, лекин дигарон наздик нашаванд ва мардум бо ӯ боло набарояд».+  Мӯсо омад ва тамоми суханону ҳукмҳои Яҳуваро ба халқ расонд+ ва тамоми халқ якдилона гуфтанд: «Ҳама суханонеро, ки Яҳува гуфтааст, ба ҷо меорем».+  Мӯсо тамоми суханони Яҳуваро навишт.+ Сипас ӯ саҳарии барвақт бархест ва дар домани кӯҳ қурбонгоҳ сохт ва мувофиқи 12 қабилаи Исроил 12 сутун гузошт.  Баъди ин ӯ ҷавонмардони Исроилро фиристод, то қурбониҳои сӯхтанӣ оранд ва буққаҳоро чун қурбониҳои осоиштагӣ+ барои Яҳува қурбон кунанд.  Мӯсо нисфи хунро гирифт ва ба косаҳо рехт, нисфи дигарашро бошад, ба қурбонгоҳ пошид.  Сипас ӯ китоби аҳдро гирифта, бо овози баланд ба халқ хонд+ ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чӣ Яҳува гуфтааст, ба ҷо меорем ва ба ӯ итоат мекунем».+  Мӯсо хунро гирифта, ба халқ пошид+ ва гуфт: «Ин хуни аҳдест, ки дар асоси ҳамаи ин суханон Яҳува бо шумо бастааст».+  Мӯсо ҳамроҳи Ҳорун, Нодоб, Абиҳу ва 70 нафар пирони Исроил боло баромад 10  ва онҳо Худои Исроилро диданд.+ Зери пойи ӯ чизе ба монанди хиштҳое аз ёқути кабуд буд, ки мисли осмон пок буданд.+ 11  Худо ба мардони обрӯманди Исроил зараре нарасонд+ ва онҳо Худоро дар рӯъё диданд ва хӯрданду нӯшиданд. 12  Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Назди ман ба ин кӯҳ баро ва дар ин ҷо бимон. Ман ба ту лавҳаҳои сангине медиҳам ва бар онҳо шариат ва амрҳоро менависам, то халқро таълим диҳам».+ 13  Мӯсо ва дастёраш Юшаъ+ хестанд ва Мӯсо ба кӯҳи Худо баромад.+ 14  Аммо ба пирон чунин гуфт: «То баргаштани мо дар ин ҷо бимонед.+ Ҳорун ва Ҳур+ бо шумо меистанд. Агар ягон арзу даъвое пайдо шавад, ба онҳо муроҷиат кунед».+ 15  Баъд Мӯсо ба кӯҳ баромад, дар ҳоле ки кӯҳро абр мепӯшонид.+ 16  Ҷалоли Яҳува+ дар кӯҳи Сино буд+ ва шаш рӯз абр онро пӯшонида буд. Дар рӯзи ҳафтум Худо аз миёни абр Мӯсоро хонд. 17  Дар назари исроилиёне, ки нигоҳ мекарданд, ҷалоли Яҳува мисли оташи сӯзоне бар қуллаи кӯҳ буд. 18  Сипас Мӯсо ба даруни абр даромада, ба кӯҳ баромад.+ Мӯсо 40 шабу 40 рӯз дар кӯҳ монд.+

Поварақҳо