2 Мӯсо 3:1-22

  • Мӯсо ва хорбуттаи даргирон (1–12)

  • Яҳува маънои номашро мекушояд (13–15)

  • Яҳува ба Мӯсо дастурот медиҳад (16–22)

3  Мӯсо чӯпони рамаи хусури* худ Итрӯ+ — коҳини Мидён, гардид. Боре ӯ рамаро ба тарафи ғарби биёбон мебурд ва ба кӯҳи Худо, ба кӯҳи Ҳӯриб,+ расид.  Он гоҳ фариштаи Яҳува дар алангаи оташ дар байни хорбуттае ба ӯ намудор гашт.+ Мӯсо ба хорбутта диққат карда дид, ки он даргирон аст, вале сӯхта тамом намешавад.  Ӯ гуфт: «Канӣ рафта, ин чизи аҷоибро бубинам, ки чаро хорбутта даргирон аст, аммо сӯхта тамом намешавад».  Вақте Яҳува дид, ки Мӯсо наздик мешавад, ба вай аз хорбутта нидо карда гуфт: «Мӯсо! Мӯсо!» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Лаббай!»  Худо гуфт: «Дигар наздик нашав. Попӯшатро бикаш, зеро ҷое, ки ту дар он истодаӣ, замини пок аст».  Худо боз гуфт: «Ман Худои падарат, Худои Иброҳим,+ Худои Исҳоқ+ ва Худои Яъқуб+ ҳастам». Он гоҳ Мӯсо рӯйи худро пӯшонид, зеро аз нигоҳ кардан ба Худо метарсид.  Яҳува ба ӯ гуфт: «Ман азобу машаққати халқамро дар замини Миср дидам ва оҳу фиғонашонро аз дасти онҳое, ки заҳмати ғуломиро бар гарданашон бор кардаанд, шунидам. Ман аз дарду азоби онҳо огоҳ ҳастам.+  Ман фуруд меоям ва онҳоро аз дасти мисриён халос мекунам.+ Ман онҳоро аз Миср берун бароварда, ба замини некуву васеъ меорам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист,+ замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён.+  Инак, доду фиғони халқи Исроил ба гӯшам расидааст ва ман зулму ситамеро, ки мисриён бар онҳо мекунанд, дидам.+ 10  Акнун, биё, ман туро назди фиръавн мефиристам ва ту халқи ман, халқи Исроилро, аз замини Миср берун мебарорӣ».+ 11  Аммо Мӯсо ба Худо гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн биравам ва исроилиёнро аз Миср берун орам?» 12  Худо ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд+ ва аломати он ки туро ман фиристодаам, чунин хоҳад буд: баъд аз он ки ту халқро аз Миср берун орӣ, шумо Худоро дар ҳамин кӯҳ+ парастиш мекунед*». 13  Аммо Мӯсо ба Худо гуфт: «Агар ман назди исроилиён раваму ба онҳо бигӯям: “Худои бобоёнатон маро назди шумо фиристод”, ва онҳо аз ман бипурсанд: “Номи ӯ чист?”,+ ба онҳо чӣ ҷавоб диҳам?» 14  Худо ба Мӯсо гуфт: «ОН КӢ ХОҲАМ, ҲАМОН МЕШАВАМ*».+ Ӯ боз илова кард: «Ба исроилиён чунин бигӯ: “МАН МЕШАВАМ маро назди шумо фиристод”».+ 15  Худо бори дигар ба Мӯсо гуфт: «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Яҳува, Худои бобоёнатон, Худои Иброҳим,+ Худои Исҳоқ+ ва Худои Яъқуб+ маро назди шумо фиристод”. Ин аст номи ман то абад+ ва маро бо ҳамин ном аз насл ба насл ёдоварӣ хоҳанд кард. 16  Акнун бирав ва тамоми пирони Исроилро ҷамъ овар ва ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои бобоёнатон, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ба ман намудор шуд ва гуфт: “Ман ҳоли зори шуморо дидам+ ва аз азобе, ки дар Миср мекашед, огоҳам. 17  Ман шуморо аз зулми мисриён халос намуда,+ ба замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён,+ фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён+ мебарам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист”.+ 18  Онҳо ба гапи ту ҳатман гӯш меандозанд+ ва туву пирони Исроил назди подшоҳи Миср рафта, бигӯед: “Яҳува, Худои ибриён,+ бо мо сухан гуфтааст. Аз ту хоҳиш мекунем, моро се рӯз ҷавоб деҳ, то ба биёбон равем* ва дар он ҷо ба Худои худ, Яҳува, қурбонӣ биёрем”.+ 19  Аммо ман медонам, ки подшоҳи Миср, то дасти пурзӯре ӯро маҷбур накунад, шуморо сар намедиҳад.+ 20  Пас, ман дасти худро дароз карда, Мисрро бо корҳои аҷоибам зарба мезанам ва баъд аз ин ӯ шуморо раҳо мекунад.+ 21  Ман тавре мекунам, ки мисриён ба шумо некӣ кунанд, ва шумо дасти холӣ аз Миср намебароед.+ 22  Ҳар зан аз ҳамсояи худ ва аз зане, ки дар хонааш зиндагӣ мекунад, нуқра, тилло ва либос бигирад. Шумо онҳоро бар писарон ва духтарони худ мепӯшонед ва чизу чораи мисриёнро ғорат мекунед».+

Поварақҳо

Ё «падарарӯси».
Ё «шумо ба Худо дар ҳамин кӯҳ хизмат мекунед».
Ниг. ба Замимаи А4.
Ё, эҳтимол, «моро ҷавоб деҳ, то роҳи серӯзаро тай карда ба биёбон равем».