2 Мӯсо 35:1-35

  • Дастурот дар бораи шанбе (1–3)

  • Хайрияҳо барои хаймаи муқаддас (4–29)

  • Басалъил ва Оҳолиоб аз рӯҳи Худо пур мешаванд (30–35)

35  Мӯсо тамоми мардуми Исроилро ҷамъ оварда, ба онҳо гуфт: «Яҳува чунин мефармояд:+  Шаш рӯз кор кунед, лекин рӯзи ҳафтум, рӯзи шанбе, барои шумо рӯзи махсус бошад, ки шумо дар он ором мегиред. Ин рӯз барои Яҳува муқаддас аст.+ Ҳар кӣ дар ин рӯз кор кунад, бояд кушта шавад.+  Дар рӯзи шанбе дар ҳеҷ ҷойи зистатон оташ дарнагиронед».  Мӯсо боз ба тамоми мардуми Исроил гуфт: «Яҳува чунин мефармояд:  “Аз байни худ барои Яҳува ҳадияе ҷамъ оред.+ Ҳар касе, ки дилаш хоҳад,+ барои Яҳува ин чизҳоро ҳадия биёрад: тилло, нуқра, мис,  риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ, катони нозук, пашми буз,+  пӯсти қӯчқор, ки ранги сурх карда бошад, пӯсти хуки обӣ*, чӯби дарахти ақоқиё,  равған барои чароғҳо, шилми хушбӯ барои равғани тадҳину* бухури хушбӯ,+  санги рухом ва дигар сангҳое, ки дар пешбанд+ ва пешовези+ саркоҳин гузошта мешаванд. 10  Бигзор ҳамаи ҳунармандон*+ аз байни шумо омада, ҳар он чиро, ки Яҳува фармудааст, тайёр кунанд: 11  хаймаи муқаддасро бо чодар ва рӯпӯши он, чангакҳо, тахтаҳо, ғалақаҳо, сутунҳо ва пояҳои сӯрохдори он; 12  сандуқ+ ва ходаҳои он,+ сарпӯш+ ва пардаи ҷудокунанда;+ 13  миз,+ ходаҳои он ва тамоми ашёи он ва нони пешкашро;+ 14  чароғпоя+ ва ашёи он, чароғҳои он ва равған барои он;+ 15  қурбонгоҳи бухурсӯзӣ+ ва ходаҳои он, равған барои тадҳин ва бухури хушбӯ,+ парда барои даромадгоҳи хаймаи муқаддас; 16  қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ+ ва панҷараи мисини он, ходаҳои он ва тамоми ашёи он; тоси шустушӯй ва пояи он;+ 17  пардаҳои овезони саҳни хайма,+ сутунҳо ва пояҳои сӯрохдори он; пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ; 18  мехҳои хаймаи ҷомеъ ва мехҳои саҳни хайма бо танобҳояшон;+ 19  либосҳои хушбофт+ барои хизмат дар муқаддасгоҳ, либосҳои муқаддаси Ҳоруни коҳин+ ва либосҳои писарони коҳинаш”». 20  Пас аз ин тамоми мардуми Исроил аз пеши Мӯсо рафт. 21  Ҳар касе, ки дилаш мехост,+ бо ҷону дил барои тайёр кардани хаймаи ҷомеъ, барои хизмат дар он ва барои либосҳои муқаддас тамоми чизҳои заруриро ба Яҳува ҳадия меовард. 22  Занону мардон бо дили пурмайлу рағбат омада, сарсӯзанҳо, гӯшворҳо, ангуштаринҳо ва ҳар гуна зару зевар меоварданд. Ҳамаи онҳо барои Яҳува аз тилло ҳадияҳо* оварданд.+ 23  Ҳар касе риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ, катони нозук, пашми буз, пӯсти қӯчқор, ки онро ранги сурх карда бошанд, ва пӯсти хуки обӣ дошт, онро меовард. 24  Ҳар касе, ки нуқра ва мис ҳадия медод, онро чун ҳадия барои Яҳува меовард ва ҳар касе, ки чӯби дарахти ақоқиё дошт, онро барои кори муқаддас меовард. 25  Ҳамаи занони ҳунарманд+ бо дасти худ мересиданд ва чизҳои ресидаашон, яъне риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозукро, меоварданд. 26  Ҳамчунин ҳамаи занони ҳунарманд, ки дилашон майл дошт, пашми буз мересиданд. 27  Сардорони қабилаҳо санги рухом ва сангҳои дигаре оварданд, то дар пешбанд ва пешовез гузошта шаванд.+ 28  Онҳо ҳамчунин шилми хушбӯ ва равған барои чароғҳо, барои тайёр кардани равғани тадҳину бухури хушбӯй оварданд.+ 29  Ҳамаи мардону заноне, ки дилашон майл дошт, барои коре, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо фармуда буд, ҳар гуна чиз оварданд. Исроилиён ин чизҳоро барои Яҳува чун ҳадияҳои ихтиёрӣ оварданд.+ 30  Сипас Мӯсо ба исроилиён гуфт: «Инак, Яҳува Басалъили писари Урӣ, писари Ҳурро, ки аз қабилаи Яҳудо аст, интихоб кардааст.+ 31  Худо ӯро аз рӯҳи худ пур карда, ба ӯ хирад ва фаҳму дониши ҳар гуна ҳунарро ато намудааст, 32  то нақшаҳо кашад, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад, 33  сангҳоро тарошида, ҷобаҷо гузорад ва ҳар навъ корҳои дуредгариро ба ҷо орад. 34  Худо дар дили ӯ ва Оҳолиоб,+ писари Аҳисомак, ки аз қабилаи Дон аст, қобилияти таълим доданро гузоштааст. 35  Ӯ ба онҳо ҳунар додааст,+ то ҳар гуна кор аз дасташон ояд, то гулдӯзӣ кунанд, бо риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозук бибофанд ва зеҳдӯзӣ кунанд. Ин мардон ҳама гуна корро ба ҷо меоранд ва ҳамаи нақшаҳоро тайёр мекунанд.

Поварақҳо

Яъне тюлен.
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «донодилон».
Ё «ҳадияҳои ҷунбониданӣ».