2 Мӯсо 36:1-38
36 Басалъил ҳамроҳи Оҳолиоб ва ҳамаи дигар ҳунармандоне* кор мекунад, ки Яҳува ба онҳо хираду фаҳмиш додааст, то тамоми корҳои бо хизмати муқаддас алоқамандро, ҳамон тавре ки Яҳува гуфтааст, ба ҷо оранд».+
2 Мӯсо Басалъил, Оҳолиоб ва тамоми ҳунармандонеро, ки Яҳува ба онҳо хирад бахшида буд,+ ҳамаи онҳоеро, ки ба кардани ин кор майлу рағбат доштанд, даъват кард.+
3 Баъд онҳо аз Мӯсо тамоми ҳадияҳоеро,+ ки исроилиён барои кори хизмати муқаддас оварда буданд, гирифтанд. Лекин мардум то ҳол ҳар саҳар ҳадияҳои ихтиёрӣ меоварданд.
4 Баъди он ки онҳо кори муқаддасро сар карданд, ҳамаи ҳунармандон пайи ҳам омадан гирифтанд
5 ва ба Мӯсо мегуфтанд: «Мардум аз он чизе, ки барои кори фармудаи Яҳува лозим аст, хеле бештар оварда истодааст».
6 Пас Мӯсо фармуд, ки дар тамоми хаймагоҳ эълон шавад: «Эй мардону занон, барои кори муқаддас дигар ҳадия наоред». Инро шунида халқ ҳадия оварданро бас кард.
7 Ҳадияҳо барои иҷрои тамоми кор басанда ва ҳатто зиёдатӣ буданд.
8 Ҳамаи ҳунармандон+ хаймаи муқаддасро+ аз даҳ чодари аз катони нозуки хушбофт, риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувонӣ дӯхташуда тайёр карданд. Ӯ* бошад, бар онҳо нақши фариштагони каррубиро гулдӯзӣ кард.+
9 Дарозии ҳар як чодар 28 газ* буд ва паҳнияш 4 газ. Андозаи ҳама чодарҳо як хел буд.
10 Сипас ӯ панҷ чодарро ба якдигар пайваст кард ва панҷ чодари дигарро низ ба ҳам пайваст, ба тавре ки ду чодари калоне ҳосил шуд.
11 Баъди ин ӯ дар канори чодари калони аввал ҳалқаҳое аз риштаи кабуд дӯхт. Ӯ дар канори чодари дуюм низ ҳамин тавр кард, то ҳар ду чодарро бо ҳам пайваст карда шавад.
12 Бар канори ҳар ду чодар 50-тогӣ ҳалқа дӯхт, то ҳалқаҳои як чодар ба ҳалқаҳои чодари дуюм рост ояд ва онҳоро бо ҳам пайваст карда шавад.
13 Баъд ӯ 50 чангаки тиллоӣ сохт ва чодарҳоро бо чангакҳо ба якдигар пайваст кард ва хайма яклухт шуд.
14 Баъд ӯ барои пӯшонидани хайма чодари дигаре аз пашми буз тайёр кард. Ӯ 11 чодар тайёр кард.+
15 Дарозии ҳар як чодар 30 газ буду паҳнияш 4 газ. Андозаи ҳар 11 чодар як хел буд.
16 Сипас ӯ панҷ чодарро алоҳида пайваст кард, то чодари калоне ҳосил шавад ва шаш чодари дигарро алоҳида пайваст кард, то чодари калони дигаре ҳосил шавад.
17 Ӯ ба канори ҳар ду чодари калон 50-тогӣ ҳалқа дӯхт, то ҳалқаҳои як чодарро ба ҳалқаҳои чодари дуюм пайваст карда шавад
18 ва барои пайваст кардани чодарҳо 50 чангаки мисин сохт, то чодарҳо яклухт шаванд.
19 Ӯ рӯпӯше барои хайма аз пӯсти қӯчқор, ки онро ранги сурх карда буданд, сохт ва аз болои он рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ*.+
20 Баъд ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё+ тахтаҳое сохт, то дар хаймаи муқаддас рост гузошта шаванд.+
21 Баландии ҳар як тахта даҳ газ буду бараш яку ним газ.
22 Ҳар як тахта ду дандона дошт, ки бо якдигар пайваст буданд. Ҳама тахтаҳои хаймаи муқаддас дутогӣ дандона доштанд.
23 Ӯ барои тарафи ҷанубии хайма 20 тахта сохт.
24 Ӯ 40-то пояи нуқрагини сӯрохдор сохт, то онҳоро зери 20 тахта гузоранд: барои ҳар як тахтаву ду дандонаи ҳар тахта ду пояи сӯрохдор.+
25 Барои тарафи дигари хаймаи муқаддас, барои тарафи шимолии он, 20 тахта сохт.
26 Барои он 20 тахта 40 пояи сӯрохдори нуқрагин тайёр кард: зери ҳар тахта ду пояи сӯрохдор.
27 Ӯ барои қисми қафои хаймаи муқаддас, барои тарафи ғарбии он, шаш тахта сохт.+
28 Барои ду кунҷи қафои хайма аз тахтаҳо ду танба* сохт.
29 Ҳар танба аз ду тахта иборат буд. Ду тахта аз поён сар шуда, дар боло, назди ҳалқаи якум, пайваст мешуд. Ҳар ду танба ҳамин тавр сохта шуд.
30 Ӯ ҳамагӣ ҳашт тахта ва 16 пояи сӯрохдори нуқрагин барои онҳо тайёр кард, то зери ҳар як тахта ду пояи сӯрохдор бошад.
31 Баъд ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё ғалақаҳо сохт: барои пайваст кардани тахтаҳои як тарафи хаймаи муқаддас панҷто ғалақа,+
32 барои пайваст кардани тахтаҳои тарафи дигари хайма панҷто ғалақа ва барои пайваст кардани тахтаҳои тарафи ғарбӣ, яъне тахтаҳои ақиби хайма, панҷто ғалақа.
33 Ӯ ғалақаи миёнаро сохт, то аз байни тахтаҳо, аз ҳалқаҳои пушти онҳо, аз як канор то канори дигар гузашта равад.
34 Тахтаҳоро бошад, бо тилло пӯшонд ва барои гузаронидани ғалақаҳо ҳалқаҳои тиллоӣ сохт ва ғалақаҳоро бо тилло пӯшонд.+
35 Сипас аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт пардае дӯхт+ ва бар он нақши фариштагони каррубиро+ гулдӯзӣ кард.+
36 Ӯ барои парда чор сутуне аз дарахти ақоқиё сохт ва онҳоро бо тилло пӯшонид. Ӯ барои сутунҳо боз мехҳое аз тилло ва чор пояи сӯрохдори нуқрагин сохт.
37 Ӯ барои даромадгоҳи хайма пардае аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт сохт.+
38 Ҳамчунин барои он парда панҷ сутун ва мехҳо сохт. Ӯ болои ин сутунҳо ва пайвандакҳои онҳоро бо тилло пӯшонид, аммо панҷ пояи сӯрохдори он аз мис буданд.
Поварақҳо
^ Ё «донодилоне».
^ Аз афташ, Басалъил.
^ Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне тюлен.
^ Танба — чӯбе, ки онро ба чизе чун такя мегузоранд, тиргак.