2 Мӯсо 39:1-43

  • Тайёр кардани либосҳои коҳин (1)

  • Пешбанд (2–7)

  • Пешовез (8–21)

  • Куртаи беостин (22–26)

  • Либосҳои дигари коҳин (27–29)

  • Лавҳаи тиллоӣ (30, 31)

  • Мӯсо хаймаи муқаддасро аз назар мегузаронад (32–43)

39  Онҳо аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувонӣ+ барои хизмат дар ҷойи муқаддас либосҳои хушбофт бофтанд. Онҳо, чи хеле ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, либосҳои муқаддаси Ҳорунро бофтанд.+  Ӯ пешбандро+ аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт тайёр кард.  Онҳо лавҳаҳои тиллоро кӯфта, аз онҳо тунукаҳо сохтанд. Аз ин тунукаҳои тиллоӣ ӯ ришта бурид ва аз ин риштаҳо ва риштаи кабуду пашми бунафшрангу матои арғувониву катони нозук бар пешбанд гулдӯзӣ кард.  Онҳо барои пешбанд китфпӯшакҳо карданд ва онҳоро аз ду кунҷи он пайваст карданд.  Камарбанд низ, ки ба пешбанд барои мустаҳкам нигоҳ доштани он баста мешавад,+ аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт бофта шуд, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.  Сипас онҳо сангҳои рухомро бар нигинхонаҳои тиллоӣ андохтанд ва бар сангҳо номҳои писарони Исроилро, мисли он ки бар муҳр нақше метарошанд, кандакорӣ намуданд.+  Ӯ он ду сангро, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, бар китфпӯшакҳои пешбанд чун ёдоварии писарони Исроил гузошт.+  Пас аз ин пешовезро+ тайёр кард ва бар он гулдӯзӣ намуд. Ӯ онро низ мисли пешбанд аз тилло, риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт дӯхт.+  Онҳо пешовезро тавре сохтанд, ки вақте онро дуқат кунӣ, он чоркунҷа мегардад ва дарозиву бараш як ваҷаб* мешавад. 10  Онҳо бар он сангҳоро дар чор қатор чиданд. Дар қатори аввал санги лаъл, ёқути зард ва зумуррадро чиданд, 11  дар қатори дуюм фирӯза, ёқути кабуд ва яшм, 12  дар қатори сеюм лешем*, ақиқ ва ҷамаст 13  ва дар қатори чорум забарҷад, рухом ва яшми сабз. Онҳоро бар нигинхонаҳои тиллоӣ часпонданд. 14  Сангҳо мувофиқи номҳои 12 писари Исроил буданд. Бар ҳар санг номи яке аз 12 писарони Исроил, мисли он ки бар муҳр метарошанд, кандакорӣ карда шуд. 15  Сипас онҳо бар пешовез занҷирҳое ба шакли таноби печида аз тиллои тоза сохтанд.+ 16  Онҳо боз ду нигинхонаи тиллоӣ ва ду ҳалқаи тиллоӣ сохтанд ва ду ҳалқаро ба ду кунҷи пешовез часпонданд. 17  Баъд аз ин онҳо ду таноби тиллоиро аз ду ҳалқае, ки бар ду кунҷи пешовез аст, гузаронданд. 18  Онҳо ду нӯги ду танобро аз нигинхонаҳо гузаронда, ба китфпӯшакҳои пешбанд аз пеши он часпонданд. 19  Сипас онҳо ду ҳалқаи тилло сохтанд ва онҳоро аз пушти пешовез, аз ду кунҷи он, байни пешовезу пешбанд, часпонданд.+ 20  Баъд аз ин онҳо болотар аз ҷое ки камарбанд ба пешбанд пайваст мешавад, яъне дар рӯйи пешбанд, дар таги ду китфпӯшак, боз ду ҳалқаи тилло сохтанд. 21  Дар охир ҳалқаҳои пешовезро бо таноби кабуд ба ҳалқаҳои пешбанд пайваст карданд, то пешовез бар пешбанд бар болои камарбанд маҳкам истад. Онҳо онро, чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, ҳамон тавр карданд. 22  Ӯ барои пешбанд куртаи беостине, ки фақат аз риштаи кабуд буд, бо санъати бофандагӣ тайёр кард.+ 23  Дар миёнаи он барои даровардани сар мисли гиребони зиреҳ чоке буд. Чоки гиребони ин курта зеҳдӯзӣ карда шуд, то надарад. 24  Сипас онҳо риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувониро тофта, аз онҳо анорҳо сохтанд ва онҳоро бар лаби домани куртаи беостин часпонданд. 25  Онҳо зангӯлачаҳое аз тиллои тоза сохтанд ва онҳоро байни анорҳо гирдогирди домани куртаи беостин часпонданд. 26  Гирдогирди домани куртаи беостин дум ба дум анору зангӯлачаи тиллоӣ овехта шуд: якто анор, баъди он якто зангӯла, якто анор ва баъдаш як зангӯла. Ин курта барои хизмати муқаддас, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, сохта шуд. 27  Онҳо барои Ҳорун ва писаронаш аз катони нозук бо санъати бофандагӣ куртаҳо,+ 28  аз катони нозук саллаву+ кулоҳи+ зебо ва аз катони хушбофт эзорҳо+ тайёр карданд. 29  Онҳо ҳамчунин аз катони нозуки хушбофт, риштаи кабуд, пашми бунафшранг ва матои арғувонӣ, ки ҳамааш якҷоя тофта шуда буд, миёнбанд тайёр карданд. Онҳо онро айнан ҳамон тавре карданд, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 30  Дар охир аз лавҳаи тиллои тозаи ялаққосӣ аломати муқаддасро* сохтанд ва бар он, мисли он ки бар муҳр кандакорӣ мекунанд, чунин навиштаҷотро тарошиданд: «Покӣ аз они Яҳува аст».+ 31  Онҳо онро ба танобе аз риштаи кабуд пайваст намуданд, то бар салла гузошта шавад. Онҳо онро айнан ҳамон тавре карданд, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 32  Ҳама кори хаймаи муқаддас, яъне хаймаи ҷомеъ, тамом шуд ва исроилиён ҳар он чиро, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, ба ҷо оварданд. Онҳо айнан ҳамон тавре карданд, ки Худо гуфта буд.+ 33  Сипас онҳо тамоми қисмҳои хаймаи муқаддас,+ яъне ашёи зеринро, назди Мӯсо оварданд: чангакҳо,+ тахтаҳо,+ ғалақаҳо,+ сутунҳо, пояҳои сӯрохдор,+ 34  рӯпӯши аз пӯсти қӯчқор, ки онро ранги сурх карда буданд,+ рӯпӯши аз пӯсти хуки обӣ*, пардаи ҷудокунанда,+ 35  сандуқи шаҳодат ва ходаҳову+ сарпӯши он,+ 36  мизу тамоми ашёи он+ бо нони пешкаш, 37  чароғпояи аз тиллои тоза бо чароғҳояш+ (чароғҳое, ки қаторак ҷойгир шудаанд) ва бо тамоми ашёву+ равғанаш,+ 38  қурбонгоҳи тиллоӣ,+ равғани тадҳин*,+ бухури хушбӯ,+ парда+ барои даромадгоҳи хайма, 39  қурбонгоҳи мисин+ ва панҷараи мисин бо ходаҳову+ тамоми ашёи он,+ тоси шустушӯю пояи он,+ 40  пардаҳои овезони саҳн бо сутунҳову пояҳои сӯрохдори он,+ пардаи даромадгоҳи саҳн,+ мехҳову+ танобҳои чодарҳо ва тамоми ашёи хизмати хаймаи муқаддас, яъне хаймаи ҷомеъ, 41  ва либосҳои хушбофт барои хизмат дар муқаддасгоҳ, либосҳои муқаддаси Ҳоруни коҳину либосҳои писарони коҳинашро.+ 42  Исроилиён айнан ҳамон тавре амал карданд, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.+ 43  Вақте Мӯсо тамоми кори онҳоро аз назар гузаронд, дид, ки онҳо айнан ҳамон тавре карданд, ки Яҳува фармуда буд. Сипас Мӯсо барои онҳо аз Худо баракат хост.

Поварақҳо

Як ваҷаб тахминан ба 22,2 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Лешем — санги номаълуме, ки ба тахминҳои гуногун ба қаҳрабо, гиатсинт, ақиқ ва ё турмолин ишора карда метавонад.
Ё «аломати муқаддаси ба Худо бахшида шуданашро».
Яъне тюлен.
Тадҳин — ниг. ба луғат.