3 Подшоҳон 11:1-43

  • Занони Сулаймон ӯро аз Худо дур мекунанд (1–13)

  • Душманони Сулаймон (14–25)

  • Ёробъом соҳиби даҳ қабила хоҳад шуд (26–40)

  • Сулаймон мемирад; Раҳабъом шоҳ мешавад (41–43)

11  Шоҳ Сулаймон ба ғайр аз духтари фиръавн+ занони бегонаи бисёре:+ занони мӯобӣ,+ аммӯнӣ,+ адӯмӣ, сидӯнӣ+ ва ҳиттиро+ дӯст дошт.  Онҳо аз халқҳое буданд, ки Яҳува дар бораашон ба исроилиён гуфта буд: «Бо онҳо омехта нашавед*, зеро онҳо, бешубҳа, шуморо ба пайравӣ кардани худоёнашон моил мекунанд».+ Вале Сулаймон ба занонаш часпид ва онҳоро дӯст дошт.  Сулаймон 700 зани малика ва 300 суррия дошт ва онҳо оҳиста-оҳиста ӯро аз роҳ заданд*.  Занони Сулаймон дили ӯро дар пиронсолиаш+ ба пайравӣ кардани худоёни дигар моил карданд+ ва дили ӯ дигар мисли дили падараш Довуд пурра бо Худояш Яҳува набуд.  Сулаймон Аштора,+ олиҳаи сидӯниён, ва Милкӯм,+ худои нафратангези аммӯниёнро, пайравӣ кард.  Ӯ он чизеро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба ҷо овард ва мисли падараш Довуд пурра Яҳуваро пайравӣ накард.+  Дар он вақт Сулаймон барои Камуш, худои нафратангези Мӯоб, дар кӯҳи рӯ ба рӯйи Ерусалим ва барои Мӯлик*,+ худои нафратангези аммӯниён,+ баландиҳо сохт.+  Ӯ барои ҳамаи занони бегонааш, ки ба худоёнашон қурбониҳо сӯзонида, дуд мекарданд, чунин карда буд.  Яҳува аз Сулаймон дарғазаб шуд, зеро дилаш аз Яҳува, Худои Исроил, ки ба ӯ ду бор намудор гашта буд,+ дур шуд.+ 10  Худо ӯро огоҳ карда буд, ки аз паси худоёни дигар наравад,+ аммо ӯ ба амри Яҳува гӯш надод. 11  Яҳува ба Сулаймон гуфт: «Азбаски ту ин тавр амал карда, аҳд ва фармудаҳои маро шикастӣ, ман подшоҳиро ҳатман аз дасти ту кашида мегирам ва онро ба яке аз ходимони ту медиҳам.+ 12  Вале ба хотири падарат Довуд, ман инро дар рӯзҳои ҳаёти ту намекунам, балки онро аз дасти писарат кашида мегирам.+ 13  Лекин ман тамоми подшоҳиро намегирам+ — як қабиларо ба хотири бандаам Довуд ва ба хотири Ерусалим, ки онро интихоб кардаам,+ ба писарат медиҳам».+ 14  Сипас Яҳува бар зидди Сулаймон+ душманеро, Ҳадади адӯмиро, ки аз насли подшоҳи Адӯм буд, бархезонид.+ 15  Вақте Довуд Адӯмро шикаст дод,+ Юоби сарлашкар рафта, мурдагонро гӯр кард ва тамоми мардинаи Адӯмро куштанӣ буд. 16  (Юоб ва тамоми Исроил шаш моҳ дар он ҷо монданд, то даме ки тамоми мардинаи Адӯмро куштанд.) 17  Вале Ҳадад бо якчанд ходими адӯмии падараш гурехта, ба Миср рафт. Он вақт Ҳадад писари хурдсоле буд. 18  Онҳо аз Мидён баромада, ба Форон+ омаданд ва дар он ҷо баъзе одамонро ҳамроҳи худ гирифта, ба Миср, ба назди фиръавни подшоҳи Миср омаданд. Фиръавн ба ӯ хонаву замин дод ва ӯро бо хӯрок таъмин мекард. 19  Ҳадад дар назари фиръавн чунон писанд омад, ки ӯ ба вай хоҳари занаш, яъне хоҳари Таҳфаниси маликаро, ба занӣ дод. 20  Пас аз чанде хоҳари Таҳфанис барои шавҳари худ писараш Ҷанубатро таваллуд кард. Таҳфанис писаракро дар хонаи фиръавн ба воя расонд* ва Ҷанубат дар хонаи фиръавн ҳамроҳи писарони фиръавн мезист. 21  Ҳадад дар Миср шунид, ки Довуд ором гирифта бо бобоёни худ хобидааст+ ва Юоби сарлашкар мурдааст.+ Ӯ ба фиръавн гуфт: «Ба ман иҷозат деҳ, ки ба замини худ баргардам». 22  Фиръавн ба Ҳадад гуфт: «Оё ту дар назди ман ягон камие дорӣ ки, ба замини худ баргаштан мехоҳӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Не, надорам, лекин, илтимос, иҷозат деҳ, ки равам». 23  Худо бар зидди Сулаймон ҳамчунин душмани дигареро, Разӯни писари Элиёдоъро, ки аз хоҷааш, Ҳададозари+ подшоҳи Сӯбо, гурехта буд, бархезонид.+ 24  Вақте Довуд мардони Сӯборо шикаст дод,+ Разӯн одамонро дар гирди худ ҷамъ овард ва сардори дастае шуд, ки тохтутоз мекард. Онҳо ба Димишқ+ рафтанд ва дар он ҷо сокин шуда, ҳукмронӣ мекарданд. 25  Ӯ дар тамоми рӯзҳои Сулаймон ба Исроил муқобил баромада, зарар мерасонд, чуноне ки Ҳадад мекард ва ӯ, то он вақте ки дар Арам* ҳукмрон буд, аз Исроил нафрат дошт. 26  Ёробъоми+ писари Набот, эфроимие аз Саредо, писари Саруо ном бевазане, ходими Сулаймон+ буд. Ӯ низ бар зидди подшоҳ баромад.+ 27  Чунин аст нақли бар зидди подшоҳ баромадани ӯ: Сулаймон Хокрезро*+ сохт ва рахнаеро дар Шаҳри Довуди падараш маҳкам кард.+ 28  Ёробъом марди кордон буд. Вақте Сулаймон дид, ки ин ҷавон меҳнатӣ аст, ӯро бар тамоми коргарони хонадони Юсуф, ки хизмати маҷбуриро ба ҷо меоварданд, нозир+ таъйин кард. 29  Дар он вақт Ёробъом аз Ерусалим баромад ва Аҳиёи+ шилӯнии пайғамбар ӯро дар роҳ вохӯрд. Аҳиё ҷомаи нав дар тан дошт ва ба ғайр аз ҳар дуи онҳо касе дар саҳро набуд. 30  Аҳиё ҷомаи нави танашро гирифта, 12 пора кард. 31  Сипас ба Ёробъом гуфт: «Ин даҳ пораро барои худ бигир, зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман подшоҳиро аз дасти Сулаймон кашида мегирам ва даҳ қабиларо ба ту медиҳам.+ 32  Вале як қабила+ ба хотири бандаам Довуд+ ва ба хотири Ерусалим, шаҳре, ки онро дар миёни ҳамаи қабилаҳои Исроил интихоб кардаам,+ дар дасти ӯ хоҳад монд. 33  Ман ин корро аз он сабаб мекунам, ки онҳо маро тарк карданд+ ва ба Аштора — олиҳаи сидӯниён, Камуш — худои Мӯоб, ва Милкӯм — худои аммӯниён, саҷда бурданд ва бо роҳҳои ман равона нашуданд ва мисли Довуди падари Сулаймон он чиро, ки дар назари ман дуруст аст, ба ҷо наоварданд ва фармудаву ҳукмҳои маро риоя накарданд. 34  Вале ман тамоми подшоҳиро аз дасти ӯ намегирам. Ба хотири бандаам Довуд, ки ӯро интихоб карда будаму+ ба амру фармудаҳои ман гӯш медод, Сулаймон тамоми рӯзҳои умраш сарвар хоҳад монд. 35  Аммо ман подшоҳиро аз дасти писараш мегирам ва онро, яъне даҳ қабиларо, ба ту медиҳам.+ 36  Ба писараш ман як қабиларо медиҳам, то барои бандаам Довуд дар Ерусалим, дар шаҳре, ки ман интихоб кардаам ва номи худро бар он гузоштам, ҳамеша дар ҳузури ман чароғе бошад.+ 37  Ман туро интихоб мекунам ва ту бар ҳар чизе, ки ҷонат орзу дорад, ҳукмронӣ хоҳӣ кард ва подшоҳи Исроил хоҳӣ шуд. 38  Агар ту мисли бандаам Довуд+ ба тамоми амрҳои ман гӯш диҳӣ ва бо роҳҳои ман равона шуда он чизеро, ки дар назарам дуруст аст, ба ҷо орӣ ва фармудаҳову амрҳои маро риоя намоӣ, ман бо ту низ хоҳам буд. Ман бароят хонаи пойдоре барпо мекунам, чуноне ки барои Довуд кардаам,+ ва Исроилро ба ту медиҳам. 39  Ман насли Довудро ба ин сабаб паст мезанам,+ лекин на ҳамеша чунин хоҳад буд”».+ 40  Сулаймон Ёробъомро ба қатл расонданӣ буд, аммо Ёробъом ба Миср, ба назди Шишақи+ подшоҳи Миср,+ гурехт ва то марги Сулаймон дар он ҷо буд. 41  Воқеаҳои дигари ҳаёти Сулаймон, тамоми корҳо ва хиради ӯ, дар таърихномаи Сулаймон навишта шудааст.+ 42  Сулаймон дар Ерусалим бар тамоми Исроил 40 сол ҳукмронӣ кард. 43  Оқибат Сулаймон ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Шаҳри Довуди падараш гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Раҳабъом+ подшоҳ шуд.

Поварақҳо

Ё «Бо онҳо оиладор нашавед».
Ё «онҳо ба ӯ таъсири сахт доштанд».
Мӯлик — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «аз сина ҷудо кард».
Ё «Сурия».
Ё «Миллӯро». Калимаи иброние, ки маънояш «пуршуда» аст.