4 Мӯсо 25:1-18

  • Исроилиён бо занони Мӯоб гуноҳ мекунанд (1–5)

  • Финҳос амал мекунад (6–18)

25  Вақте Исроил дар Шиттим+ зиндагӣ мекард, мардум бо духтарони Мӯоб зино кардан гирифтанд.+  Занон мардумро даъват мекарданд, то ҳамроҳашон ба худоёни онҳо қурбонӣ биёранд.+ Мардум аз қурбониҳои онҳо хӯрда, ба худоёнашон саҷда намуданро сар карданд.+  Ҳамин тавр Исроил ба парастиши Баали Фаӯр+ ҳамроҳ шуд* ва хашми Яҳува бар Исроил аланга зад.  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Тамоми пешвоёни ин мардумро бигир ва онҳоро пеши назари Яҳува, дар рӯзи равшан*, биовез, то оташи хашми Яҳува бар Исроил хомӯш гардад».  Мӯсо ба доварони Исроил+ гуфт: «Ҳар яки шумо бояд одамони худро, ки ба парастиши Баали Фаӯр ҳамроҳ шудаанд*, бикушед».+  Дар ҳамин вақт яке аз исроилиён дар пеши назари Мӯсо ва тамоми мардум, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ мегиристанд, зани мидёниеро+ ба хаймагоҳ овард.  Ҳамин ки Финҳос,+ писари Элъозор, писари Ҳоруни коҳин, инро дид, дарҳол аз миёни мардум бархоста, найзаеро ба даст гирифт.  Сипас ӯ аз паси он марди исроилӣ ба хайма даромада, бар ҳар дуи онҳо найзаро халонид; ӯ он зани мӯобиро бар узвҳои ҷинсияш найза халонид. Он гоҳ вабое, ки бар сари исроилиён омада буд, бозистод.+  Онҳое, ки аз вабо мурданд, 24 000 нафар буданд.+ 10  Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт: 11  «Финҳос,+ писари Элъозор, писари Ҳоруни коҳин, ғазаби маро аз мардуми Исроил дур кард, чунки ӯ аз хиёнат нисбати ман дар миёни исроилиён чашм напӯшид*.+ Вагарна ман, ки вафодории бекаму костро металабам,+ метавонистам исроилиёнро несту нобуд созам. 12  Аз ин рӯ бигӯ: “Ман бо ӯ аҳди сулҳ мебандам. 13  Ин барои ӯ ва барои насли ӯ+ аҳди коҳинии бардавом хоҳад буд, зеро ӯ аз хиёнат нисбати Худояш чашм напӯшид*+ ва ӯ барои мардуми Исроил товон дод”». 14  Номи он марди исроилие, ки ҳамроҳи зани мидёнӣ кушта шуд, Зимрӣ, писари Солу, буд. Ӯ сардори хонадони шимъӯниён буд. 15  Номи он зани мидёние, ки кушта шуд, Козбӣ буд. Падари вай Сур+ ном дошт ва ӯ сардори қабилае дар Мидён+ буд. 16  Яҳува баъдтар ба Мӯсо гуфт: 17  «Мидёниёнро ба ҳоли худ нагузоред ва онҳоро зарба занед,+ 18  зеро онҳо макру ҳиларо ба кор бурда, шуморо дар масъалаи Фаӯр ба гуноҳ тела доданд+ ва бар саратон бало оварданд. Онҳо ҳамчунин ба воситаи Козбии духтари сардори қабилаи Мидён, ки дар рӯзи сар задани вабо аз сабаби масъалаи Фаӯр кушта шуд,+ шуморо ба гуноҳ тела доданд».

Поварақҳо

Ё «пайваст».
Дар матни асл «дар пеши офтоб».
Ё «пайвастаанд».
Ё «нагузошт, ки дар миёни исроилиён касеро ба ман баробар кунанд».
Ё «нагузошт, ки касеро ба Худояш баробар кунанд».