5 Мӯсо 13:1-18
-
Муносибат ба хиёнаткорон (1–18)
13 Агар аз миёни ту пайғамбаре ё шахсе пайдо шавад, ки ба воситаи хобҳо пешгӯйӣ мекунад ва аломате нишон диҳад ё чизеро пешгӯйӣ кунад,
2 ва он аломат ва чизе, ки ӯ пешгӯйӣ мекунад, иҷро шавад ва ӯ бигӯяд: “Рафтем, аз пайи худоёни дигаре меравем,— худоёне, ки онҳоро намешиносӣ,— ва онҳоро парастиш мекунем”,
3 ту ба суханони он пайғамбар ё шахсе, ки ба воситаи хобҳо пешгӯйӣ мекунад, гӯш надеҳ,+ зеро Худоятон Яҳува шуморо месанҷад,+ то бидонад, ки оё шумо Худоятон Яҳуваро бо тамоми дилу ҷон дӯст медоред ё не.+
4 Шумо бояд аз пайи Худоятон Яҳува равона шавед, аз ӯ тарсон бошед, амрҳояшро ба ҷо оред, ба овозаш гӯш диҳед, ӯро парастиш кунед ва ба ӯ бичаспед.+
5 Лекин он пайғамбар ё шахсе, ки ба воситаи хобҳо пешгӯйӣ мекунад, бояд кушта шавад,+ зеро ӯ шуморо бар зидди Худоятон Яҳува бархезондааст, Худое, ки шуморо аз замини Миср берун овард ва аз хонаи ғуломӣ раҳо кард*. Ӯ туро аз роҳе, ки Худоят Яҳува ба ту фармуд, ки бо он биравӣ, дур карданист. Бадиро аз миёни худ дур соз.+
6 Агар бародарат, ки писари модари туст ё писарат ё духтарат, зани азизат ё дӯсти ҷониат туро пинҳонӣ гумроҳ карданӣ шуда бигӯяд: “Рафтем, худоёни дигарро парастиш кунем”,+ худоёнеро, ки тую бобоёнат намешинохтед,
7 худоёни халқҳоеро, ки дар гирду атрофи шумоянд, халқҳои дуру наздикро, аз як канори замин то канори дигари он,
8 ту ба гапаш розӣ нашав, ба ӯ гӯш надеҳ+ ва ба ӯ раҳм накун. Ба ӯ дилат насӯзад ва пушташро нагир,
9 балки ҳатман бикуш.+ Бигзор барои куштани ӯ аввал дасти ту дароз шавад, баъд дасти тамоми мардум.+
10 Ӯро то мурданаш сангсор кун,+ чунки ӯ хост туро аз Худоят Яҳува, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардааст, дур созад.
11 Он гоҳ тамоми Исроил инро шунида, метарсад ва минбаъд чунин бадкорӣ дар миёни шумо карда намешавад.+
12 Агар шунавӣ, ки дар яке аз шаҳрҳоят, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, чунин воқеа рӯй диҳад:
13 одамони нобакор аз миёни ту баромада, халқро аз роҳи рост дур карданӣ шуда чунин гӯянд: “Биёед рафта, худоёни дигарро парастиш кунем”, яъне худоёнеро, ки шумо намешинохтед,
14 ту бояд масъаларо дида бароӣ ва онро нағзакак тафтиш кунӣ ва дар ин бора пурсуҷӯ намоӣ.+ Агар маълум шавад, ки чунин кори нафратангез дар ҳақиқат дар миёни ту рӯй додааст,
15 мардуми он шаҳрро ҳатман аз дами шамшер гузарон.+ Шаҳрро бо чорво ва ҳар он чӣ дар он аст, аз дами шамшер гузарон ва ба нестӣ бисупор.+
16 Тамоми ғанимати шаҳрро дар миёни майдони шаҳр ҷамъ оварда, шаҳрро оташ бизан ва ғанимати он барои Худоят Яҳува қурбонии яклухт хоҳад буд. Ин шаҳр то абад харобазор мегардад ва он набояд бори дигар бино шавад.
17 Аз он чизе, ки ба нестӣ супурда мешавад,+ чизе ба дастат нагир, то оташи ғазаби Яҳува хомӯш шавад ва ӯ ба ту раҳму шафқат кунад ва туро сершумор гардонад, ҳамон тавре ки ба бобоёнат қасам хӯрда буд.+
18 Ба овози Худоят Яҳува гӯш деҳ, тамоми амрҳояшро, ки имрӯз ба ту мефармоям, иҷро кун ва ҳамин тавр чизеро, ки дар назари Худоят Яҳува дуруст аст, ба ҷо ор.+
Поварақҳо
^ Ё «бозхарид».