5 Мӯсо 16:1-22
16 Моҳи абибро* риоя кун ва Иди Раҳоиро, иди Худоят Яҳуваро, ҷашн бигир,+ зеро дар моҳи абиб Худоят Яҳува туро шабона аз Миср берун овардааст.+
2 Аз молу говат+ барои Худоят Яҳува қурбонии Иди Раҳоиро биёр. Онро, дар ҷое ки Яҳува чун ҷойгоҳи номаш хуш кунад,+ қурбон кун.+
3 Бо он ҳеҷ чизи хамиртурушдор нахӯр.+ Ҳафт рӯз фатир* — нони азоб бихӯр, зеро ту саросемавор аз замини Миср берун омадӣ.+ Чунин бикун, то рӯзеро, ки дар он аз замини Миср берун омадӣ, тамоми умри худ дар хотир дорӣ.+
4 Дар муддати ҳафт рӯз дар тамоми замини ту набояд ҳеҷ гуна хамиртуруш ёфт шавад+ ва аз гӯште, ки ту онро бегоҳи рӯзи якум қурбонӣ меорӣ, то саҳар набояд чизе бимонад.+
5 Ту наметавонӣ дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, дар кадом шаҳре, ки хоҳӣ, қурбонии Иди Раҳоиро биёрӣ.
6 Онро дар ҷое биёр, ки Худоят Яҳува чун ҷойгоҳи номаш хуш кунад. Қурбонии Иди Раҳоиро, ҳамин ки офтоб нишинад, бегоҳ,+ дар вақти муқарраршуда, яъне вақте, ки аз Миср берун омада будӣ, биёр.
7 Онро, дар ҷое ки Худоят Яҳува интихоб намояд,+ бипаз ва бихӯр+ ва саҳарӣ ҳар яке метавонад ба хаймаи худ баргардад.
8 Шаш рӯз фатир бихӯр ва дар рӯзи ҳафтум барои Худоят Яҳува ҷамъомади махсус мешавад. Дар он рӯз ҳеҷ гуна кор накун.+
9 Аз вақте ки досатро кор фармуда даравро сар кунӣ, ҳафт ҳафта бишумор.+
10 Сипас барои Худоят Яҳува Иди Ҳафтаҳоро ҷашн бигир+ ва мувофиқи баракате, ки Худоят Яҳува ба ту бидиҳад, ҳадияи ихтиёрии дастонатро пешкаш намо.+
11 Ту, писарат, духтарат, ғуломат, канизат, левизодае, ки дар шаҳрҳои ту зиндагӣ мекунад, ғариб, ятим ва бевазане, ки дар миёни туст, ба ҳузури Худоят Яҳува, дар ҷое ки Худоят Яҳува чун ҷойгоҳи номаш хуш кунад, хурсандӣ намоед.+
12 Дар хотир дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ,+ ва ин дастурҳоро риоя намою иҷро кун.
13 Вақте ҳосили худро аз хирман, ҷувоз ва чархушт мегирӣ, ҳафт рӯз Иди Хаймаҳоро*+ ҷашн бигир.
14 Вақти ид ту, писарат, духтарат, ғуломат ва канизат ҳамроҳи левизода, ғариб, ятим ва бевазане, ки дар шаҳрҳои ту зиндагӣ мекунанд, хурсандӣ намоед.+
15 Ҳафт рӯз барои Худоят Яҳува, дар ҷое ки Яҳува интихоб кунад, идро ҷашн бигир,+ зеро Худоят Яҳува тамоми ҳосил ва меҳнататро баракат медиҳад+ ва ту хеле хурсанд мешавӣ.+
16 Дар як сол се бор тамоми мардинаи ту бояд пеши Худоят Яҳува, ба ҷое ки вай интихоб кунад, ҳозир шаванд. Онҳо бояд дар Иди Фатир,+ Иди Ҳафтаҳо+ ва Иди Хаймаҳо*+ ҳозир шаванд. Ҳеҷ яке аз онҳо набояд пеши Яҳува дасти холӣ биёяд.
17 Ҳар шахс бояд мувофиқи баракате, ки Худоят Яҳува ба ту ато кардааст, ҳадия биёрад.+
18 Барои ҳар қабила дар ҳама шаҳрҳое, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, доварон ва сардоронро таъйин намо.+ Онҳо бояд мардумро аз рӯйи адолат доварӣ кунанд.
19 Инсофро поймол насоз,+ рӯйбинӣ накун+ ва пора нагир, зеро пора чашми хирадмандонро кӯр мекунад+ ва ростқавлонро дурӯғгӯ месозад.
20 Инсофро, инсофро ҷӯё бош,+ то ки зинда бимонӣ ва заминеро, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, соҳиб шавӣ.
21 Ҳеҷ дарахте барои парастиш+ назди қурбонгоҳе, ки барои Худоят Яҳува месозӣ, нашинон.
22 Сутуне барои парастиш низ барои худ насоз,+ зеро Худоят Яҳува аз ин чиз нафрат дорад.
Поварақҳо
^ Ниг. ба Замимаи Б15.
^ Ё «нони бехамиртуруш».
^ Ё «Иди Хаскаппаҳоро».
^ Ё «Иди Хаскаппаҳо».