Нома аз Ҳайати роҳбарикунанда
Бародарону хоҳарони азиз!
Дар асри 7-уми пеш аз милод пайғамбар Ҳизқиёл рӯъёи аҷоибро дид. Ӯ аробаи бузурги осмониро дид, ки онро Ҳокими Даҳр идора мекард. Ҳайратовараш ин буд, ки чӣ тавр ин ароба ҳаракат мекард. Суръати ҳаракаташ чун суръати барқи осмонӣ буд, ҳатто вақти самташро дигар кардан, суръаташ паст намешуд (Ҳиз. 1:4, 9, 12, 14, 16–27).
Он рӯъё ба мо хотиррасон мекунад, ки қисми осмонии ташкилоти Яҳува ҳамавақт дар ҳаракат аст. Дар бораи қисми заминии он чӣ гуфтан мумкин аст? Соли хизматии гузашта нишон медиҳад, ки Яҳува ташкилоти заминиашро ба таври аҷоиб пеш бурда истодааст!
Дар Иёлоти Муттаҳида аъзоёни оилаи Байт-Ил бо кори кӯчонидани идораи марказӣ, аз Бруклин ба Уорвик (Ню-Йорк) банд буданд. Дар дигар филиалҳо байтилчиёни тамоми ҷаҳон бо кори сохтмон, азнавсозӣ, якҷоя кардани филиалҳо ё ба дигар ҷой кӯчидан банд ҳастанд. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳатто агар шумо дар асл накӯчида бошед ҳам, лекин бешубҳа бо дигар корҳои рӯҳонӣ банд будед.
Халқи Худо дар тамоми ҷаҳон назар ба пештара ба корҳои рӯҳонӣ банд ҳастанд, чунки онҳо бо ташкилоти Яҳува ҳамқадаманд. Аз дидани ин Ҳайати роҳбарикунанда хеле хурсанд аст. Бисёриҳо дар ҷойҳое, ки ниёзи калон вуҷуд дорад, хизмат мекунанд. Дигарон бошанд, таъйиноти нав гирифта, ба минтақаи хориҷизабон мекӯчанд, то дар он ҷо мавъиза кунанд. Баъзеи дигар намудҳои нави хизматро ёд гирифтанд. Бисёриҳо бо роҳҳои дигар хизмати худро васеъ карданд. Ҳамаи масеҳиёни содиқ, аз он ҷумла пиронсолон ва беморон, содиқона давиши ҳаётро давом медиҳанд ва ба Яҳува хизмат карда исбот мекунанд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст (1 Қӯр. 9:24).
Боварӣ дошта бошед, ки рӯҳияи шумо аз назари Яҳува пинҳон намемонад (Ибр. 6:10). Хизмати шумо ба мо мисоли Иброҳим ва Сороро хотиррасон мекунад. Иброҳим дар 70-солагӣ бо аҳли оилааш аз шаҳри Ури калдониён баромада, роҳи дурударози Канъонро пеш гирифт ва қариб сад соли дигар дар он ҷо, дар хаймаҳо, зиндагӣ кард. Дар ҳақиқат, ӯ ва занаш рӯҳияи омодагиро нишон доданд! (Ҳас. 11:31; Аъм. 7:2, 3).
Шумо низ чунин рӯҳия зоҳир мекунед? Ҳамаи шумо, ки дар вақтҳои душвор содиқиатонро нигоҳ медоред, мувофиқи суханони Исо амал мекунед, ки ӯ Мат. 28:19).
гуфта буд: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Ҳатто Исо калимаи «биравед»-ро истифода бурда моро барангехт, ки дар ин кор фаъол бошем. Чӣ хурсандиовар аст дидани он, ки бисёри масеҳиён соли гузашта боғайратона хизмат карданд! Дидан мумкин аст, ки Яҳува кори мавъизаро баракат дода истодааст, то хушхабари Салтанат ба ҳамаи халқҳо эълон карда шавад (Марқ. 13:10).
Бисёриҳо ба хушхабар шавқ зоҳир мекунанд. Шумораи баландтарини воизон дар соли гузашта 8 340 847 ва адади миёнаи омӯзиши Китоби Муқаддас ҳар моҳ 10 115 264. Бешубҳа, аробаи осмонӣ дар ҳаракат аст ва шумо низ! Дар ин вақтҳои охир пеш аз он, ки Яҳува дари наҷотро маҳкам кунад, кори пуршарафи худро давом диҳед.
Ояти соли 2017 чунин аст: «Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун» (Заб. 36:3). Вақте ки ба ин суханон гӯш карда дар хизмати муқаддаси Яҳува некӣ мекунед, шумо имони худро нишон медиҳед. Ҳамеша дар хотир доред, ки шумо танҳо нестед. Ва суханони Исо моро қувват мебахшанд: «Инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20).
Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува минбаъд низ хизмати содиқонаи шуморо баракат медиҳад. Барои Яҳува миқдори қурбониҳои шумо муҳим нест, балки он муҳим аст, ки шумо ҳар чизи беҳтаринро диҳед ва нияти дуруст дошта бошед. Ин гуна қурбониҳо дили Яҳуваро шод мегардонад (2 Қӯр. 9:6, 7). Минбаъд низ ба Худои пурмуҳаббат ба воситаи пайваста дуо гуфтан, омӯзиши Китоби Муқаддас, дар вохӯриҳо ва дар хизмат фаъолона иштирок кардан, наздик шавед.
Шайтон медонад, ки вақташ кам мондааст, барои ҳамин ҳамаи тарзҳоро истифода мебарад, то моро аз роҳи Яҳува дур кунад (Ваҳй 12:12). Ба Яҳува наздик шавед ва кӯшишҳои Шайтон бенатиҷа мемонад (Заб. 16:8). Дар хотир дошта бошед, ки мо шуморо хеле дӯст медорем ва дар ин рӯзҳои охир кӯмаку ғамхорие, ки барои Салтанати Худо мекунед, қадр мекунем.
Бародарони шумо
Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува