БОБИ ҲАШТ
Оилаатонро аз таъсироти бад ҳифз намоед
1–3. а) Аз кадом манбаъҳо ба оила таъсироти зараррасон таҳдид мекунад? б) Барои ҳифзи оила волидон бояд чӣ мувозинате дошта бошанд?
БОЯД писарчаатонро ба мактаб фиристед, аммо дар кӯча борон чун аз сатил меборад. Дар ин вазъ чӣ кор мекунед? Оё мегузоред, ки ӯ бе либоси муносибу чатр аз дар берун давад? Ё он қадар либос мепӯшонед, ки ҳаракаташ базӯр хоҳад буд? Албатта шумо на ба тарзи аввала мекунеду на ба тарзи дуюм. Шумо ба писарчаатон танҳо он чизҳоеро медиҳед, ки барои тар нашуданаш кифоя бошанд.
2 Монанди ин, волидон барои ҳифзи оилаашон аз таъсироти зараррасони аз манбаъҳои зиёд боранда — аз қабили пешниҳодоти бозори фароғату вақтхушиҳо, воситаҳои ахбори умум, ҳамсолон ва баъзан ҳатто мактабҳо,— бояд роҳҳои дурусте ёбанд. Баъзе волидон барои ҳифзи оилаашон чораҳои хеле кам меандешанд ва ё умуман коре намекунанд. Дигарон қариб ҳама таъсироти берунаро зараррасон ҳисобида, фарзандонашонро чунон маҳдуд менамоянд, ки онҳо худро чун буғишуда эҳсос мекунанд. Оё метавон мувозинате байни ин амалҳо ёфт?
3 Бале, ин кор имконпазир аст. Бепарвоӣ дар ин мавзӯъ ё баръакс сахтгирии аз ҳад зиёд суде надорад ва метавонад бо нохушӣ анҷомад (Воиз 7:16, 17). Аммо волидони худотарс чӣ тавр дар ҳифзи оилаашон мувозинати дурустеро ёфта метавонанд? Биёед се соҳаро дида мебароем: таълимот, муошират ва фароғат.
ФАРЗАНДОНИ ШУМОРО КӢ ТАЪЛИМ ХОҲАД ДОД?
4. Назари волидоне, ки ходими Худоянд, ба таҳсилот бояд чӣ гуна бошад?
4 Волидоне, ки ходими Худоянд, таҳсилотро хело қадр мекунанд. Онҳо мефаҳманд, ки дар мактаб фарзандонашон хондану навиштан, бо дигарон муросо кардану ҳал намудани мушкилиҳоро ёд мегиранд. Мактаб ҳамчунин тарзи омӯзишро ёд медиҳад. Ҳунарҳои дар мактаб омӯх-
та ба бачаҳо кӯмак мекунанд, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷаҳони имрӯза дар ҳаёт муваффақ гарданд. Бар замми ин, дониши хуб метавонад ба онҳо барои бо сифати баланд иҷро кардани кор кӯмак намояд — Масалҳо 22:29.
5, 6. Чӣ гуна бачаҳо метавонанд дар мактаб маълумоти ғалате оиди алоқаи ҷинсӣ бигиранд?
5 Аммо дар мактаб кӯдакон ҳамчунин бо бачаҳои дигар мулоқот мекунанд, ки аксарияташон фикру ақидаҳои вайрон доранд. Масалан ба назари онҳо оиди алоқаи ҷинсӣ ва ахлоқ нигаред. Дар яке аз мактабҳои миёнаи Нигерия духтари аз ҷиҳати ҷинсӣ бадахлоқ ба ҳамсинфонаш оиди муносибатҳои ҷинсӣ маслиҳатҳо медод. Ҳамсинфон суханҳои ӯро гӯё меҷаббиданд, гарчанде ки ин гуфтаҳо сафсатаҳои аз адабиёти порнографӣ гирифтаи он духтар буданд. Баъзе духтарон аз рӯи маслиҳатҳои ӯ амал
намуданд. Дар натиҷа, яке аз онҳо издивоҷ накарда ҳомиладор шуд ва аз исқоти ҳамле, ки худаш ба вуҷуд овард, мурд.
6 Мутаассифона, манбаи баъзе маълумоти ғалат оиди алоқаи ҷинсӣ на ҳамсинфон, балки муаллимон мегарданд. Бисёри волидон дар изтиробанд аз он ки дар мактаб ба фарзандонашон оиди алоқаи ҷинсӣ маълумот медиҳанд, аммо дар бораи меъёрҳои ахлоқ ва масъулияте, ки он бо худ дорад, ҳарфе намезананд. Модари духтари 12–солае мегӯяд: “Дар маҳалли зисти мо одамон хеле диндор ҳастанд ва ба ин нигоҳ накарда, дар мактаби миёна ба талабагон рӯирост рифола (презерватив) тақсим мекунанд!”. Ин зан ва шавҳари ӯ, вақте хабардор шуданд, ки ба духтарашон писарҳои ҳамсолаш алоқаи ҷинсӣ пешниҳод намуданд, музтариб гаштанд. Волидон чӣ тавр оилаашонро аз чунин таъсироти зараровар ҳифз карда метавонанд?
7. Беҳтарин тарзи мубориза бо маълумоти ғалат оиди алоқаи ҷинсӣ чист?
7 Оё беҳтар нест, ки аз ба забон овардани ҳар гуна маълумот оиди муносибатҳои ҷинсӣ дар назди бачаҳо худдорӣ кунед? —Не. Беҳтар аст, ки худатон бачаҳоро дар ин мавзӯъ таълим диҳед (Масалҳо 5:1). Рост аст, ки дар баъзе қисматҳои Аврупо ва Амрикои шимолӣ аксари волидон аз гуфтугӯ дар ин бора шарм медоранд. Дар баъзе мамлакатҳои Африқо низ падару модарон мавзӯи муносибатҳои ҷинсиро бо фарзандонашон хело кам муҳокима мекунанд. “Ин ба маданияти Африқо хос нест”,— мегӯяд падаре аз Серра–Леоне. Баъзе волидон фикр мекунанд, ки агар ба бачаҳо оиди алоқаи ҷинсӣ дониш диҳанд, дар сарашон фикрҳое пайдо хоҳанд шуд, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ меоваранд. Аммо назари Худо дар ин хусус чӣ гуна аст?
НАЗАРИ ХУДО БА МУНОСИБАТИ ҶИНСӢ
8, 9. Чӣ маълумоти хубе оиди муносибати ҷинсӣ дар Китоби Муқаддас мавҷуд аст?
8 Китоби Муқаддас ба таври рӯшан нишон медиҳад, ки дар мавридҳои муносиб муҳокимаи мавзӯи алоқаи ҷинсӣ набояд боиси шарму хиҷолат бошад. Дар Исроил ба халқи Худо амр шуда буд, ки ба ҳам ҷамъ оянд ва «кӯдакон»–ашон бо онҳо бошанд, то ба Шариати Мусо, ки бо овози баланд хонда мешуд, гӯш диҳанд (Такрори Шариат 31:10–12; Еҳушаъ ибни Нун 8:35). Дар Шариат баъзе мавзӯъҳои ҷинсӣ ошкоро зикр мешуданд, аз он ҷумла ҳайзбинӣ, эҳтилом (таровиши нутфа), зино, хиёнати ҳамсарӣ, ҳомосексуализм, алоқаи ҷинсӣ бо хеши наздик ва ҷимоъ бо ҳайвонот (Ибодат 15:16, 19; 18:6, 22, 23; Такрори Шариат 22:22). Баъди шунидани чунин пораҳои Шариат, бешубҳа волидонро лозим меомад, ки ба кӯдакони кунҷкоби худ бисёр чизҳоро фаҳмонанд.
9 Дар бобҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми китоби Масалҳо оятҳое ҳастанд, ки маслиҳатҳои пурмуҳаббати волидонаро оиди хатарҳои аз бадахлоқии ҷинсӣ бармеомада дар худ доранд. Ин матнҳо нишон медиҳанд, ки баъзан бадахлоқии ҷинсӣ метавонад васвасакунанда бошад (Масалҳо 5:3; 6:24, 25; 7:14–21). Аммо дар айни ҳол онҳо таълим медиҳанд, ки чунин рафтор нодуруст аст ва оқибатҳои мудҳиш дорад; ҳамчунин оятҳои мазкур ба ҷавонон барои наафтодан ба доми бадахлоқӣ панду дастур медиҳанд (Масалҳо 5:1–14, 21–23; 6:27–35; 7:22–27). Ба замми ин, бадахлоқӣ ба муносибатҳои ҷинсии ҷоиз, яъне дар ҳалқаи издивоҷ ҷойдошта, муқобил гузошта мешавад (Масалҳо 5:15–20). Чӣ намунаи хубест барои волидон дар таълими фарзандон!
10. Чаро додани маълумоти дуруст оиди муносибатҳои ҷинсӣ бачаҳоро ба бадахлоқӣ барнамеангезад?
10 Магар чунин таълимот бачаҳоро ба бадахлоқии ҷинсӣ бармеангезад? Баръакс, Китоби Муқаддас меомӯзонад: «Одилон ба воситаи дониш раҳо мешаванд» (Масалҳо 11:9). Магар шумо фарзандонатонро аз таъсироти ин дунё ҳифз кардан намехоҳед? Падаре мегӯяд: “Аз айёми хурдсолии фарзандонамон мо мекӯшидем, ки бо онҳо дар мавзӯи алоқаи ҷинсӣ ошкоро гуфтугӯ кунем. Аз ин сабаб шунидани сӯҳбатҳои бачаҳои дигар дар ин бора, кунҷкобии онҳоро бедор намекард, зеро ин барояшон сирри махфӣ набуд”.
11. Чӣ тавр бачаҳоро метавон батадриҷ дар бораи ҷонибҳои маҳрамонаи ҳаёт таълим дод?
11 Ҳамон тавре ки дар бобҳои пешин зикр шуд, дар бораи муносибатҳои ҷинсӣ маълумот доданро барвақт оғоз бояд кард. Бо гузашти вақт ба бачаҳо сарҳадҳои амалҳои айбро таълим бояд дод. Хубтар аст, агар ҳарду волидон ба кӯдакон фаҳмонанд, ки узвҳои ҷинсӣ қисмҳои махсуси бадананд ва одатан онҳоро расидан ё дидани дигарон мумкин нест; инчунин ҳеҷ гоҳ оиди ин узвҳо бадгӯӣ набояд кард. Вақте ки фарзандон калонтар мешаванд, онҳо бояд маълумот гиранд, ки чӣ тавр аз марду зан кӯдак пайдо мешавад. Ҳангоме ки ҷисми худи бачаҳо ба балоғати ҷинсӣ мерасад, онҳо бояд аз дигаргуниҳое, ки дар баданашон ба вуҷуд хоҳанд омад, аллакай хуб огоҳ бошанд. Ҳамон тавре ки дар боби 5 муҳокима шуд, чунин таълимот барои ҳифзи бачаҳо аз таҷовузи номус кӯмак менамояд — Масалҳо 2:10–14.
ВАЗИФАИ ХОНАГИИ ВОЛИДОН
12. Чӣ ақидаҳои нодурусте одатан дар мактаб таълим дода мешаванд?
12 Волидон бояд ба мубориза бо ақидаҳои дурӯғине, ки дар мактаб таълим дода шуданашон мумкин аст,— масалан фалсафаҳои дунявӣ ба мисли назарияи таҳаввулӣ (эволютсионӣ), миллатпарастӣ ё ақида оиди вуҷуд надоштани ҳақиқати мутлақ,— омода бошанд (1 Қӯринтиён 3:19; бо Ҳастӣ 1:27 қиёс кунед; Ибодат 26:1; Юҳанно 4:24; 17:17). Бисёре аз кормандони мактаб самимона муҳиммияти маълумоти олӣ гирифтани талабагонро аз ҳад зиёд қайд мекунанд. Гарчанде ки гирифтани маълумоти олӣ интихоби шахсии ҳар кас аст, баъзе муаллимон онро ягона роҳи ноил шудан ба муваффақият меҳисобанд * — Забур 145:3–6.
13. Бачаҳои мактабхонро аз ақидаҳои нодуруст чӣ тавр ҳифз кардан мумкин аст?
13 Агар волидон бо таълимоти нодурусту ғалат мубориза бурданӣ бошанд, бояд аниқ бидонанд, ки фарзандонашон дар мактаб чӣ меомӯзанд. Инак, падару модарон, дар хотир доред, ки шумо ҳам вазифаи хонагӣ доред! Ба мактабхонии фарзандонатон диққати самимӣ зоҳир намоед. Баъд аз дарсҳояшон бо онҳо сӯҳбат кунед. Аз бачаҳо бипурсед, ки чиро меомӯзанд, кадом фаннро бештар дӯст медоранду кадом барояшон мушкил аст. Вазифаи хонагӣ, қайдҳо ва натиҷаи корҳои санҷишиву имтиҳонҳояшонро аз назар гузаронед. Бикӯшед, ки бо муаллимонашон шинос шавед. Бигзор омӯзгорон бидонанд, ки шумо меҳнати онҳоро қадр менамоед ва мехоҳед ҳар коре ки аз дастатон ояд, барои кӯмакашон бикунед.
ДӮСТОНИ ФАРЗАНДОНАТОН
14. Чаро муҳим аст, ки бачаҳои худотарс дӯстони хуб интихоб намоянд?
14 “Инро аз куҷо ёд гирифтӣ?”. Чӣ қадар падару модарон ин саволро ба бачаашон ҳангоми гуфтор ё рафтори ғайричашмдошти ӯ додаанд! Ва чандин маротиба ҷавоби шунида ин буд, ки дӯсти наве ки дар мактаб ё дар ҳамсоягӣ аст, чунин мекунад. Бале, таъсире, ки дӯстонамон мерасонанд, хоҳ мо ҷавон бошем, хоҳ пир, амиқ аст. Павлуси расул огоҳ кардааст: «Фирефта нашавед: “Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд”» (1 Қӯринтиён 15:33; Масалҳо 13:20). Махсусан бачаҳо зери таъсири фишори ҳамсолон ҳастанд. Одатан наврасон аз худ дилпур нестанд ва баъзан хоҳиши писанд омадан ба дӯстону пайдо кардани илтифоташон бар онҳо ғолиб меояд. Пас то чӣ андоза муҳим аст, ки бачаҳо дӯстони хуб интихоб намоянд!
15. Волидон ба фарзандонашон чӣ гуна дар интихоби дӯстон роҳнамоӣ карда метавонанд?
15 Ҳамон тавре ки ҳар як падару модар медонад, интихоби кӯдакон на ҳамеша хуб аст; онҳо ба роҳнамоӣ ниёз доранд. Ин ба он маъно нест, ки шумо барояшон дӯст интихоб кунед. Хубтараш ба қадри ба воя расидани фарзандон дар онҳо қобилияти амиқбиниро инкишоф дода, кӯмак намоед бифаҳманд, ки бояд кадом хислатҳоро дар дӯстон қадр кунанд. Хусусияти асосӣ — муҳаббат ба Яҳува ва ба иҷро кардани корҳои дар назари Ӯ дуруст мебошад (Марқӯс 12:28–30). Ба онҳо дӯст доштану эҳтиром намудани шахсони ростқавл, меҳрубон, саховатманд ва боғайратро ёд диҳед. Ҳангоми омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас ба бачаҳо кӯмак кунед, ки ин гуна хислатҳоро дар шахсиятҳои дар ин китоб тасвиршуда пайдо кунанд ва баъд ҳамин гуна хусусиятҳоро дар аъзоёни ҷамъомад биҷӯянд. Худи шумо низ ҳангоми интихоби дӯстонатон аз рӯи ҳамин принсипҳо амал карда, ба фарзандон намуна бошед.
16. Чӣ тавр волидон метавонанд дӯстинтихобкунии фарзандонашонро назорат кунанд?
16 Оё шумо медонед, ки фарзандонатон бо кӣ дӯстӣ мекунанд? Чаро ба бачаҳо иҷозат надиҳед, ки дӯстонашонро ба хона даъват кунанд, то шумо низ тавонед бо онҳо хубтар шинос шавед? Инчунин шумо метавонед аз фарзандонатон пурсед, ки бачаҳои дигар дар бораи ин дӯстонашон чӣ фикр мекунанд. Оё ин шахсонро чун инсонҳои ростқавл медонанд ё чун дурӯяҳое, ки пинҳонӣ ҳаёти дигар мебаранд? Агар обрӯи дурӯяро дошта бошанд, ба бачаатон кӯмак намоед, то бифаҳмад, ки чаро муошират бо чунин инсонҳо зараровар буда метавонад (Забур 25:4, 5, 9–12). Агар дар рафтор, либоспӯшӣ, тарзи фикрронӣ ва гуфтори фарзандатон дигаргуниҳои номақбул пайхас кунед, шояд бо ӯ дар бораи дӯстонаш сӯҳбат кардан лозим бошад. Эҳтимол фарзандатон бо дӯсте вақт мегузаронад, ки ба ӯ таъсири манфӣ мерасонад — бо Ҳастӣ 34:1, 2 қиёс кунед.
17, 18. Ба ғайр аз огаҳӣ додан аз ёрони бад, волидон боз чӣ кӯмаки амалиеро ба фарзандон пешкаш намуда метавонанд?
17 Вале фақат аз дӯстони бад дурӣ ҷустанро ба бачаҳо ёд додан кофӣ нест. Ба онҳо барои ёфтани рафиқони хуб кӯмак намоед. Падаре нақл мекунад: “Мо ҳамеша мекӯшем, ки чизе дар иваз пешкаш намоем. Масалан, вақте дар мактаб хостанд, ки писарамон аъзои дастаи футболбозӣ шавад, ману ҳамсарам бо писарамон нишаста, чаро хуб набудани қабули ин таклифро муҳокима кардем. Мо ба ӯ фаҳмондем, ки сабаб дар рафиқони наве мебошад, ки дар ин ҳол пайдо хоҳанд шуд. Лекин пас аз ин, мо ба писарамон таклиф намудем, ки ҳамроҳи чанде аз бачаҳои дигари ҷамъомад ба боғ рафта, футбол бозӣ кунад. Ҳамин тавр масъала ҳал шуд”.
18 Волидони оқил ба фарзандонашон барои пайдо кардани дӯстони хуб ва сипас бо онҳо хуш гузаронидани вақт кӯмак менамоянд. Лекин барои бисёри волидон худи масъалаи хушгузаронии вақту фароғат мушкил аст.
ИНТИХОБИ НАМУДИ ФАРОҒАТ
19. Чӣ мисолҳое аз Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки шодиву хурсандӣ кардан дар оила гуноҳ нест?
19 Оё Китоби Муқаддас шодию хушҳолиро маҳкум мекунад? Ҳаргиз не! Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вақте ҳаст «барои хандидан... ва вақте барои рақсидан» * (Воиз 3:4). Қавми Худо дар Исроили қадим аз мусиқӣ, рақсу бозӣ ва чистонгӯӣ ҳаловат мебурд. Исо–пайғамбар дар базми бузурги арӯсӣ ва дар «зиёфати калоне», ки Маттои Левӣ ба хотири ӯ ороста буд, ҳузур дошт (Луқо 5:29; Юҳанно 2:1, 2). Равшан аст, ки Исо талхкунандаи шодии дигарон набуд. Бигзор дар хонаи шумо ба хандаву шодӣ ҳеҷ гоҳ чун ба гуноҳ нанигаранд!
20. Ҳангоми қонеъ кардани ниёзи оила ба истироҳату фароғат волидон бояд чиро дар хотир доранд?
20 Яҳува «Худои саодатманд» аст (1 Тимотиюс 1:11, ТДН). Аз ин рӯ ибодат ба Ӯ бояд манбаи хурсандӣ бошад, на ин ки касро аз он маҳрум созад (Такрори Шариат 16:15–ро қиёс кунед). Кӯдакон табиатан хеле зиндадилу пур аз нерӯ ҳастанд, ки он дар бозиву вақтхушиҳо сарф мешавад. Вақтхушии хуб интихобшуда чизест бештар аз танҳо хурсандӣ. Ин машғулиятҳо роҳе ҳастанд барои омӯзишу инкишофи кӯдак. Сарвари оила масъул аст, то ҳама эҳтиёҷоти хонаводааш аз он ҷумла ниёз ба истироҳату фароғатро қонеъ гардонад. Лекин дар ин кор боэътидол будану аз ҳад нагузаштан муҳим аст.
21. Чӣ домҳое дар вақтхушиҳои имрӯза вуҷуд доранд?
21 Дар ин айёми кулфатбори охирзамон, ҷамъияти инсонӣ ҳамон тавре ки дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, пур аз онҳоест, ки «айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд» (2 Тимотиюс 3:1–5). Барои аксарият вақтхушиву фароғат дар зиндагӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Шаклҳои вақтхушиҳои дастрас чунон зиёданд, ки метавонанд ба осонӣ ҷои чизҳои заруртарро бигиранд. Илова бар ин, ба вақтхушиҳои зиёди муосир бадахлоқии ҷинсӣ, зулму зӯроварӣ, нашъамандӣ ва машғулиятҳои дигари хеле зараровар хосанд (Масалҳо 3:31). Барои ҳифзи наврасон аз шаклҳои зараррасони вақтхушиҳо чӣ кор кардан мумкин аст?
22. Чӣ тавр волидон метавонанд ба фарзандонашон дар мавриди вақтхушиҳо қабули қарорҳои оқилонаро ёд диҳанд?
22 Волидон бояд сарҳаду маҳдудиятҳо муайян кунанд. Аммо беш аз ин, онҳо бояд ба фарзандонашон фарқ кардани вақтхушиҳои зараррасонро аз муфид ва донистани меъёри онҳоро ёд диҳанд. Чунин таълимот вақту кӯшиш талаб менамояд. Ба намунае таваҷҷӯҳ кунед. Падари ду писар пайхас намуд, ки фарзанди калониаш зуд–зуд ба барномаи нави радио гӯш медиҳад. Аз ин рӯ, боре ҳангоми ба кор рафтан савори мошини боркаши худ, падар ин барномаи радиоро гӯш мекунад. Гоҳ–гоҳ ӯ мошинашро манъ карда, матни баъзе сурудҳоро кӯтоҳан менависад. Дертар, вай бо писаронаш нишаста, чизи шунидаашро муҳокима намуд. Барои фаҳмидани нуктаи назари писарон, падар саволҳое дод, ки бо ибораҳои “Ба фикри шумо оё...?” оғоз мешуданд ва сипас ба ҷавобҳои онҳо бодиққат гӯш андохт. Баъд аз таҳқиқи ин мавзӯъ тавассути Китоби Муқаддас, бачаҳо барои гӯш накардани ин барнома розӣ шуданд.
23. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро аз вақтхушиҳои зараровар ҳифз карда метавонанд?
23 Волидони бохирад мусиқӣ, барномаҳои телевизионӣ, видеонаворҳо, китобчаҳои ҳаҷвӣ, бозиҳои компютерӣ ва кинофилмҳои ба бачаҳояшон шавқоварбударо тафтиш менамоянд, ба муқова, матни сурудҳо, қуттиҳои онҳо аҳамият медиҳанд, мазмуни мухтасарашонро аз рӯзномаҳо мехонанд ва қисмате аз филмҳоро тамошо ҳам мекунанд. Бисёриҳоро баъзе намудҳои “вақтхушиҳое”, ки имрӯз пешкаши бачаҳо мегарданд, ба изтироб меорад. Касоне ки фарзандонашонро аз таъсироти нопок ҳифз кардан мехоҳанд, ҳамроҳи оилаашон нишаста, хатарҳоеро, ки бо ин ё он намуди вақтхушӣ алоқаманданд, муҳокима менамоянд. Дар муҳокима онҳо аз Китоби Муқаддас ва адабиёти дар он асосёфта ба мисли китоби “Суолҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ” ва мақолаҳо аз маҷаллаҳои “Бурҷи дидбонӣ” ва “Бедор шавед!” истифода мекунанд *. Агар волидон сарҳаду маҳдудиятҳоро бо қатъият гузоранд, оқилонаву яксон рафтор намоянд, одатан натиҷаҳои хубро ба даст меоваранд — Матто 5:37; Масалҳо 24:3.
24, 25. Баъзе намудҳои фароғату вақтхушиҳое, ки аҳли оила аз онҳо бо ҳам баҳра бурда метавонанд, кадоманд?
24 Албатта гузоштани маҳдудият бар вақтгузарониҳои зараррасон фақат нисфи кор аст. Ба бадӣ некиро бояд муқобил гузошт, вагарна бачаҳо метавонанд ба самти нодуруст равона шаванд. Оилаҳои зиёде, ки ходими Худоянд, як ҷаҳон хотироти гарму некро аз фароғату истироҳати муштаракашон доранд, аз қабили дамгирӣ бо дӯстон дар гӯшаи табиат, сайру гашти боғу чаман, саёҳат ё истироҳат дар хайма, бозиву машғулиятҳои варзишӣ, сафар ба хонаи хешовандон ва дӯстон. Баъзеҳо дарёфтанд, ки ҳамроҳи оила хондани адабиёте оромибахшу рӯҳбаландкунанда аст. Дигарон аз нақли ҳикояҳои ҳаҷвию шавқовар лаззат мебаранд. Бархеи дигар бошанд, якҷоя бо кори дӯстдоштаашон машғул мешаванд, масалан, бо наққошӣ ё ягон ҳунари дигар, инчунин навохтани асбобҳои мусиқӣ, кашидани тасвирҳо ё омӯзиши офаридаҳои Илоҳӣ. Кӯдаконе ки аз чунин вақтгузарониҳо ҳаловат бурданро ёд мегиранд, аз намудҳои зиёди вақтхушиҳои нопок ҳифз мешаванд ва мефаҳманд, ки фароғати хеле шавқовартаре ҳаст аз он ки фақат бефаъолият нишиниву дигарон туро дилхуш созанд. Одатан иштирок дар вақтхушӣ аз тамошобин будан завқовартар аст.
25 Вохӯриҳо бо дӯстон низ метавонад истироҳати муфиде бошад. Агар ин вохӯриҳо назорати хуб дошта бошанд ва аз ҳад зиёд серодаму тӯлонӣ набошанд, онҳо ба кӯдакон на танҳо хурсандиовар хоҳанд буд, балки ин гуна чорабиниҳо пайванди муҳаббатро дар ҷамъомад мустаҳкамтар мекунанд — қиёс кунед бо Луқо 14:13, 14; Яҳудо 12.
ОИЛАИ ШУМО МЕТАВОНАД БАР ҶАҲОН ҒОЛИБ ОЯД
26. Кадом хусусият барои муҳофизати оила аз таъсироти носолим муҳимтарин мебошад?
26 Бегуфтугӯ, муҳофизат кардани оила аз таъсироти зараровари ин ҷаҳон ҷидду ҷаҳди зиёд талаб мекунад. Аммо хусусияте вуҷуд дорад, ки беш аз ҳама чизи дигар муваффақиятро дар ин мавзӯъ имконпазир месозад. Он муҳаббат аст! Муносибатҳои наздику бомеҳри байни аҳли оила хонаи шуморо ба як ошёни осудаву амин табдил дода, ба инкишофи муошират мусоидат хоҳад кард, ки он ҳимояи бузургест аз таъсироти бад. Бар замми ин, инкишофи шакли дигари муҳаббат — муҳаббат ба Яҳува Худо аҳамияти муҳимтаре дорад. Агар чунин шакли муҳаббат дар оила ҳукмфармо бошад, бо эҳтимоли зиёд фарзандон тавре ба воя мерасанд, ки барояшон худи фикри ранҷонидани Худо аз дода шудан ба таъсироти ин ҷаҳон нафратангез хоҳад буд. Ва волидоне ки Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медоранд, кӯшиш хоҳанд кард, то ба шахсияти пурмеҳр, оқил ва ботамкини Ӯ пайравӣ намоянд (Эфсӯсиён 5:1; Яъқуб 3:17). Агар волидон ҳамин тавр кунанд, фарзандони онҳо барои назар кардан ба ибодати Яҳува чун ба рӯйхати корҳои манъ ё зиндагии маҳрум аз шӯхиву ханда, ки аз он ҳарчи зудтар гурехтан мехоҳӣ, сабаб нахоҳанд дошт. Баръакс, бачаҳо дарк хоҳанд кард, ки ибодати Худо саодатбахштарин ва ғанитарин роҳи дар ҳаёт мавҷудбуда аст.
27. Чӣ тавр оила метавонад бар ҷаҳон ғолиб ояд?
27 Оилаҳое ки дар ибодати хушбахтонаву оқилона ба Худо муттаҳиданду аз тамоми қалб мекӯшанд, то аз таъсироти нопоки ин ҷаҳон «покиза ва беайб» бимонанд, ба Яҳува шодиву хурсандӣ мебахшанд (2 Петрус 3:14; Масалҳо 27:11). Ин гуна хонаводаҳо ба Исои Масеҳ, ки ба ҳар як ҳамлаи нопоккунандаи Шайтон муқобилат нишон дод, пайравӣ мекунанд. Қарибии охири умри инсонияш Исо метавонист бигӯяд: «Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳанно 16:33). Бигзор оилаи шумо низ бар ҷаҳон ғолиб ояд ва аз ҳаёти ҷовидона баҳравар гардад!
^ Мавзӯи таҳсилоти иловагӣ дар саҳифаҳои 4–7-и рисолаи “Шоҳидони Яҳува ва таҳсилот” (рус.) муҳокима мешавад, ки нашрияи Шоҳидони Яҳува мебошад.
^ Калимаи ибрие, ки ин ҷо «хандидан» тарҷума шудааст, инчунин метавонад маънои «бозӣ кардан», «вақтхушие пешкаш намудан», «ҷашн гирифтан» ва ё «ҳазлу шӯхӣ кардан»–ро дошта бошад.
^ Нашри Шоҳидони Яҳува (ба забони русӣ).