Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 10

Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ ваъда медиҳад?

Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ ваъда медиҳад?

«Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард»

(Забур 36:29).

«Замин то абад меистад»

(Воиз 1:4).

«Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард»

(Ишаъё 25:8).

«Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд. Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард ва забони гунг тараннум хоҳад намуд, зеро ки обҳо дар биёбон ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад»

(Ишаъё 35:5, 6).

«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт»

(Ваҳй 21:4)

«Хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд. Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд; зеро ки рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд ва баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд»

(Ишаъё 65:21, 22).