Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 7

Дар бораи рӯзҳои мо Китоби Муқаддас чиро пешгӯӣ мекунад?

Дар бораи рӯзҳои мо Китоби Муқаддас чиро пешгӯӣ мекунад?

«Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард... ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост»

(Матто 24:7, 8).

«Басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисёрро гумроҳ хоҳанд кард; ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд»

(Матто 24:11, 12).

«Чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест»

(Марқӯс 13:7).

«Дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим ва қаҳтию вабоҳо ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад»

(Луқо 21:11).

«Инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд ва зарпараст ва пурғурур ва ҳавобаланд ва бадзабон ва беитоат ба падарону модарон ва кӯрнамак ва осӣ ва ноаҳл ва номуросо ва тӯҳматчӣ ва бепарҳез ва бераҳм ва душмани некӣ ва хоин ва рӯйнатан ва бодӣ ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд»

(2 Тимотиюс 3:1–5).