Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 17

Чӣ гуна Китоби Муқаддас ба оилаҳо кӯмак расонда метавонад?

Чӣ гуна Китоби Муқаддас ба оилаҳо кӯмак расонда метавонад?

ШАВҲАРОН/ПАДАРОН

«Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад... бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад»

(Эфсӯсиён 5:28, 29, 33).

«Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед»

(Эфсӯсиён 6:4).

ЗАНОН

«Зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд»

(Эфсӯсиён 5:33, ТФ).

«Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст»

(Қӯлассиён 3:18).

ФАРЗАНДОН

«Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. “Падар ва модари худро иззат намо”, ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда: “То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ”»

(Эфсӯсиён 6:1–3).

«Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст»

(Қӯлассиён 3:20).