САВОЛИ 15
Чӣ тавр хушбахтиро метавон ёфт?
«Таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад»
«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ»
(Ишаъё 48:17).
«[Исо] гуфт: Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд”»
(Матто 4:4).
«Ёри худро мисли худ дӯст бидор»
(Матто 22:39).
«Чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед»
(Луқо 6:31).
«Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд»
(Луқо 11:28).
«Ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест»
(Луқо 12:15).
«Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд»
«Додан аз гирифтан беҳтар аст»
(Аъмол 20:35).