ДАРСИ 19
Ғуломи бовариноку боандеша кист?
Чанде пеш аз маргаш Исо бо чор нафар шогирди наздики худ — Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ сӯҳбат кард. Исо аломати дар охирзамон ҳузур доштанашро пешгӯӣ карда, чунин саволи муҳимеро бардошт: «Кист он ғуломи бовариноку боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар ғуломони дигари худ таъйин кардааст, то ба онҳо саривақт хӯрок диҳад» (Матто 24:3, 45; Марқӯс 13:3, 4). Исо мехост шогирдонашро боварӣ бахшад, ки чун «оғо»-и онҳо, ӯ шахсонеро таъин мекунад, ки пайравонашро дар замони охир ҳама вақт бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунанд. Ин «ғулом» кист?
«Ғулом» гурӯҳи хурди пайравони тадҳиншудаи ҳақиқии Исо мебошад. Ин «ғулом» Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳуваро ташкил медиҳад. Вай ғизои саривақти рӯҳониро ба хизматгорони Яҳува тақсим мекунад. Бе ғуломи боваринок мо «сари вақт» ғизои лозимаро намегирифтем (Луқо 12:42).
Он идоракунандаи хонаи Худо таъин гардид (1 Тимотиюс 3:15). Исо ба ӯҳдаи ин ғулом вазифаи муҳим — идора кардани қисми заминии ташкилоти Яҳуваро гузошт. Ба ин кор нигоҳубини моликияти моддии ташкилот, роҳбарӣ ба кори мавъиза, таълимдиҳӣ дар ҷамъомадҳо дохил мешаванд. Барои он ки моро бо он чизе, ки ниёз дорем дар вақти даркорӣ таъмин кунад, «ғуломи бовариноку боандеша» тавассути адабиётҳо, вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо ба мо ғизои рӯҳонӣ медиҳад.
«Ғулом» боваринок, яъне содиқ аст. Ин маънои онро дорад, ки вай ба ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас содиқ аст ва супориши мавъизакуниро содиқона иҷро мекунад. «Ғулом» ҳамчунин боандеша аст. Ин мефаҳмонад, ки вай хирадмандона ба ҳамаи чизҳое, ки Масеҳ дар замин ба ӯҳдааш супоридааст, ғамхорӣ мекунад (Аъмол 10:42). Яҳува кори ғуломро баракат дода истодааст, зеро шумораи ҳар чӣ бештари одамон ба ҳақиқат омада истодаанд ва ғизои фаровони рӯҳонӣ дастрас аст (Ишаъё 60:22; 65:13).
-
Исо киро таъин кард, ки ба шогирдонаш ғизои рӯҳонӣ диҳад?
-
Ба кадом маъно ғулом боваринок ва боандеша аст?