Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Фраксияҳои хун ва амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун

Фраксияҳои хун ва амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун

Фраксияҳои хун. Фраксияҳои хун аз чор қисми асосии таркибии он — эритроситҳо, лейкоситҳо, тромбоситҳо ва плазма — ҷудо карда мешаванд. Масалан, дар таркиби эритроситҳо сафедаи гемоглобин мавҷуд аст. Доруҳое, ки аз гемоглобини одам ё ҳайвон тайёр карда мешаванд, ҳангоми муолиҷаи камхунии шадид ва талаф шудани миқдори зиёди хун истифода мешаванд.

Плазмаи хун, ки 90 фоиз аз об иборат аст, дар таркибаш миқдори зиёди ҳормонҳо, намакҳои ғайриорганикӣ, ферментҳо, моддаҳои ғизоӣ ва ҳамчунин минералҳо ва қанд дорад. Дар таркиби плазма моддаҳои дигар низ ҳастанд: онҳо дар лахтшавии хун иштирок мекунанд; барои мубориза бо беморӣ ба организм кӯмак менамоянд (ин моддаҳо подтанҳо номида мешаванд). Ҳамчунин дар плазма сафедае ба мисли албумин мавҷуд аст. Агар ба касе хатари сирояти беморие таҳдид кунад, баъзан ба ӯ духтурон гузаронидани гамма–глобулинро тавсия медиҳанд. (Гамма–глобулин аз плазмаи хуни одаме, ки ба бемории мазкур аллакай масуният (иммунитет) дорад, тайёр карда мешавад.) Лейкоситҳо манбаи интерферонҳо ва интерлейкинҳо мебошанд, ки онҳоро барои табобати баъзе бемориҳои сирояткунандае, ки ангезандаашон вирус аст ва ҳамчунин дар табобати саратон истифода мебаранд.

Оё масеҳиён ҳангоми табобат фраксияҳои хунро истифода бурда метавонанд? Дар ин бора Китоби Муқаддас дастуроти аниқ намедиҳад ва аз ин рӯ ҳар кас бояд худаш дар асоси виҷдонаш назди Худо қарор қабул кунад. Баъзеҳо аз ҳама гуна фраксияҳои хун даст мекашанд. Ин қарори онҳо дар асоси Қонуни Худо мебошад, ки ба исроилиён дода шуда буд. Мувофиқи ин аҳком исроилиён бояд хунро ба замин мерехтанд (Такрори Шариат 12:22–24). Дигарон, ҳарчанд аз истифодаи хуни холис ва қисмҳои асосии он даст мекашанд, шояд ба истифодаи баъзе фраксияҳои хун зид набошанд. Шояд ба ақидаи онҳо фраксияҳои аз хун ҷудокардашуда дигар рамзи ҳаёти одам ё ҳайвон, ки аз вай хун гирифта шуда буд, нест.

Вақте ки шумо оиди истифода бурдан ё набурдани фраксияҳои хун қарор қабул мекунед, дар бораи саволҳои зерин андеша намоед: «Оё ман мефаҳмам, ки аз ҳама гуна фраксияҳои хун даст кашида, ман ҳамзамон аз доруҳое даст мекашам, ки дар худ фраксияҳои хун доранду бо кӯмаки онҳо организм бо бемориҳо мубориза мебарад ё аз таъсири ин доруҳо хун лахт шуда, хунравиро боз медорад? Оё ман ба духтурон фаҳмонида метавонам, ки чаро ба истифодаи як ё зиёда фраксияҳои хун розиям ё розӣ нестам?»

Амалиёти тиббӣ бо истифодаи хуни худи одам. Ба чунин амалиётҳо ҳемодилютсия ва реинфузия дохил мешаванд. Ҳангоми ҳемодилютсия қисми хун аз маҷрои асосӣ як сӯ бурда, ба ҷои он ба рагҳо маҳлуле гузаронида мешавад, ки он ҳаҷми хунро зиёд мегардонад; дертар хуни як сӯ бурдашуда ба бемор баргардонида мешавад. Ҳангоми реинфузия хуне, ки дар натиҷаи ҷарроҳӣ талаф мегардад, ҷамъ карда ва ба бадан баргардонида мешавад. Хуне, ки аз ҷои ҷароҳат мебарояд ё дар ковокии бадан ҷамъ мешавад, тоза ё соф карда мешавад ва сипас ба бадани инсон баргардонида мешавад. Азбаски ин амалиётҳоро духтурон бо тарзҳои гуногун мегузаронанд, масеҳӣ бояд аз духтур бипурсад, ки чӣ тавр ӯ онҳоро мегузаронад.

Вақте ки шумо оиди розӣ шудан ё нашудан ба ин амалиётҳои тиббӣ қарор қабул мекунед, аз худ бипурсед: «Агар як миқдор хуни ман аз баданам барояд ва шояд ҷараёни он ҳатто ба муддате қатъ гардад, оё виҷдонам мегузорад, ки ман он хунро қисми баданам ҳисоб кунам ва аз ин рӯ набояд онро ба замин резам? (Такрори Шариат 12:23, 24). Агар дар рафти ин ё он амалиёти тиббӣ хуни маро аз бадан гирифта, ба он доруе илова кунанд ва сипас онро ба баданам баргардонанд, ин ба виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфтаам чӣ гуна таъсир мекунад? Оё ман мефаҳмам, ки ҳама гуна амалиёти тиббиро бо истифодаи хунам рад карда, ман ҳамчунин аз таҷзияи хун (анализсупорӣ), гемодиализ ва истифодаи асбобе, ки гардиши сунъии хунро таъмин мекунад, даст мекашам?»

Ҳар масеҳӣ бояд худаш муайян намояд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ духтурон бо хунаш чӣ кор мекунанд. Ҳамчунин ҳангоми истифодаи хун барои таҷзия ва ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббие, ки дар натиҷаашон миқдори ками хуни бемор гирифта мешавад ва сипас шояд ба он баъзе тағйирот дароварда шавад ва ба бадан баргардонида шавад, чунин рафтор кардан лозим аст.