БОБИ 9
«Аз зино бигрезед»
«Андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед» (ҚӮЛАССИЁН 3:5).
1, 2. Билъом барои ба халқи Худо зарар расондан, кадом ҳилларо истифода бурд?
МОҲИГИРЕ ба ҷои дӯстдоштааш меояд. Ӯ аниқ медонад, ки кадом моҳиро доштан мехоҳад. Вай хӯр–хӯракеро интихоб карда, шастро ба об мепартояд. Баъд аз чанд дақиқа ресмони шаст таранг шуда, қат мешавад ва моҳигир сайди худро кашида мебарорад. Моҳигир хурсанд мешавад, чунки барои доштани моҳӣ, ӯ хӯр–хӯраки дурустро интихоб карда буд.
2 Соли 1473 то эраи мо марде бо номи Билъом бисёр фикр мекард, ки кадом ҳилларо ба муқобили халқи Худо, ки дар даштҳои Мӯоб назди сарҳади Сарзамини ваъдашуда ӯрду зада буд, истифода барад. Билъом худро пайғамбари Яҳува меномид, лекин дар асл ӯ як шахси хасисе буд, ки барои лаънат кардани Исроил киро карда шуда буд. Вале ба туфайли дахолати Яҳува, Билъом метавонист танҳо Исроилро баракат диҳад. Билъом барои бо ҳар роҳ ба даст овардани мукофот, фикр кард, ки агар ӯ исроилиёнро ба гуноҳи азим тела диҳад, он вақт худи Яҳува онҳоро лаънат мекунад. Бо ин мақсад Билъом гӯё «хӯр–хӯрак»-ро партофт, яъне маслиҳат дод, ки ба назди исроилиён занони мафтункунандаи Мӯоб фиристода шаванд (Ададҳо 22:1–7; 31:15, 16; Ваҳй 2:14).
3. То кадом дараҷа ҳиллаи Билъом натиҷа овард?
3 Оё ин макру ҳилла натиҷа овард? Бале, аз як ҷиҳат натиҷа овард. Даҳҳо ҳазор мардони исроилӣ «хӯр–хӯракро фурӯ бурданд»: онҳо «бо духтарони Мӯоб зино кардан гирифтанд». Исроилиён ҳатто ба худоёни Мӯоб ва ҳамчунин ба Баал–Фаӯр, худои бороварӣ ё шаҳват итоат намуданро Ададҳо 25:1–9).
сар карданд. Дар натиҷа 24 000 исроилӣ дар худи сарҳади Сарзамини ваъдашуда ҳалок шуданд. Чӣ бадбахтии азиме! (4. Чаро ҳазорҳо исроилиён тӯъмаи бадахлоқӣ гаштанд?
4 Сабаби ин бадбахтӣ дар чӣ буд? Сабаб дар он буд, ки исроилиёни зиёд сангдил шуданд: аз Яҳува Худое, ки онҳоро аз Миср баровард, дар биёбон хӯронд ва сиҳату саломат назди Сарзамини ваъдашуда овард, дур шуданд (Ибриён 3:12). Павлуси Расул дар ин бора мулоҳиза ронда, чунин гуфт: «Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд» (1 Қӯринтиён 10:8) *.
5, 6. Мо аз саргузаште, ки чӣ тавр исроилиён дар даштҳои Мӯоб гуноҳ карда буданд, чиро меомӯзем?
5 Саргузаште, ки дар Ададҳо омадааст, барои халқи имрӯзаи Худо бисёр дарсҳои муҳимро дар бар дорад. Зеро халқи Худо дар остонаи Сарзамини ваъдашудаи бузургтар қарор доранд (1 Қӯринтиён 10:11). Масалан, гирифтори шаҳват будани ин ҷаҳон Мӯоби қадимро ба хотир меорад, лекин ин ҷаҳон боз ҳам бадтар аст. Зиёда аз ин, ҳар сол ҳазорҳо масеҳиён тӯъмаи ин гуна бадахлоқӣ мегарданд — айнан ҳамон «хӯр –хӯраке», ки исроилиён ба он афтода буданд (2 Қӯринтиён 2:11). Ва ба мисли Зимрӣ, ки дар пеши назари исроилиён зани мидёниро рост ба ӯрдугоҳи Исроил ба хаймаи худ овард, имрӯз низ баъзе шахсон, ки бо халқи Худо муносибати зич доранд, ба ҷамъомади масеҳӣ таъсири фасодкунанда мерасонанд (Ададҳо 25:6, 14; Яҳудо 4).
6 Оё шумо мефаҳмед, ки имрӯз ба маънои рамзӣ дар даштҳои Мӯоб қарор доред? Оё шумо мукофоти худ — дунёи нави деринтизорро дар пеши назаротон мебинед? Агар ин тавр бошад, бо тамоми қуввататон кӯшиш кунед, ки дар муҳаббати Худо бимонед ва ба аҳкоми зерин гӯш диҳед: «Аз зино бигрезед» (1 Қӯринтиён 6:18).
ЗИНО ЧИСТ?
7, 8. «Зино» чист ва онҳое ки ба он даст мезананд, чиро медараванд?
7 Мувофиқи Китоби Муқаддас «зино» (юнонӣ порнéйа) — ин алоқаи ҷинсии норавоест, ки берун аз издивоҷ мебошад. Танҳо алоқаи ҷинсие, ки дар издивоҷ аст, аз рӯи Навиштаҳо қонунӣ мебошад. Зино чунин корҳоро дар бар мегирад: хиёнати ҳамсарӣ, фоҳишагӣ, алоқаи ҷинсӣ байни одамоне, ки дар издивоҷ нестанд, ҳамчунин тариқи даҳон ё мақъад муносибатҳои маҳрамона кардан ва ё узвҳои ҷинсии якдигарро шаҳватомез навозиш намудани шахсоне, ки дар издивоҷ нестанд. Ба зино инчунин дохил мешавад: алоқаи ҷинсӣ байни одамоне, ки ҷинсашон як аст, ҳамчунин алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвон, ё тавассути узви ҷинсии ҳайвон худро навозиш додан *.
8 Навиштаҳо хеле равшану фаҳмо нишон медиҳад: ҳар касе ки зино кардан гирад, дар ҷамъомади масеҳӣ монда наметавонад ва ҳаёти ҷовидониро соҳиб намешавад (1 Қӯринтиён 6:9; Ваҳй 22:15). Зиёда аз ин, чунин одамон ба худ осеби бисёр меоранд ба монанди: гум кардани бовариву худэҳтиромкунӣ, ҷанҷол дар оила, азоби виҷдон, ҳомиладории ғайрихоҳишӣ, касалӣ ва ҳатто марг. (Ғалотиён 6:7, 8-ро хонед.) Магар зарур аст, ки бо чунин роҳи пур аз дарду азоб равона шавем? Мутаассифона, бисёр касон вақте ки аввалин қадами нодурустро мегузоранд, оқибати онро фикр намекунанд, масалан саргарми порнография мешаванд.
ПОРНОГРАФИЯ — ҚАДАМИ АВВАЛИН БА ЗИНО
9. Ба гуфти баъзеҳо, оё порнография дар ҳақиқат безарар аст? Фаҳмонед.
9 Дар бисёр давлатҳо порнографияро * дар дӯконҳои маҷалла, дар телевизион дидан мумкин аст. Инчунин оиди порнография дар матнҳои мусиқӣ шунидан мумкин аст ва он Интернетро пурра фаро гирифтааст. Оё порнография, чуноне ки баъзеҳо мегӯянд, безарар аст? Албатта, зарарнок аст! Касоне ки порнография тамошо мекунанд, барояшон мастурбатсия метавонад ба одат дарояд. Он метавонад ба «ҳавасҳои нангин» орад, ки ин дар навбати худ ба хоҳишҳои сахти шаҳвонӣ, хоҳишҳои фосиқона, ба вайроншавии оила ва ҳатто ба талоқ оварда расонад (Румиён 1:24–27; Эфсӯсиён 4:19) *. Як тадқиқотчӣ ба алоқаи ҷинсӣ майл доштанро ба касалии саратон (рак) монанд карда, чунин мегӯяд: «Ин майл зиёд шуда паҳн мегардад. Он қариб ки кам намешавад ва онро табобату муолиҷа кардан хеле душвор аст».
10. Чӣ гуна мо аз рӯи принсипи Яъқуб 1:14, 15 амал карда метавонем? (Инчунин ба замимаи « Барои ахлоқан пок мондан, аз куҷо қувват гирем» нигаред.)
10 Биёед суханони дар Яъқуб 1:14, 15 навишташударо дида бароем: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад; баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад». Барои ҳамин, агар дар шумо хоҳиши бад пайдо шавад, кӯшиш кунед, ки онро тезтар аз худ дур созед! Масалан, агар шумо нохост тасвири шаҳватангезро бинед, зуд ба тарафи дигар нигоҳ кунед, ё компютерро кушед, ё дигар канали телевизорро монед. Пеш аз он ки хоҳишҳои бадахлоқона бар шумо ҳукмрон шаванд, тамоми чораҳои заруриро биандешед, то ки ба он дода нашавед. (Матто 5:29, 30-ро хонед.)
11. Вақте ки мо бо хоҳишҳои нодурустамон мубориза мебарем, чӣ гуна ба Яҳува таваккал карданамонро нишон дода метавонем?
11 Шахсияте, ки моро аз худамон беҳтар медонад, ба Қӯлассиён 3:5). Албатта ин осон нест. Вале дар хотир доред, ки мо Падари осмонии меҳрубон ва пуртоқате дорем, ки аз Ӯ кӯмак пурсида метавонем (Забур 67:20). Пас ҳар гоҳе ки дар майнаатон фикрҳои нодуруст пайдо шаванд, даррав ба Ӯ муроҷиат кунед. Барои «бартарии қувват» дуо гӯед ва кӯшиш кунед, ки диққататонро ба чизҳои дигар равона созед (2 Қӯринтиён 4:7; 1 Қӯринтиён 9:27; ба замимаи « Чӣ тавр аз одати бади худ халос шавам», нигаред).
мо насиҳат медиҳад: «Андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед» (12. Дар Китоби Муқаддас зери калимаи «дил» чӣ ба назар дошта шудааст ва чаро мо бояд онро ҳифз намоем?
12 Шоҳи бохирад Сулаймон чунин навишт: «Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст» (Масалҳо 4:23). Зери калимаи «дил» ботини мо дар назар дошта шудааст, яъне мо дар назари Худо чӣ гуна шахс мебошем. Зиёда аз ин, соҳиби ҳаёти абадӣ шуданамон на аз ақидаи одамон дар бораи мо, балки аз назари Худо дар бораи «дили» мо вобаста аст. Ҳамаи ин оддӣ метобад, вале ба ин бояд ҷиддӣ муносибат кунем. Айюби худотарс бо чашмонаш аҳд баст, то ки ба зан ба таври ношоиста нигоҳ накунад (Айюб 31:1). Чӣ намунаи олиҷанобест барои мо! Забурнавис низ бо чунин рӯҳия дуо гуфт: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо» (Забур 118:37).
ИНТИХОБИ БЕХИРАДОНАИ ДИНО
13. Дино кӣ буд ва чаро интихоби ӯ дар мавриди дӯстон бехирадона буд?
13 Чуноне ки дар боби 3 дида баромадем, дӯстонамон ба мо таъсири хуб ё таъсири бад расонда метавонанд. (Масалҳо 13:20; 1 Қӯринтиён 15:33-ро хонед.) Биёед намунаи Дино, духтари Яъқуб–пайғамбарро дида бароем. Гарчанд Дино тарбияи хуб гирифта буд, ӯ бехирадона амал намуда, бо духтарони Канъон дугона шуд. Канъониён низ мисли мӯобиён бо рафтори бадахлоқонаи зишти худ машҳур буданд (Ибодат 18:6–25). Мисли дигар мардони канъонӣ, Шакем, ки «аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд», барои бо Дино алоқаи ҷинсӣ кардан ягон нодурустие намедид (Ҳастӣ 34:18, 19).
14. Чӣ тавр дӯстонеро, ки Дино интихоб кард ба нохушӣ оварда расонд?
14 Вақте ки Дино Шакемро дид, эҳтимол дар хаёлаш ҳам набуд, ки бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад. Вале Шакем тавре рафтор кард, ки барои аксари канъониён табиӣ буд, зеро вақте ки дар канъониён хоҳишҳои шаҳвонӣ пайдо мешуданд, онҳо ба алоқаи ҷинсӣ даст мезаданд. Ҳар муқобилияти Дино аллакай бефоида буд, зеро Шакем «ӯро гирифт... ва ба номуси ӯ таҷовуз кард». Аз афташ Шакем дертар «ошиқи» Дино гашт, аммо ин, кори кардаи Шакемро ислоҳ накард. (Ҳастӣ 34:1–4-ро хонед.) Вале дар натиҷа танҳо худи Дино азоб накашид. Интихоб кардани дӯстонаш ба ҳодисае оварда расонд, ки он тамоми оилаашро беобрӯву шарманда кард (Ҳастӣ 34:7, 25–31; Ғалотиён 6:7, 8).
15, 16. Чӣ гуна мо хиради ҳақиқиро ба даст оварда метавонем? (Ҳамчунин ба замимаи « Оятҳои Китоби Муқаддас барои мулоҳиза» нигаред.)
Масалҳо 13:20а). Ҳамин тавр онҳо «ҳар тариқи некро» дарк мекунанд ва аз проблемаҳои зиёдатӣ ва азобҳо канорагирӣ менамоянд (Масалҳо 2:6–9; Забур 1:1–3).
15 Гарчанд Дино барои худ дарси муҳим гирифт, ин барои ӯ хеле гарон афтод. Онҳое ки Яҳуваро дӯст медоранд ва Ӯро гӯш мекунанд, шарт нест, ки бо чунин роҳ ба худ дарс гиранд. Каломи Худоро гӯш карда, онҳо бо хирадмандон роҳ мераванд (16 Хиради Худо ба ҳамаи онҳое дастрас аст, ки ташнаи он мебошанд ва бо дуои пайваста, омӯзиши мунтазами Каломи Худо ва маводе, ки аз ҷониби ғуломи мӯътамад ва доно омода мешавад, ташнагиашонро мешикананд (Матто 24:45; Яъқуб 1:5). Ҳамчунин фурӯтанӣ зарур аст, ки онро дар иҷро кардани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дидан мумкин аст (4 Подшоҳон 22:18, 19). Масалан, масеҳӣ умуман мефаҳмад, ки дилаш маккор ва хатарнок буда метавонад (Ирмиё 17:9). Вале агар зарур ояд, оё ӯ барои маслиҳату кӯмаки меҳрубононаро қабул кардан, фурӯтанӣ зоҳир менамояд?
17. Нақл кунед, ки дар оила кадом вазъият рӯй дода метавонад ва фаҳмонед, ки чӣ тавр падар метавонист бо духтараш сӯҳбат кунад.
17 Чунин ҳолатро тасаввур кунед. Падар ба духтараш иҷозат намедиҳад, ки бо ҷавони масеҳӣ бе ҳамроҳ ба мулоқот равад. Духтар норозигӣ баён мекунад: «Падарҷон, оё шумо ба ман боварӣ надоред? Охир мо ягон кори бад намекунем–ку!» Шояд ӯ Яҳуваро дӯст медорад ва фикру ниятҳои хуб дорад, аммо оё гуфтан мумкин аст, ки вай «бо хирад»-и Худо рафтор мекунад? Оё ӯ аз зино мегурезад? Ё ин ки ӯ ақлашро гум карда, «аз худаш дилпур» аст? (Масалҳо 28:26). Эҳтимол, шумо дигар принсипҳоеро оварда метавонед, ки дар ин ҳолат ба падару духтар кӯмак хоҳанд расонд. (Ба Масалҳо 22:3; Матто 6:13; 26:41 нигаред.)
ЮСУФ АЗ ЗИНО МЕГУРЕХТ
18, 19. Юсуф бо кадом васваса рӯ ба рӯ шуд ва ӯ чӣ гуна онро ҳал намуд?
18 Ҷавони хубе, ки бародари ҳамхуни Дино, Юсуф буд, ба мо намунаи беҳтарин гузошт. Ӯ Худоро дӯст медошт ва аз зино мегурехт (Ҳастӣ 30:20–24). Юсуф дар кӯдакиаш худ дида буд, ки рафтори беақлонаи хоҳараш ба чӣ оварда расонд. Бешубҳа ин хотираҳо ва ҳамчунин хоҳиши дар муҳаббати Худо мондан, баъдтар Юсуфро дар Миср, вақте ки зани хӯҷаинаш «ҳаррӯз» васваса мекард, ӯро муҳофизат карданд. Азбаски Юсуф ғулом буд, ӯ ҳуқуқ надошт, ки аз кор озод шуда равад. Дар ин ҳолат ба ӯ зарур буд, ки бохирадона ва мардона рафтор кунад. Ӯ ҳамеша пешниҳоди зани Фӯтифарро рад мекард ва дар охир аз ӯ гурехт. (Ҳастӣ 39:7–12-ро хонед.)
19 Андеша кунед: агар Юсуф дар бораи ин зан, ё оиди алоқаи ҷинсӣ доимо орузуву ҳавас мекард, оё ӯ метавонист беайбии худро нигоҳ дорад? Яқинан, не. Юсуф ба орзуҳои гунаҳкорона дода намешуд, баръакс ӯ муносибаташро бо Яҳува хеле қадр мекард. Инро аз суханони ӯ, ки ба зани Фӯтифар гуфта буд, дидан мумкин аст: «Оғои ман... ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ҷуз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?» (Ҳастӣ 39:8, 9).
20. Яҳува дар мавриди Юсуф чӣ гуна роҳбарӣ намуд?
20 Тасаввур кунед, ки чӣ хурсандиеро Яҳува эҳсос мекард, вақте медид, ки чӣ тавр Юсуфи ҷавон, ки аз оилааш дур буд, рӯз аз рӯз беайбии худро нигоҳ медошт (Масалҳо 27:11). Баъдтар, Яҳува тавре роҳбарӣ кард, ки Юсуфро на танҳо аз зиндон озод карданд, балки ӯро дар Миср сардори асосӣ, ки корҳои хоҷагиро идора мекард, таъин намуданд (Ҳастӣ 41:39–49). То чӣ андоза ҳақанд суханоне, ки дар Забур 96:10 омадаанд: «Эй дӯстдорони Худованд, аз бадӣ нафрат кунед! Ӯ ҷонҳои порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад, онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад».
21. Чӣ гуна бародари ҷавоне ки аз Африқо буд, бо ахлоқан пок монданаш далерӣ зоҳир намуд?
Омӯс 5:15). Бародари ҷавоне аз Африқо нақл мекунад, ки як ҳамсинфаш бе ягон шарму ҳаё ба ӯ бар ивази кори хаттӣ аз математика алоқаи ҷинсӣ карданро пешниҳод кард. «Ман фавран ин пешниҳоди духтарро рад кардам — мегӯяд ӯ.— Беайб монда, ман қадру қиммат ва худэҳтиромкуниро, ки аз нуқраву тилло гаронтар аст, нигоҳ доштам». Дар ҳақиқат гуноҳ метавонад «ҳаловати муваққатӣ» оварад, лекин бисёр вақт чунин кайфияти зудгузар дарди зиёд меорад (Ибриён 11:25). Ғайр аз ин, чунин ҳаловат дар назди хушбахтии абадие, ки ба туфайли итоаткорӣ ба Худо имконпазир мебошад, ҳеҷ аст (Масалҳо 10:22).
21 Ҳамин тавр, имрӯз низ хизматгорони Худо нишон медиҳанд, ки аз бадӣ нафрат доранд ва некиро дӯст медоранд (МАДАДИ ХУДОИ РАҲМДИЛРО ҚАБУЛ КУНЕД
22, 23. a) Чаро вазъияти масеҳие, ки гуноҳи ҷиддӣ карда буд, беилоҷ нест? б) Шахсе ки гуноҳ кардааст, чӣ гуна кӯмак гирифта метавонад?
22 Азбаски мо нокомил ҳастем, ба ҳамаамон зарур аст, ки барои дур кардани хоҳишҳои ҷисм ва дар пеши Худо дуруст рафтор кардан, мубориза барем (Румиён 7:21–25). Яҳува инро мефаҳмад, чунки Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (Забур 102:14). Баъзан, масеҳӣ метавонад гуноҳи ҷиддие кунад. Магар вазъияти вай беилоҷ аст? Албатта не! Лекин шахси гунаҳкор мисли шоҳ Довуд, шояд оқибати талхро хоҳад даравид. Ба ҳар ҳол, Худо барои онҳое ки тавба карда, ба гуноҳашон иқрор мешаванд, ҳамеша барои «омурзгор» ё бахшанда будан, тайёр аст. (Забур 85:5; Яъқуб 5:16; Масалҳо 28:13-ро хонед.)
23 Зиёда аз ин, Худо аз муҳаббат ба ҷамъомадҳои масеҳӣ «одамонро чун инъомҳо», яъне чӯпонони рӯҳан баркамол, ки метавонанд ва тайёранд кӯмак расонанд, ато кардааст (Эфсӯсиён 4:8, 12, ТДН; Яъқуб 5:14, 15). Мақсади онҳо — кӯмак кардан ба шахси гуноҳкарда мебошад, то ин ки муносибати ӯ бо Яҳува барқарор шавад. Агар бо суханони шоҳи хирадманд гӯем, ӯ шахсе мешавад, ки барои дигар гуноҳ накардан, дили бохирад, яъне «ҳикмат пайдо мекунад» (Масалҳо 15:32).
ҲИКМАТ ПАЙДО КУНЕД
24, 25. а) Чӣ тавр ҷавони дар Масалҳо 7:6–23 омада, нишон дод, ки ӯ «соддадил» аст? б) Чӣ тавр мо ҳикмат пайдо карда метавонем?
24 Дар Китоби Муқаддас дар бораи «соддадилон» ва касе ки «ҳикмат пайдо мекунад» гуфта шудааст (Масалҳо 7:7). Ба баъзе «соддадилон» аз сабаби рӯҳан баркамол набудан ва дар хизмат таҷриба надоштанашон, дурандешӣ ва солимфикрӣ намерасад. Мисли ҷавони дар Масалҳо 7:6–23 омада, чунин масеҳӣ метавонад ба осонӣ гуноҳи ҷиддӣ кунад. Лекин касе ки «ҳикмат пайдо мекунад», ботини худро бо ёрии дуо ва омӯзиши мунтазами Каломи Худо ҷиддӣ тадқиқ мекунад. Чӣ қадаре ки аз дасти шахси нокомил ояд, ӯ фикру хоҳиш, ҳиссиёт ва мақсадҳои ҳаёташро ба иродаи Худо мувофиқ мегардонад. Ҳамин тавр, ӯ «ҷони худро дӯст медорад», яъне онро аз бадӣ ҳифз мекунад ва «файз меёбад» (Масалҳо 19:8).
25 Аз худ пурсед: «Оё ман ҳақиқатан боварӣ дорам, ки меъёрҳои Худо дуруст мебошанд? Оё ман боварии комил дорам, ки аз рӯи онҳо амал намудан хушбахтии беҳадду канор меорад?» (Забур 18:8–11; Ишаъё 48:17, 18). Агар шумо каме ҳам шубҳа дошта бошед, онро ҳал кунед. Мулоҳиза кунед, ки риоя накардани қонунҳои Яҳува ба чӣ оварда мерасонад. Инчунин аз рӯи ҳақиқат зиста майнаи худро бо фикрҳои манфиатбахш, яъне бо ҳар он чӣ рост аст, ҳалол аст, пок аст, шоёни таҳсин аст ва бо ҳар эҳсон, ё некӯкорӣ пур кунед. Ва аз рӯи чунин даъват амал кунед: «Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!» (Забур 33:9; Филиппиён 4:8, 9). Шумо метавонед боварӣ дошта бошед, ки агар ин тавр амал кунед, муҳаббататон ба Худо ва ба он чизе ки Ӯ дӯст медорад, меафзояд ва аз он чизе ки Ӯ нафрат дорад, нафрататон зиёд мешавад. Юсуф одами оддӣ буд. Лекин ӯ тавонист аз зино гурезад, чунки мехост ба Яҳува писанд бошад. Юсуф солҳои зиёд ба Яҳува иҷозат медод, ки шахсияти ӯро беҳтар гардонад. Шумо низ чунин амал кунед (Ишаъё 64:8).
26. Дар бобҳои навбатӣ кадом саволи ҷиддӣ муҳокима карда мешавад?
26 Офаридгори мо узвҳои ҷинсиро на барои бозӣ, балки барои ҳаёт додан ва аз наздикшавӣ ҳаловат бурдан дар издивоҷ офарида аст (Масалҳо 5:18). Дар ду боби навбатӣ нуқтаи назари Худо ба издивоҷ муҳокима карда мешавад.
^ сарх. 4 Ба 24 000 нафаре, ки дар бораашон дар Ададҳо гуфта шудааст, шояд ҳам «сардорони қавм», ки онҳоро доварон куштанд ва ҳам одамоне, ки онҳоро худи Яҳува кушта буд, дохил мешаванд. Аз ин маълум мешавад, ки аз дасти доварон тахминан 1 000 нафар кушта шуда буд (Ададҳо 25:4, 5).
^ сарх. 7 Барои фаҳмидани маънои нопокӣ ва фуҷур ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 июли с. 2006, мақолаи «Саволҳои хонандагон» ва мақолаи «Яҳува оилаашро ҷамъ меоварад» аз «Бурҷи дидбонӣ», 15 июли с. 2012, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гардидааст, нигаред.
^ сарх. 9 Дар ин ҷо, зери «порнография» тасвир ва маълумоти хаттӣ ё даҳонӣ, ки мазмуни шаҳвонӣ дошта, хоҳиши алоқаи ҷинсӣ карданро бедор месозад, дар назар дошта мешавад. Ба порнография метавонад ҳам тасвири одаме, ки ба тарзи шаҳвонӣ истодааст ва ҳам тасвири алоқаи ҷинсии аз ҳама нафратангези байни ду ё зиёда одамон дохил шавад.
^ сарх. 9 Мастурбатсия дар Замимаи «Мастурбатсия. Чӣ гуна бар ин одат ғолиб бароем?» муҳокима карда мешавад.