БОБИ 12
Бигзор сухани неки шумо «барои обод кардан бошад»
«Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад» (ЭФСӮСИЁН 4:29).
1–3. а) Яҳува ба мо чӣ гуна инъом додааст ва чӣ тавр он нодуруст истифода мешавад? б) Чӣ гуна мо қобилияти инъоми суханрониро истифода барем, то ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем?
АГАР ба шахсе ки дӯсташ медоред тӯҳфае тақдим мекардед, лекин ӯ дидаву дониста онро нодуруст истифода мебурд, шумо худро чӣ гуна эҳсос мекардед? Фарз кардем, ки шумо ба ӯ мошин тӯҳфа кардед, вале баъдтар мефаҳмед, ки ӯ мошинро беэҳтиётона ронда ба дигарон зарар расондааст. Магар шумо аз ин хафа намешудед?
2 Қобилияти сухан гуфтан — ин ато аз ҷониби Яҳува, ки Атокунандаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» мебошад (Яъқуб 1:17). Маҳз ба туфайли ин инъом, ки одамро аз ҳайвон фарқ мекунонад, мо ба дигарон на танҳо фикр, ҳамчунин ҳиссиётамонро гуфта метавонем. Ба монанди мошин, ин инъоми суханронӣ метавонад нодуруст истифода бурда шавад. Вақте ки ягон кас беэҳтиётона сухан гуфта, дили дигаронро меранҷонад, чӣ қадар Яҳува аз ин хафа хоҳад шуд!
3 То ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем, бояд қобилияти атои суханрониро тавре ки Офаридгор фармудааст, истифода барем. Яҳува аниқу равшан нишон медиҳад, ки кадом тарзи суханронӣ ба Ӯ маъқул аст. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта мешавад: «Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад» (Эфсӯсиён 4:29). Биёед дида мебароем, ки барои чӣ бояд ба тарзи суханронӣ диққат диҳем, аз кадом тарзи суханронӣ бояд дар канор бошем ва чӣ тавр «сухани нек»-е гӯем, ки «барои обод кардан бошад».
ЧАРО БА ТАРЗИ СУХАНРОНИИ ХУД БОЯД АҲАМИЯТ ДОД
4, 5. Дар баъзе масалҳои Китоби Муқаддас суханоне, ки дорои қувватанд, чӣ тавр тасвир карда шудаанд?
4 Якум сабаби муҳиме, ки ба тарзи суханрониамон бояд аҳамият диҳем, дар он аст ки суханон дорои қувват мебошанд. Дар Масалҳо 15:4 гуфта мешавад: «Чарбзабонӣ дарахти ҳаёт аст, вале бадзабонӣ шикастагии рӯҳ аст» *. Чӣ тавре ки об дарахти хушкшудаистодаро зинда мегардонад, ҳамин тавр сухани мулоим ҳам, ба онҳое ки онро гӯш мекунанд, тароват мебахшад. Бадзабонӣ бошад, баръакс рӯҳафтода мегардонад. Дар ҳақиқат суханоне, ки мо мегӯем қувваи ранҷондан, ё қувваи шифо бахшиданро доранд (Масалҳо 18:21).
5 Дар масали зерин сухане, ки дорои қувват аст, хеле равшан тасвир ёфтааст: «Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст» (Масалҳо 12:18). Неши забон задан ё саросемавор суханони беақлона гуфтан, метавонад захми чуқур гузорад ва муносибатро вайрон созад. Оё ягон кас ба дили шумо бо сухан мисли шамшер зарба задааст? Ҳамчунин дар ҳамон масал гуфта шудааст: «Забони хирадмандон офият мебахшад». Суханони нағз фикркардашудаи шахс, ки дорои хиради Худо мебошанд, дили захмдоршударо шифо мебахшанд ва муомиларо барқарор мекунанд. Оё шумо метавонед қувваи шифобахшандаи суханони некро ки эҳсос карда будед, ба хотир оред? (Масалҳо 16:24-ро хонед.) Дорои қувват будани суханонро ба хотир оварда, мо бешубҳа мехоҳем суханамонро барои шифо бахшидан истифода барем, на ин ки барои захмдор кардан.
Сухани нарму мулоим тароват мебахшад
6. Чаро забони худро идора кардан хеле душвор аст?
6 Ҳар қадаре ки мо кӯшиш накунем, забони худро пурра идора карда наметавонем. Сабаби дуюме, ки бояд ба тарзи суханронии худ аҳамият диҳем, дар он аст ки гуноҳ ва нокомилӣ моро бармеангезанд, ки забонамонро нодуруст истифода барем. Суханон аз дил мебароянд, лекин «андешаи дил... бад аст» (Ҳастӣ 8:21; Луқо 6:45). Барои ҳамин, ҷилави забони худро кашидан хеле душвор аст. (Яъқуб 3:2–4-ро хонед.) Гарчанд мо ба пуррагӣ забонро идора карда натавонем ҳам, лекин мо метавонем кӯшиш кунем, ки онро ҳар чӣ беҳтар истифода барем. Чун шиноваре, ки муқобили ҷараён шино мекунад ва бо он мубориза мебарад, ба мо низ лозим меояд, ки бо майли гунаҳкоронаи нодуруст истифода бурдани забони худ мубориза барем.
7, 8. Барои суханонамон, мо дар назди Яҳува кадом ҷавобгариро ба ӯҳда дорем?
7 Сабаби сеюме, ки бояд ба тарзи суханронии худ аҳамият диҳем дар он мебошад, ки Яҳува моро барои суханонамон ба ҷавобгарӣ мекашад. Аз он ки мо чӣ тавр забонамонро истифода мебарем, на танҳо ба муносибатамон бо одамон, ҳамчунин ба фикри Яҳува дар бораи мо таъсир мекунад. Дар Яъқуб 1:26 гуфта мешавад: «Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд,— диндории вай бефоида аст» *. Чӣ тавре ки аз бобҳои гузашта фаҳмидем, сухани мо бевосита бо ибодатамон бо Яҳува алоқаманд аст. Агар ҷилави забони худро накашем,— яъне агар суханони мо таҳқиромез ва заҳролуд бошанд,— он гоҳ хизматамон дар пеши Яҳува бефоида буда метавонад. Оё ин фикр шуморо ба мулоҳиза барнамеангезад? (Яъқуб 3:8–10).
8 Аён аст, ки мо сабаби ҷиддие дорем, то ки барои дуруст истифода бурдани атои суханронӣ бодиққат бошем. Пеш аз он ки сухани тароватбахши ободкунандаро дида бароем, биёед аввал дар бораи он ки кадом тарзи суханронӣ дар ҳаёти масеҳӣ бояд ҷой надошта бошад, сӯҳбат кунем.
СУХАНЕ, КИ РӮҲАФТОДА МЕГАРДОНАД
9, 10. а) Кадом тарзи суханронии қабеҳ, имрӯз дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон чизи муқарарӣ гаштааст? б) Чаро мо бояд сухани қабеҳро рад кунем? (Ҳамчунин ба эзоҳ нигаред.)
9 Сухани қабеҳ. Лаънат, ҳақорати дағалона ва дигар намуди сухани қабеҳ, имрӯзҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон чизи муқарарӣ гаштааст. Бисёриҳо бо ҳақорат кардан мекӯшанд, ки нутқи худро боз ҳам эҳсосноктар гардонанд ва ё захираи луғавии маҳдуди худро пур кунанд. Бисёр вақт масхарабозон барои хандондани одамон суханони бешарму ҳаё ва разилона мегӯянд, ки бо алоқаи ҷинсӣ алоқаманд аст. Аммо сухани қабеҳ — ин кори ҳазл нест. Қариб 2 000 сол пеш, Павлуси расул ба ҷамъомади Қӯлассиён маслиҳат дода буд, ки «алфози қабеҳи» худро тарк кунанд (Қӯлассиён 3:8). Дар ҷамъомади Эфсӯс Павлус гуфт, ки дар байни масеҳиёни ҳақиқӣ сухани «масхарабозӣ» ҳатто ба забон гирифта нашавад (Эфсӯсиён 5:3, 4).
10 Суханронии қабеҳ Яҳуваро меранҷонад. Чунин суханронӣ ҳамчунин онҳоеро меранҷонад, ки Ӯро дӯст медоранд. Мо аз рӯи муҳаббат ба Яҳува ҳар гуна сухани қабеҳро рад мекунем. Дар қатори «корҳои ҷисм» Павлус «нопокӣ»-е, ки сухани қабеҳро низ дар бар мегирад, ба хотир меорад (Ғалотиён 5:19–21). Ин бисёр ҷиддӣ аст. Агар масеҳӣ ба маслиҳатҳои чандинбора нигоҳ накарда тавба накунад ва суханаш мисли пештара бадахлоқона, номуносиб ва вайрон бошад, ӯ аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад *.
11, 12. а) Ғайбат чист ва чӣ тавр он зараровар буда метавонад? б) Чаро ба ибодаткунандагони Яҳува зарур аст, ки аз тӯҳмат канорагирӣ намоянд?
11 Ғайбати зараррасон, тӯҳмат. Ғайбат — ин паҳн кардани овозаҳо дар бораи одамон ва корҳои онҳо мебошад. Агар мо дар бораи корҳои шахсии дигарон гап занем, оё ин ҳама вақт бад аст? Агар мо ба дигарон хабари хуш ё маълумоти фоидаоварро нақл кунем, масалан оиди он ки касе ба қарибӣ таъмид гирифтааст, ё касе ба рӯҳбаландӣ ниёз дорад, ин бад нест. Масеҳиёни асри як оиди беҳбудии якдигар аҳволпурсӣ менамуданд ва дар бораи ҳамимононашон хабарҳои бамавридро ба якдигар нақл мекарданд (Эфсӯсиён 6:21, 22; Қӯлассиён 4:8, 9). Агар дар сӯҳбат ҳақиқати ҳол нодуруст дода шавад ё маълумоти шахсие, ки бояд дигарон надонанд нақл карда шавад, он гоҳ сӯҳбатро ғайбати зараровар номидан мумкин аст. Аз ҳама бадтараш ин ки он ба тӯҳмате, ки ҳама вақт зарар меорад, оварда мерасонад. Тӯҳмат — ин «дониста паҳн кардани овозае мебошад, ки он маълумоти дурӯғ ва бадномкунандаро дар бар мегирад». Масалан, фарисиён барои бадном кардани Исо, тӯҳмати бадқастонаро истифода бурданд (Матто 9:32–34; 12:22–24). Тӯҳмат бисёр вақт ба баҳсу мунозира оварда мерасонад (Масалҳо 26:20).
12 Яҳува онҳоеро, ки атои суханрониро нодуруст истифода мебаранд, то ки дигаронро тӯҳмат кунанд, ё ихтилофотро ба миён меоранд, беҷазо намегузорад. Ӯ нисбати шахсоне, ки «дар миёни бародарон ситезаҳо» меангезанд, Масалҳо 6:16–19). Калимаи юнонии диáболос, ки «тӯҳматчӣ» тарҷума шудааст, дар мавриди Шайтон низ истифода мешавад. Шайтон, ки Иблис аст, Худоро бадгӯёна тӯҳмат мекунад (Ваҳй 12:9, 10). Бешубҳа, мо аз тарзи суханроние, ки моро мисли иблис мегардонад, канорагирӣ менамоем. Дар ҷамъомад барои тӯҳмате, ки ба чунин корҳои ҷисм ба монанди «ҷидол» ва «ихтилофот» бармеангезанд, ҷой нест (Ғалотиён 5:19–21). Бинобар ин, пеш аз он ки оиди касе хабареро нақл кунем, бояд аз худ бипурсем: «Оё ин рост аст? Агар ман онро ба дигарон гӯям, оё кори хуб мекунам? Умуман паҳн кардани ин маълумот лозим аст?» (1 Таслӯникиён 4:11-ро хонед.)
нафрат дорад (13, 14. а) Бадгӯӣ ба онҳое ки онро мешунаванд чӣ гуна таъсир мерасонад? б) Нисбати дигарон бадзабонӣ кардан чӣ маъно дорад ва чаро касе ки ба дигарон сухани бад мегӯяд, худро дар хатар мегузорад?
13 Бадгӯӣ. Чӣ хеле ки дар аввал қайд карда шуд, суханон метавонанд ранҷонанд. Албатта, баъзан ҳамаи мо аз нокомилӣ суханонеро мегӯем, ки баъдтар аз он пушаймон мешавем. Лекин Китоби Муқаддас оиди он тарзи суханроние, ки дар хонаи масеҳиён ва ҳам дар ҷамъомад тамоман ҷой надоранд, огоҳ мекунад. Павлус масеҳиёнро даъват намуд: «Ҳар гуна кудурат ва қаҳр ва ғазаб ва фарёд ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад» (Эфсӯсиён 4:31). Дар дигар тарҷумаҳо калимаи «бадгӯӣ» чун «бадгапӣ», «бадзабонӣ» ва «суханони дашномдиҳанда» омадааст. Бадгӯӣ, гапҳои дашномдиҳанда ва танқиди дағалонаи доимӣ, метавонанд қадри дигаронро паст зананд ва дар онҳо ҳиссиёти беқадру қиммат буданро пайдо созанд. Дили нозук ва бовариноки кӯдакон хусусан зудранҷ аст ва бадгӯӣ метавонад ба онҳо таъсири бад расонад (Қӯлассиён 3:21).
14 Китоби Муқаддас бадзабонӣ, яъне бо суханони аламовар ё бо дашном паст задани касро сахт маҳкум мекунад. Шахсе ки чунин суханро ба забон мегирад худро дар хатар мегузорад. Чунки шахси бадзабон, агар барои ислоҳ шудан ба кӯмаки чандинбора гӯш накунад, эҳтимол аз ҷамъомад 1 Қӯринтиён 5:11–13; 6:9, 10). Маълум аст, ки агар сухани мо бефоида, дурӯғ ва кинадор бошад, мо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дошта наметавонем. Чунин сухан рӯҳафтода мегардонад.
хориҷ карда мешавад. Агар ислоҳ нашавад, бешубҳа ӯ аз баракати Салтанат маҳрум шуда метавонад (СУХАНОНИ НЕК, КИ ОБОД МЕКУНАНД
15. Кадом сухан «барои обод кардан» фоиданок аст?
15 Чӣ тавр атои суханрониро мувофиқи иродаи Офаридгор истифода бурдан мумкин аст? Ба хотир оред, ки Каломи Худо моро даъват мекунад, ки «сухани нек»-е гӯем, ки «барои обод кардан бошад» (Эфсӯсиён 4:29). Вақте ки мо ба дигарон суханони ободкунанда, рӯҳбаландкунанда ва тақвиятбахш мегӯем, Яҳува аз ин хурсанд мешавад. Барои чунин сухан гуфтан, мо бояд нағз фикр кунем. Дар Китоби Муқаддас намунаи тайёр дода нашудааст; дар он инчунин рӯйхате, ки чиро «каломи солим» ҳисобидан мумкин аст, гуфта нашудааст (Титус 2:8). То ки «барои обод кардан» суханони нек гӯем, мо бояд се ҷиҳатҳои фарқкунандаи оддӣ ва ҳамзамон муҳими сухани ободкунандаро дар хотир дошта бошем: Он бояд фоидабахш, рост ва меҳрубонона бошад. Аз ин рӯ, биёед як чанд мисолҳои сухани ободкунандаро кушоду равшан дида мебароем. (Ба замимаи « Оё сухани маро ободкунанда гуфтан мумкин аст?» нигаред.)
16, 17. а) Чаро мо бояд дигаронро таъриф кунем? б) Дар ҷамъомад ва ҳам дар оила кадом имкониятҳои таъриф кардани дигарон вуҷуд дорад?
16 Таърифи самимӣ. Яҳува ва Исо мефаҳманд, ки суханони таърифиву таҳсинӣ гуфтан муҳим аст (Матто 3:17; 25:19–23; Юҳанно 1:47). Мо низ чун масеҳӣ бояд дигаронро таъриф кунем. Барои чӣ? «Чӣ хуш аст сухани бамавқеъ!» — гуфта мешавад дар Масалҳо 15:23. Аз худ бипурсед: «Вақте ки маро аз таҳти дил таъриф мекунанд, ман худро чӣ гуна ҳис мекунам? Оё аз чунин таъриф ман болу пар мекушоям ва он дили маро хурсанд мегардонад?» Дар ҳақиқат таърифи самимӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба шумо эътибор медиҳанд, шумо барои дигарон бефарқ нестед ва кӯшишатон ҳақиқатан қадр карда мешавад. Чунин суханон ба шумо боварӣ мебахшанд ва шуморо бармеангезанд, ки боз ҳам бештар дар оянда меҳнат кунед. Вақте ки шуморо таъриф мекунанд, эҳтимол ин ба шумо маъқул аст ва оё набояд шумо низ дигаронро таъриф кунед? (Матто 7:12-ро хонед.)
17 Кӯшиш кунед, ки ба ҷиҳати хуби дигарон диққат диҳед ва барои ин онҳоро таъриф кунед. Масалан, дар ҷамъомад шумо метавонед нутқи хуб тайёркрадаро гӯш кунед ва ба воизи ҷавоне, ки барои мақсадҳои рӯҳонӣ кӯшиш мекунад, ё масеҳии солхӯрдае, ки ба синну солаш нигоҳ накарда доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорад, диққат диҳед. Таърифи самимӣ ба дили чунин одамон метавонад таъсир расонад ва онҳоро рӯҳан бақувват гардонад. Дар оила зану шавҳар бояд аз якдигар суханони таърифӣ ва миннатдориро шунаванд (Масалҳо 31:10, 28). Кӯдакон бошанд, аз он ки ба онҳо эътибор медиҳанд ва онҳоро қадр мекунанд, гӯё гул–гул мешукуфанд. Барои онҳо таърифу таҳсин — мисли нури офтоб ва об барои растаниҳо мебошад. Барои ҳамин, волидон имкониятҳо ҷӯед, то ки фарзандонатонро барои кӯшишу хислатҳои хубашон таъриф кунед. Таъриф ба кӯдаконамон ҷасуриву боварӣ мебахшад ва онҳоро бармеангезад, ки бо кӯшиши зиёд он чизе ки дуруст аст, иҷро кунанд.
18, 19. Чаро барои тасаллӣ додани ҳамимонон набояд қуввати худро дареғ дошт ва чӣ гуна мо инро карда метавонем?
18 Тассалӣ. Яҳува самимона ба «мазлум ва афтодарӯҳ» ғамхорӣ менамояд (Ишаъё 57:15). Каломи Ӯ моро бармеангезад: «Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед... ...Беҷуръатон [«Афсурдадилон»]-ро тасаллӣ диҳед» (1 Таслӯникиён 5:11, 14, ТДН). Мо боварӣ дошта метавонем, ки барои тасаллӣ додани он ҳамимононамон, ки афсурдадиланд, Худо кӯшишҳои моро ба эътибор мегирад ва қадр мекунад.
19 Барои тасаллӣ додани масеҳие, ки рӯҳафтода шудааст, ё аз сабаби чизе андӯҳгин аст, чӣ гуфтан мумкин аст? Яъқуб 5:14, 15). Ба вай гӯед, ки ӯ хеле шахси даркорӣ аст ва ӯро дар ҷамъомад қадр мекунанд (1 Қӯринтиён 12:12–26). Барои ӯро боварӣ кунондан, ки Яҳува шахсан худаш ба ӯ ғамхорӣ мекунад, ояти рӯҳбаландкунандаи Китоби Муқаддасро хонед (Забур 33:19; Матто 10:29–31). Агар шумо барои «сухани меҳрубонона» гуфтан вақтатонро дареғ надошта, бо чунин шахс аз таҳти дил сӯҳбат кунед, ин бешубҳа барои эҳсос кардани он ки ӯро дӯст медоранд ва қадр мекунанд, кӯмак мерасонад. (Масалҳо 12:25-ро хонед.)
Фикр накунед, ки шумо барои ҳал кардани мушкилии вай вазифадоред. Гуфтани суханони оддӣ бисёр вақт фоиданок мебошанд. Шахси андӯҳгинро ба дастгирии худ боварӣ кунонед. Ӯро барои бо овоз дуо гуфтан даъват кунед. Шумо метавонед дар дуо аз Яҳува барои ин масеҳӣ кӯмак пурсед, то ӯ дарк кунад, ки дигарон ва ҳамчунин худи Худо ӯро дӯст медорад (20, 21. Ба шарофати кадом сабабҳо маслиҳат фоида оварда метавонад?
20 Маслиҳати фоидабахш. Аз сабаби нокомилиамон, ҳамаи мо ҳар вақт ба маслиҳат мӯҳтоҷем. Китоби Муқаддас моро бармеангезад: «Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ» (Масалҳо 19:20). Машварат ё маслиҳатро на танҳо пирон дода метавонанд. Волидон низ ба фарзандони худ маслиҳат медиҳанд (Эфсӯсиён 6:4). Хоҳарони баркамол метавонанд ба хоҳарони ҷавонтар маслиҳат диҳанд (Титус 2:3–5). Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба дигарон тавре маслиҳат диҳем, ки онҳо худашонро андӯҳгин ҳис накунанд. Барои чунин маслиҳат додан, чӣ ба мо кӯмак мерасонад? Се сабаберо дида мебароем, ки ба туфайли он маслиҳат фоидаи зиёд оварда метавонад: рӯҳия ва нияти маслиҳатдиҳанда; бар чӣ асос ёфтани маслиҳат ва чӣ тавр он дода мешавад.
21 Манфиат овардани маслиҳат аз маслиҳатдиҳанда вобаста аст. Аз худ бипурсед: «Барои ман кадом вақт қабул кардани маслиҳат осон аст?» Вақте шумо мебинед, ки маслиҳатдиҳанда нисбати шумо бефарқ нест, норозигии худро баён намекунад ва ниятҳои пинҳонӣ надорад, қабул кардани маслиҳат осон мешавад. Барои ҳамин, шумо низ вақте ки маслиҳат медиҳед, оё набояд чунин рӯҳияву ният дошта бошед? Ҳамчунин маслиҳати хуб бар Каломи Худо асос меёбад (2 Тимотиюс 3:16). Ҳатто агар аз Китоби Муқаддас иқтибос набиёрем ҳам, маслиҳати мо бояд дар асоси он бошад. Аз ҳамин сабаб, пирон кӯшиш мекунанд, ки фикру ақидаи худро ба дигарон бор насозанд. Ҳамчунин онҳо кӯшиш мекунанд, ки Навиштаҳоро нодуруст маънидод накунанд, то дар назар чунин натобад, ки гӯё нуқтаи назари шахсии касе дар асоси Китоби Муқаддас аст. Ғайр аз ин, агар маслиҳат ба таври дуруст дода шавад, он манфиати зиёд меорад. Маслиҳате, ки бо меҳрубонӣ дода мешавад, қабул карданаш осонтар аст ва ин гуна маслиҳат қадру қимати шахсро нигоҳ медорад (Қӯлассиён 4:6).
22. Шумо атои суханрониро чӣ тавр истифода бурданиед?
22 Бешубҳа, суханронӣ атои бебаҳои Худованд аст. Муҳаббат ба Яҳува моро бояд барангезад, ки ин аторо нодуруст истифода набарем. Биёед дар хотир нигоҳ дорем, ки суханоне, ки аз ҷониби дигарон гуфта мешаванд қувваи ободкунанда ё рӯҳафтодакунанда доранд. Биёед, ин аторо тавре ки Офаридгор «барои обод кардан» додааст, истифода барем. Он вақт сухани мо барои атрофиён рӯҳбаландкунанда мегардад ва ба мо кӯмак мекунад, ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем.
^ сарх. 4 Калимаи ибрие, ки дар Масалҳо 15:4 чун «бадзабонӣ» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «каҷгуфторӣ, ғалатгӯӣ»-ро дорад.
^ сарх. 7 Калимаи юноние ки чун «бефоида» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «бар абас»-ро дорад (1 Қӯринтиён 15:17).
^ сарх. 10 Дар Навиштаҳои Муқаддас калимаи «нопокӣ» маънои хеле васеъ дорад, ки ҳар намуди гуноҳро дар бар мегирад. Гарчанд дар ҳар мавриди зоҳир намудани нопокӣ на ҳама вақт баррасии ҳайати ҳуқуқӣ лозим аст, лекин агар шахс нопокии дағал карда тавба накунад, аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад (2 Қӯринтиён 12:21; Эфсӯсиён 4:19; Ба «Саволҳои хонандагон» дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июли соли 2006 нигаред).