Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дил

Дил

Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дили маҷозиямон одами ботинии моро, яъне фикрҳо, ниятҳо, хислатҳо ва ҳиссиётамонро, дар бар мегирад?

Зб 49:3; Пнм 16:9; Лқ 5:22; Крн 2:26

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 15:7; Зб 19:8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 9:46–48. Вақте Исо дар дили расулонаш шуҳратпарастиро дид, онҳоро ислоҳ кард.

Чаро муҳим аст, ки дили худро ҳимоя кунем?

1Вқ 28:9; Пнм 4:23; Ир 17:9

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 6:5–7. Фикру андешаҳои бади дили одамон онҳоро ба бадкорӣ тела дод, барои ҳамин Яҳува бар сари одамизод Тӯфон овард.

    • 3Пш 11:1–10. Шоҳ Сулаймон дилашро ҳимоя накард. Ӯ занони бегонаи бисёре гирифт ва онҳо дили шоҳро нопок гардонда, аз Яҳува дур карданд.

    • Марқ. 7:18–23. Исо фаҳмонд, ки он чӣ аз дили одам мебарояд, ӯро дар назари Яҳува нопок гардонда метавонад.

Чӣ тавр дили худро ҳимоя кунем?

Зб 19:14; Пнм 3:3–6; Лқ 21:34; Фп 4:8

Ҳамчунин нигаред ба Эз 7:8–10; Зб 119:11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Эф 6:14–18; 1Тс 5:8. Павлуси расул фаҳмонд, ки, чи тавре ҷавшан дили аслии моро муҳофизат менамояд, ҳамон тавр ростӣ, имон ва муҳаббат дили маҷозиямонро ҳимоя мекунад.

Чӣ тавр фаҳмем, ки дили маҷозиямон бемор гаштааст?

Пнм 21:2–4; Ибр 3:12

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 6:12–14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 25:1, 2, 17–27. Шоҳ Амасё он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, вале на бо дили пурра. Бо гузашти вақт ӯ мағруру саркаш шуд ва оқибат бисёр азоб кашид.

    • Мт 7:17–20. Исо гуфт, ки, чи тавре дарахти бад меваи бад меорад, ҳамон тавр дили бад корҳои бадро ба бор меорад.

Чӣ тавр мо дили нек дошта метавонем?

Пнм 10:8; 15:28; Лқ 6:45

Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:97, 104; Рм 12:9–16; 1Тм 1:5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 20:1–6. Шоҳ Ҳизқиё дар дами марг аз Яҳува илтиҷо кард, то хизматеро, ки бо дили пурра ба ҷо меовард, ба ёд ораду ба вай раҳм кунад.

    • Мт 21:28–32. Аз рӯйи мисоли Исо рафтори одам нишон медиҳад, ки дар дилаш чӣ аст, на ваъдаҳои ҳавоияш.

Чаро донистани он ки Яҳува дилҳои моро месанҷад, тасаллибахш аст?

1Вқ 28:9; Ир 17:10

Ҳамчунин нигаред ба 1Пш 2:3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 16:1–13. Пайғамбар Самуил фаҳмид, ки Яҳува ба афту андом неву ба дили одам нигоҳ мекунад.

    • 2Вқ 6:28–31. Дуое, ки Сулаймон ҳангоми бозшавии ибодатгоҳ гуфт, нишон медиҳад, ки Яҳува дили ҳар яки моро медонад ва ба мо ғамхорӣ кардан мехоҳад.