Сайёраи зинда
Ҳаёт дар Замин ҳаргиз вуҷуд дошта наметавонист, агар якчанд ҳолатҳои ба ном тасодуфӣ ҷой намедоштанд. Баъзеи онҳо то асри ХХ номаълум буданд ё пурра фаҳмо набуданд. Он ҳолатҳо инҳоянд:
-
Ҷойгиршавии Замин дар галактикаи Роҳи Каҳкашон ва системаи офтобӣ, мадори Замин, тамоили меҳвари Замин, суръати гардиши он ва сайёраи ҳамсафари он — Моҳ
-
Майдони магнитӣ ва атмосфераи Замин, ки чун сипари дуқабата хизмат мекунанд
-
Сиклҳои табиӣ, ки ҳаво ва оби сайёраро барқарору тоза мекунанд
Ҳангоми дида баромадани ҳар яки ин мавзӯъҳо, аз худ пурсед: оё ҳамаи ин худ ба худ пайдо шудааст ё ин ки аз нияту мақсади олиҷанобе шаҳодат медиҳад?
«Суроғаи» беҳтарини Замин
Вақте ки шумо суроғаатонро навистанӣ мешавед, шумо чиро қайд мекунед? Шояд номи мамлакат, шаҳр ва кӯчаатонро менависед. Сайёраи мо низ «суроға» дорад: галактикаи Роҳи Каҳкашон — «мамлакат», системаи офтобӣ, яъне Офтоб ва сайёраҳои он — «шаҳр» ва мадори Замин — «кӯча» мебошад. Ба шарофати пешравӣ дар соҳаи астрономия ва физика, олимон боз ҳам хубтар муайян намуданд, ки Замини мо дар Коинот дар ҷои беҳамто қарор гирифтааст.
Аввалаш ин аст, ки «шаҳри» мо, яъне системаи офтобӣ, дар ҷои беҳтарини галактикаи Роҳи Каҳкашон ҷойгир шудааст,— ба марказ на он қадар наздик ва аз он на он қадар дур. Танҳо дар ин ҷо, ки олимон онро «макони зист» меноманд, айнан ҳамон миқдори консентратсияи элементҳои химиявӣ мавҷуд аст, ки барои нигоҳ доштани ҳаёт лозим мебошад. Дар канори галактика он элементҳо аз ҳад каманд, дар наздикии марказ бошад аз сабаби радиатсияи марговар ва дигар омилҳо ҳаёт имконнопазир аст. «Мо дар ҷои беҳтарин зиндагӣ дорем»,— гуфта мешавад дар маҷаллаи «Сайентифик америкэн»1
«Кӯчаи» хубтарин. Мадор ё «кӯчаи» Замин низ дар хубӣ аз «шаҳр» мондание надорад. Замин аз Офтоб қариб дар масофаи 150 миллион километр ҷойгир буда, дар гирди он давр мезанад. Ин роҳеро, ки Замин дар гирди Офтоб давр мезанад, мадор ё «кӯчаи» Замин номидан мумкин аст. Мадори Замин қариб даврашакл аст ва аз ин рӯ, дар тӯли гардиши яксола, масофаи байни Замину Офтоб қариб як хел мемонад. Маҳз ба туфайли он ки сайёраи мо дар мадор ё «кӯчаи» худ мегардад, дар Замин ҳарорати барои ҳаёт хатарнок, яъне бениҳоят гарм ва бениҳоят хунук дида намешавад.
Ҳамзамон Офтоб барои Замин чун «нерӯгоҳи барқии» олиҷаноб хизмат мекунад. Он беист кор мекунад, ҳаҷми он барои Замин хеле мувофиқ аст ва он Заминро бо миқдори лозимаи энергия таъмин менамояд. Бесабаб Офтобро «ситораи беҳамто» наномидаанд.2
«Ҳамсояи» беҳтарин. Агар аз байни сайёраҳо барои Замин «ҳамсояе» меҷустед, аз Моҳ дида ҳамсояи беҳтаре намеёфтед. Моҳ радиф ё ҳамсафари Замин номида шудааст. Диаметри Моҳ тақрибан чоряки диаметри Заминро ташкил медиҳад. Агар моҳи сайёраи худро бо моҳҳои сайёраҳои дигар муқоиса кунем, он моҳҳо аз сайёраҳои худ ниҳоят хурд мебошанд. Оё чунин ҳаҷм доштани моҳи мо тасодуф аст? Аз афташ не.
Пеш аз ҳама, маҳз ба туфайли қувваи кашиши Моҳ, дар Замин пасту баландшавии сатҳи оби баҳр ва уқёнусҳо (мадду ҷазр) ба амал меояд, ки ин барои системаи экологии сайёраи мо ҳаётан муҳим аст. Ҳамчунин, ҳаҷми Моҳ ба он мусоидат мекунад, ки тамоили Замин бетағйир монад. Агар чунин намебуд, сайёраи мо мисли ғир–ғираки чархзананда ба ҳар тараф мекалавид ва ҳатто чаппаю роста мешуд! Натиҷаи ин аз ҳар ҷиҳат ҳалокатовар мебуд.
Тамоили меҳвар ва гардиши Замин. Тамоили меҳвари Замин тақрибан 23,4 градусро ташкил медиҳад, ки ба туфайли он фаслҳои сол иваз мешаванд, минтақаҳои гуногуни иқлимӣ мавҷуданд ва ҳарорати мӯътадили Замин нигоҳ дошта мешавад. Дар як китоб гуфта мешавад: «Тамоили меҳвари Замин — айнан ҳамон чизест, ки барои мо лозим аст» («Rare Earth—Why Complex Life Is Uncommon in the Universe»)3
Айнан ҳамин суханонро дар бораи ивазшавии шабу рӯз, ки дар натиҷаи дар гирди меҳвараш чарх задани Замин ба амал меояд, гуфтан мумкин аст. Агар суръати гардиши Замин аз ҳад суст мебуд, он гоҳ давомнокии рӯз зиёдтар мешуд ва як тарафи Замин аз ҳад метасфиду тарафи дигараш ях мебаст. Ва баръакс, агар суръати гардиши Замин тезтар мебуд, давомнокии рӯз кӯтоҳтар шуда, шояд ҳамагӣ якчанд соатро ташкил медод ва чунин гардиши тези Замин тӯфонҳои доимиро ба амал меовард ва дигар оқибатҳои фалокатовар медошт.
Сипарҳои муҳофизаткунандаи Замин
Фазои кайҳонӣ аз сабаби радиатсияи марговар ва шикастпораҳои кайҳонӣ бисёр хатарнок аст. Вале сайёраи кабуди мо ба ҳар гуна ҳамлаҳо тоб оварда, безарар мемонад. Чаро? Барои он ки Заминро сипари дуқабата — майдони пурқудрати магнитӣ ва атмосфера — муҳофизат мекунанд.
Майдони магнитии Замин. Дар қишри Замин ядрое чарх мезанад, ки аз оҳани моеъшакл таркиб ёфтааст. Ба туфайли он сайёраи мо дорои майдони магнитии пуриқтидор мебошад, ки он то худи кайҳон паҳн меёбад. Ин сипар моро аз шиддати радиатсияҳои марговар ва қувваҳои ҳалокатовари аз Офтоб хориҷшаванда муҳофизат мекунад, аз он ҷумла аз шамоли офтобӣ, яъне сели бефосилаи зарраҳои заряднок; аз афрӯзишҳои шамсӣ (хориҷшавии тези энергия, ки аз рӯи иқтидор ба таркиши миллиардҳо бомбаҳои гидрогенӣ баробар аст); аз таркиши офтобӣ, ки дар натиҷаи он миллиардҳо тонн материя ба кайҳон пош мехӯрад. Мо метавонем муҳофизати майдони магнитиро бо чашмони худ бубинем, масалан, ҳангоми таркишу афрӯзишҳои офтобӣ дар қабати болоии атмосфера, назди қутбҳои магнитӣ, тобишҳои зебову рангоранги фаҷри шимолиро дидан мумкин аст.
Атмосфераи Замин. Ин пардаи газӣ ба мо на танҳо имконияти нафаскаширо фароҳам меорад, балки ҳамчунин сайёраи моро ба таври иловагӣ муҳофизат мекунад. Дар қабати болоии атмосфера яъне стратосфера, намуди махсуси гази оксиген — гази озон вуҷуд дорад, ки қариб 99 фоизи радиатсияи ултрабунафши аз коинот дохилшавандаро ба худ фурӯ мебарад. Ҳамин тавр, қабати озонӣ бисёр намудҳои ҳаётро аз радиатсияи хатарнок муҳофизат мекунад — аз инсон сар карда то организмҳои хурдтарин, ба монанди планктон, ки қисми зиёди оксигени лозимаро аз худ хориҷ мекунад. Миқдори озон дар стратосфера доимӣ нест: чӣ қадаре, ки радиатсияи ултрабунафш афзояд, ҳамон қадар гази озон зиёд ҳосил мешавад. Пас қабати озониро муҳофизаткунандаи боэътимоди сайёраамон номидан мумкин аст.
Атмосфера боз моро аз сели ҳаррӯзаи миллионҳо метеорҳо, ки ҳаҷмашон аз донаи рег сар карда то санги калонанд, муҳофизат мекунад. Қариб ҳамаи онҳо дар атмосфера месӯзанд, ки дар натиҷа мо «ситораҳои паррон»–ро мушоҳида мекунем. Ҳамзамон, сипарҳои муҳофизаткунандаи Замин радиатсияи барои ҳаёт зарурро, ба монанди гармӣ ва рӯшноӣ боз намедоранд. Ғайр аз ин, атмосфера гармиро дар сайёраамон баробар паҳн мекунад ва шабона чун кӯрпа гармиро нигоҳ медорад.
Атмосфераи Замин ва майдони магнитии он дар ҳақиқат мӯъҷизаи ихтироъкорианд, ки то ҳол аз тарафи инсон пурра омӯхта нашудаанд. Айнан ҳамин суханонро оиди сиклҳои табиӣ, ки ҳаётро дар сайёраи мо нигоҳ медоранд, гуфтан мумкин аст.
Оё сипари дуқабата доштани Замин тасодуф аст?
Сиклҳои биологии барои ҳаёт зарур
Шаҳреро тасаввур кунед, ки системаи обтаъминкуниву канализатсияаш аз кор баромада аст ва ҳавои тоза дастнорас аст. Гуфтан душвор нест, ки оқибати ин — паҳншавии касалиҳо ва марги оммавӣ хоҳад буд. Лекин сайёраи мо хосияти худбарқароркунӣ дорад. Масалан, он ба тарабхонае монанд нест, ки ба он хӯроквориро мекашонанду аз он ҷо партовҳоро бароварда мепартоянд. Ҳавои тоза ва об ба мо аз кайҳон фиристода намешавад ва партовҳоро низ мо тавассути ракетаҳо ба кайҳон намефиристем. Пас, Замин ба туфайли чӣ тоза ва барои ҳаёт мусоид мемонад? — Ба туфайли сиклҳои биологӣ, ки дар ин расмҳо нишон дода шудаанд. Ба онҳо гардиши об дар табиат, гардиши оксигену гази карбон ва гардиши нитроген дохил мешаванд.
Гардиши об дар табиат: Об барои ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Мо бе об ҳамагӣ якчанд рӯз зиндагӣ карда метавонему халос. Ба туфайли гардиши об, дар сайёраи мо об софу тоза нигоҳ дошта мешавад. Гардиши об аз се давра иборат аст: 1. Зери таъсири Офтоб об бухор мешавад ва ба атмосфера мебарояд. 2. Ин буғи тозашудаи об ҷамъ шуда, ба ба абр табдил меёбад. 3. Абрҳо бошанд, дар намуди барфу борон ва жола ба замин меборанд. Ҳамин тавр гардиши об ба охир мерасад. Чӣ қадар об дар тӯли як сол гардиш мекунад? Аз рӯи ҳисоб ин миқдор об метавонад тамоми рӯи Заминро қариб ба 80 см пӯшонад.4
Гардиши гази карбон ва оксиген. Маълум аст, ки барои зиндагӣ кардан одам бояд нафас кашад, яъне гази оксигенро нафас гираду гази карбонро аз худ хориҷ намояд. Вале чаро бо вуҷуди он ки миллиардҳо одамону ҳайвонот нафас мекашанд, захираи гази оксиген дар атмосфера кам намешавад ва гази карбон аз ҳад зиёд ҷамъ намешавад? Сабаб дар гардиши гази оксиген аст. 1. Дар натиҷаи протсесси аҷоиби фотосинтез, растаниҳо гази карбонеро, ки мо ҳангоми нафаскашӣ мебарорем, ба худ фурӯ бурда, зери таъсири нури офтоб аз худ карбогидратҳо ва гази оксиген мебароранд. 2. Вақте ки мо оксигенро нафас мегирем, ин гардиш ба охир мерасад. Тамоми ин равандҳо аз рӯи тартиб, бесадо ва бе ягон партови зараровар иҷро мешаванд.
А. Барои ҳосил шудани ин молекулаҳо нитроген лозим аст. Хушбахтона, қариб 78 фоизи атмосфераи моро чунин газ ташкил медиҳад. Раъду барқ гази нитрогенро ба пайвастҳое табдил медиҳад, ки растаниҳо онҳоро ба худ фурӯ мебаранд. Б. Сипас растаниҳо бо ёрии ин пайвастҳо молекулаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Инчунин ҳайвоноте, ки он растаниҳоро мехӯранд, нитрогенро ба организми худ дохил мекунанд. В. Ва дар охир, вақте ки ҳайвоноту растаниҳо мемиранд, бактерияҳо пайвастҳои нитрогениро мепӯсонанд. Ин раванди пӯсиш нитрогенро ба замин ва атмосфера бармегардонад. Бо ин гардиши нитроген ба охир мерасад.
Гардиши нитроген. Ҳаёт дар Замин ҳамчунин аз ҳосилшавии чунин молекулаҳои органикӣ, ба монанди сафедаҳо вобаста аст.Коркарди дубора!
Дастовардҳои илмӣ–техникӣ ба он оварда расондаанд, ки ҳар сол тоннаҳои зиёди маводҳои зарарноки ба коркард ношоям истеҳсол мешаванд. Лекин, Замин ба туфайли ҷараёнҳои химиявии худ қодир аст, ки тамоми партовҳояшро ба таври олиҷаноб дубора коркард намояд.
Ба фикри шумо, системаҳои коркарди дубораи Замин чӣ тавр пайдо шудаанд? «Агар системаи экологии Замин дар ҳақиқат тасодуфан пайдо мешуд, он гоҳ чунин ҳамоҳангии комил дар табиат дида намешуд»,— мегӯяд Майкл Кори, муаллифи асарҳои илмиву динӣ.5 Оё шумо бо хулосаи ӯ розиед?