Гузаштан ба маводи асосӣ

ҚИСМИ 5

Ҳақиқат дар бораи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

Ҳақиқат дар бораи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

1. Боварӣ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ чӣ қадар паҳн гаштааст?

 ДАР китоби «Динҳои суннатии африқоӣ» гуфта мешавад: «Дар Африқо намепурсанд, ки ҷодугарон вуҷуд доранд ё не, зеро ин саволи хандаовар аст. Сеҳру ҷоду дар ҳаёти ҳар як африқоӣ ҷойи махсус дорад». Аз нохонда то одамони соҳибмаълумот ва ҳатто роҳбарони дини ислому масеҳӣ ба ҷодугарию фолбинӣ ихлос доранд.

2. Мувофиқи як ақидаи машҳур қувваҳои сеҳрнок аз куҷо сарчашма мегиранд?

2 Дар Африқо ақидаи машҳуре ҳаст, ки дар олам қувваи сеҳрнок, ё худ рӯҳие вуҷуд дораду он зери идораи Худост. Рӯҳҳо ва аҷдодон аз ин қувва истифода карда метавонанд. Ҳамчунин баъзе одамон медонанд, ки чӣ хел онро ба даст оранд ва бо нияти нек ё бад истифода баранд.

3. Чӣ тавр сеҳру ҷодуро бо нияти бад истифода мебаранд?

3 Сеҳру ҷодуро бо нияти бад зидди душманон истифода мебаранд. Мегӯянд онҳое, ки бо сеҳру ҷоду сару кор доранд, метавонанд ба воситаи кӯршапарак, парандаҳо, пашша ва дигар ҳайвонот ба одамон ҳамла кунанд. Ҳамчунин боваре ҳаст, ки аз пушти ҷангҳо, безуриётӣ, беморӣ ва ҳатто марг сеҳру ҷоду меистад.

4. Дар бораи ҷодугарон чӣ гуна ақида ҳаст ва онҳое, ки пеш ҷодугарӣ мекарданд, ба чӣ иқрор шуданд?

4 Ҷодугарӣ як шохаи сеҳру ҷоду ба ҳисоб меравад. Мегӯянд, ки ҷодугарон шабона ҷисмҳои худро партофта мераванд, то бо дигар ҷодугарон вохӯранд ё ҷони онҳоеро, ки ҳадафашон гаштаанд, гиранд. Азбаски дар ин муддат ҷисми онҳо дар ҷогаҳашон мемонад, ин гуна ҳикояҳоро танҳо аз даҳони нафароне мешунавӣ, ки пеш ҷодугар буданд. Масалан, дар як маҷаллаи африқоӣ онҳо (хусусан духтарони наврас) чунин гуфта буданд: «Ман 150 нафарро дар садамаи нақлиётӣ куштам». «Ман хуни панҷ кӯдакро то қатраи охирин макида, онҳоро куштам». «Ман се нағздидаамро, ки маро партофтанд, ба қатл расондам».

5. Чӣ тавр сеҳру ҷодуро бо нияти нек истифода мебаранд?

5 Бо нияти нек сеҳру ҷодуро барои ҳимоя аз бадӣ истифода мебаранд. Онҳое, ки бо ин гуна сеҳру ҷоду сару кор доранд, чала ё дастпонаи сеҳрнок пӯшида мегарданд. Барои ҳимояи худ онҳо таштоб менӯшанд ё онро ба баданашон мешаканд. Ғайр аз ин, дар хонаҳояшон ё зери замин ашъёҳои гуногунро пинҳон мекунанд. Ҳамчунин ба тӯморҳое бовар доранд, ки дар онҳо оятҳои Қуръон ё Китоби Муқаддас навишта шудааст.

Фанду фиреб

6. Шайтону девҳояш дар гузашта чӣ кор карда буданд ва мо дар бораи қудраташон бояд чӣ гуна ақида дошта бошем?

6 Шайтону девҳояш душмани ашаддии инсон мебошанд. Воқеан ҳам онҳо ба зеҳну тафаккур ва ҳаёти одамон таъсир карда метавонанд. Дар гузашта онҳо ҳатто даруни одамон ва ҳайвонот даромада буданд (Матто 12:43–45). Ҳарчанд мо набояд қувваи онҳоро бо чашми кам бинем, онро муболиға ҳам кардан даркор нест.

7. Шайтон мехоҳад мо ба чӣ бовар кунем ва кадом мисол инро нишон медиҳад?

7 Шайтон падари дурӯғ аст. Ӯ одамонро фиреб мекунад, ки қувваи беохир дорад. Як мисол меорем: ба наздикӣ дар як давлати Африқо дар вақти ҷанг сарбозон барои ба тарсу ҳарос овардани душманонашон аз дастгоҳҳои садобарор истифода карданд. Пеш аз ҳамла онҳо сабти баланди тирпаронӣ ва мушакборонро мемонданд, то душманонашон фикр кунанд, ки бар зидди онҳо артиши пурқудрат ҷангида истодааст. Ба ин монанд, Шайтон мехоҳад одамон бовар кунанд, ки ӯ қудрати бемаҳдуд дорад. Нияташ ҳамин аст, ки одамон тарсида хости Яҳуваро неву хости ӯро иҷро кунанд. Биёед се дурӯғи Шайтонро дида бароем, ки ӯ ба мо талқин мекунад.

8. Як дурӯғи бофтаи Шайтон кадом аст?

8 Як дурӯғи бофтаи Шайтон ин аст: ягон нохушӣ худ аз худ рӯй намедиҳад; аз пушти ҳар як кори баде, ки сабабгораш бевосита инсон нест, қувваҳои сеҳрнок меистанд. Фарз кардем кӯдак аз бемории вараҷа мемирад. Модараш медонад, ки ин бемориро хомӯшакҳо паҳн мекунанд. Вале ӯ ҳамчунин бовар дошта метавонад, ки касе ҷодугарӣ карда хомӯшакро фиристодааст, то писарашро газад.

Воқеаҳои нохуш баъзан рӯй дода метавонанд

9. Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки на ҳар як мушкилиро Шайтон ба миён меорад?

9 Албатта Шайтон баъзе душвориҳо эҷод карда метавонад, лекин ҳар як мушкилиро ба ӯ нисбат додан хатост. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Боз дар зери осмон дидам, ки дар мусобиқа тездавон ҳамеша ғолиб намеоянд, дар талош паҳлавонон ҳамеша дастболо намешаванд, хирадмандон на ҳама вақт соҳиби нон мегарданд, боигарӣ на ҳама вақт ба боақлон мерасад ва доноён доим комёбӣ ба даст намеоранд, чунки замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ бар сари ҳамаи онҳо меоянд» (Пандгӯ 9:11). Дар мусобиқа варзишгаре шояд аз дигарон тезтар давад, вале аз пушти «воқеаҳои ногаҳонӣ» ӯ мумкин аст бой диҳад. Эҳтимол ӯ пешпо хӯрда ғалтад, бемор шавад ё мушакаш дарад. Ин чизҳо бо ҳар як инсон рӯй дода метавонад ва сабабгораш на ҳама вақт Шайтон ё ҷодугаронанд.

10. Дар бораи ҷодугарон чӣ мегӯянд ва мо аз куҷо медонем, ки ин дурӯғ аст?

10 Дуюм дурӯғи бофтаи Шайтон ин аст: ҷодугарон шабона ҷисми худро тарк карда ба вохӯрии дигар ҷодугарон ё барои соҳиб шудани ҷони шахсони ба ҳадаф гирифтаашон мераванд. Лекин як фикр кунед: агар ҷодугарон ба ин кор қодир бошанд, пас, аз ҷисми онҳо чӣ берун меояд? Охир, чи хеле дидем, ҷон худи одам аст, на ягон чизе, ки аз ӯ берун меояд. Рӯҳ бошад, қувваест, ки ба инсон ҷон мебахшад ва ҷудо аз бадани одам ягон кор карда наметавонад.

Ҷодугарон ҷисми худро тарк карда наметавонанд

11. Мо аз куҷо медонем, ки ҷодугарон ҷисми худро тарк карда наметавонанд ва оё шумо ба ин бовар доред?

11 На ҷон ва на рӯҳ бо нияти бад ё нек аз ҷисми одам берун омада наметавонанд. Аз ин рӯ ҷодугарон ҷисми худро тарк намекунанд ва дар асл ба кардани корҳое, ки лоф мезананд, қодир нестанд.

12. Чӣ хел Шайтон одамонро ба чизҳое, ки дар ҳаёташон рӯй надодааст, бовар месозад?

12 Пас, аз гуфтаҳои ҷодугарон чӣ хулоса кардан мумкин? Бо таъсири Шайтон одамон ба чизҳое, ки дар ҳаёташон рӯй надодааст, бовар карда метавонанд. Мисол, ба воситаи рӯъёҳо ӯ дар тасаввуроти одамон чизҳоеро ҷо мекунад, ки онҳо надидаанд, нашунидаанд ё умуман аз сар нагузарондаанд. Шайтон умед дорад, ки ҳамин тавр одамон аз Яҳува дур шуда, ба Китоби Муқаддас шубҳа мекунанд.

13. а) Бо нияти нек ба сеҳру ҷоду даст задан равост? б) Навиштаҳо дар бораи сеҳру ҷоду чӣ мегӯянд?

13 Сеюм дурӯғи бофтаи Шайтон ин аст: бо нияти нек, барои ҳимояи худ, ба сеҳру ҷоду даст задан равост. Лекин дар Китоби Муқаддас ҳама намуди сеҳру ҷоду маҳкум карда мешавад. Биёед бинем, ки Яҳува ба исроилиён дар бораи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ чӣ гуна қонунҳо дода буд:

  •   «Фол накушоед ва ҷодугарӣ накунед» (3 Мӯсо 19:26).

  •   «Ҳар пурсандаи арвоҳ ва ҳар фолбин, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, бояд ҳатман кушта шавад» (3 Мӯсо 20:27).

  •   «Бигзор дар миёни ту чунин шахсон ёфт нашаванд:... ҷодугар, фолбин, афсунгар, шахсе, ки куфу суф мекунад, касе, ки ба азоимхон ё толеъбин муроҷиат мекунад, ё пурсандаи арвоҳе» (5 Мӯсо 18:10–14).

14. Чаро Яҳува ба халқаш дар бораи сеҳру ҷоду қонун дод?

14 Бо ин қонунҳояш Яҳува ба халқи худ фаҳмонд, ки ба сеҳру ҷоду даст назананд. Яҳува халқашро дӯст медошт ва намехост, ки онҳо ғуломи тарсу хурофотпарастӣ гарданд. Ӯ намехост, ки онҳо аз зулму ситами девҳо азоб кашанд.

15. Чӣ хел Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува аз Шайтон садчандон пурқудраттар аст?

15 Дар Китоби Муқаддас ба тафсил гуфта намешавад, ки аз дасти девҳо чӣ меояду чӣ не. Лекин дар он аниқ гуфта шудааст, ки Яҳува Худо аз Шайтону девҳояш садчандон пурқудраттар аст. Мисол, ӯ онҳоро аз осмон пеш кард (Ошкорсозӣ 12:9). Ғайр аз ин, вақте Шайтон Аюбро озмуданӣ шуд, аз Яҳува иҷозат пурсид ва ба амраш гӯш дода, Айюбро накушт (Айюб 2:4–6).

16. Мо бояд дар кӣ паноҳ ҷӯем?

16 Дар Панднома 18:10 гуфта мешавад: «Номи Яҳува қалъаи мустаҳкам аст, росткор сӯйи он медавад ва паноҳ меёбад». Аз ин рӯ мо бояд дар Яҳува паноҳ ҷӯем. Хизматгорони Худо барои худро аз корҳои бади Шайтону девҳояш ҳимоя кардан, тӯмору таштобро истифода намебаранд ва аз куфу суф наметарсанд. Онҳо ба гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддас имон доранд: «Охир, чашмони Яҳува тамоми заминро аз назар мегузаронад, то онҳоеро, ки дилашон ба ӯ пурра содиқ аст, дастгирӣ кунад» (2 Воқеанома 16:9).

17. Яъқуб 4:7 моро ба чӣ дилпур месозад, лекин мо бояд чӣ кор кунем?

17 Агар шумо ҳам ба Яҳува хизмат кунед, чунин дилпурӣ пайдо карда метавонед. Дар Яъқуб 4:7 гуфта шудааст: «Пас, ба Худо итоат намоеду бар зидди Иблис истодагӣ кунед ва ӯ аз шумо мегурезад». Агар шумо хизматгори Худои Ҳақ бошеду ба ӯ итоат кунед, ӯ сипари шумо мегардад.