БОБИ СЕ
Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
-
Худо нисбати инсоният чӣ ният дорад?
-
Чӣ тавр шахсияти Худо мавриди баҳс қарор гирифт?
-
Зиндагии рӯи замин дар оянда чӣ гуна хоҳад буд?
1. Худо дар бобати замин чӣ мақсад дорад?
ХУДО нисбати замин мақсади олиҷанобе дорад. Яҳува мехоҳад, ки рӯи замин пур аз одамони хушбахт ва сиҳату саломат бошад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Худованд Худо боғе дар Адан шинонд» ва «ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро рӯёнид». Баъд аз он ки Худо аввалин марду зан — Одаму Ҳавворо офарид, Ӯ онҳоро дар ин боғи зебо маскун карду гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед» (Ҳастӣ 1:28; 2:8, 9, 15). Аз ин бармеояд, ки Худо ният дошт, то одамон фарзанддор шаванд, заминро киштукор намоянд, ҳайвонҳоро бонӣ кунанд ва бо ин ҳама боғи биҳиштии худро дар паҳнои замин васеъ гардонанд.
2. a) Аз куҷо медонем, ки Худо мақсади нисбати замин доштаашро амалӣ мегардонад? б) Мувофиқи Китоби Муқаддас чӣ гуна одамон дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард?
2 Ба фикри шумо оё мақсади Яҳува Худо, яъне дар замини ба биҳишт мубаддалгашта зиндагӣ кардани инсоният замоне амалӣ хоҳад шуд? «Он чӣ гуфтаам,— нидо мекунад Худо,— иҷро хоҳам кард» (Ишаъё 46:9–11; 55:11). Бале, Худо ҳар чизеро, ки ният кард, ҳатман амалӣ хоҳад намуд! Ӯ мегӯяд, ки заминро «на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад» (Ишаъё 45:18). Дар шароити биҳиштӣ зиндагӣ кардани чӣ гуна одамонро Худо хоҳон аст ва ҳаёти онҳо то кай давом хоҳад кард? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29; Ваҳй 21:3, 4).
3. Чӣ ҳолати андӯҳоваре ҳоло дар рӯи замин ҳукмфармост ва он кадом саволҳоро ба миён меоварад?
3 Аён аст, ки ин мақсади Худо ҳанӯз ба иҷро нарасидааст. Ҳоло одамон бемор мегарданд, мемиранд ва ҳатто ҷанг карда, якдигарро ба қатл мерасонанд. Охир, бешубҳа, Худо ин навъ зиндагӣ кардани одамизодро намехост! Пас мантиқ куҷост? Чаро ин мақсади Худо ҷомаи амал напӯшид? Ягон китоби таърих ба ин савол ҷавоб дода наметавонад, зеро сабаби шӯру шарр воқеаест, ки дар осмон рух дода буд.
ПАЙДОИШИ ДУШМАНИ ХУДО
4, 5. a) Ба воситаи мор бо Ҳавво кӣ сӯҳбат кард? б) Чӣ хел одами пештар дурусту поквиҷдон дузд шуда метавонад?
4 Ибтидои Китоби Муқаддас дар бораи мухолифи Худо нақл мекунад, ки дар боғи Адан бар зидди Парвардигор баромад. Ин душмани Худо «мор» номида шудааст, лекин вай ҳайвон нест. Дар китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас ӯ «иблис ва шайтон ном дорад», ки «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад». Вайро «мори қадимӣ» низ меноманд (Ҳастӣ 3:1; Ваҳй 12:9). Ин фариштаи боиқтидор ё махлуқи рӯҳии ноаён барои сӯҳбат бо Ҳавво морро истифода бурд,— ҳамон гунае ки лӯхтакбоз бомаҳорат вонамуд месозад, ки овоз аз ӯ неву аз лӯхтак мебарояд. Ин махлуқи шарир, бешубҳа, ҳанӯз аз замонҳои заминро барои инсонҳо тайёр кардани Худо вуҷуд дошт (Айюб 38:4, 7).
5 Агар ҳамаи офаридаҳои Яҳува комил бошанд, пас ин Шайтон Иблис аз куҷо пайдо шуд? Ба забони оддӣ, яке аз офаридаҳои боиқтидори рӯҳии Худо худашро Иблис кард. Чӣ хел ин тавр шуданаш мумкин? Баъзан одами Яъқуб 1:13–15-ро хонед.)
дурусту поквиҷдон дузд мешавад. Барои чӣ? Барои он ки дар дилаш вусъат ёфтани хоҳиши нодурустро роҳ медиҳад. Ва агар ӯ дар ин бора фикр карданро давом диҳад, ин хоҳиши нодуруст метавонад хеле қавӣ гардад. Ва ҳамин ки имконият пайдо шуд, вай кӯшиш мекунад, ки хоҳиши бади худро қонеъ гардонад. (6. Чӣ гуна писари рӯҳии боиқтидори Худо Шайтон Иблис шуд?
6 Бо Шайтон Иблис низ айнан ҳамин тавр шуд. Ӯ бешакк суханҳои ба Одаму Ҳавво гуфтаи Худоро дар бобати фарзанд ба дунё овардану рӯи заминро бо насл пур карданашон шунида буд (Ҳастӣ 1:27, 28). Ва эҳтимоли бузурге ҳаст, ки чунин фикр дар ӯ барқ зад: «Охир тамоми ин одамон метавонанд бандагони ман бошанд, на аз Худо!» Хоҳиши нодурусту гунаҳкорона дар дили ӯ реша давонд. Шояд вай барои фиреб намудани Ҳаввову тӯҳмат кардани Худо андешаҳои разилонаро дар худ парварид ва онҳоро амалӣ сохт. (Ҳастӣ 3:1–5-ро хонед.) Ҳамин тавр ӯ Иблис гашт, ки маънои «тӯҳматгар»-ро дорад ва Шайтон, яъне «мухолиф» шуд.
7. a) Барои чӣ Одаму Ҳавво мурданд? б) Чаро ҳар яке аз насли Одам пир мешавад ва мемирад?
7 Бо макру фиреб Шайтон боиси аз Худо саркашӣ кардани Одаму Ҳавво шуд (Ҳастӣ 2:17; 3:6). Ва дар натиҷа ҳамон тавре ки Худо онҳоро огоҳ карда буд, барои беитоатиашон марг домангирашон гашт (Ҳастӣ 3:17–19). Гуноҳ содир карда, Одам комилияташро аз даст дод, аз ин рӯ ҳар яке аз насли вай гуноҳро мерос гирифт. (Румиён 5:12-ро хонед.) Ин ҳолатро бо намунае шарҳ додан мумкин аст; агар тобаи нонпазӣ нуқсон дошта бошад, ҳар нони дар он пухташуда қолаби нуқсонро хоҳад гирифт. Ҳамин гуна ҳар як инсон «нуқсон»-и Одамро мерос гирифт. Ин аст сабаби пиршавӣ ва марги инсонҳо (Румиён 3:23).
8, 9. a) Шайтон Худоро дар чӣ айбдор сохт? б) Чаро Худо исёнгаронро дарҳол нест накард?
8 Одаму Ҳавворо бар зидди Худо шӯр андохта, Шайтон
исён бардошт. Ӯ дурустии тарзи ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Дарвоқеъ, эътирози Шайтон чунин буд: «Худо ҳукмрони бад аст. Ӯ дурӯғ мегӯяд ва некиро аз бандаҳои худ дареғ медорад. Онҳо бе Худо ҳам чӣ хубу чӣ бад буданашро муайян карда метавонанд. Ва зиндагии онҳо зери ҳукмронии ман беҳтар хоҳад буд!» Худо ба ин айбдоркунии таҳқиромез чӣ гуна ҷавоб дод? Баъзеҳо мегӯянд, ки хуб мешуд, агар Худо ин балвогаронро ҳамон лаҳза нобуд мекард. Аммо магар саволи бамиёномада аз ин ҷавоб меёфт? Оё ин исбот мекард, ки тарзи ҳукмронии Худо дуруст аст?9 Адолати комили Худо барои ҳамон лаҳза нобуд кардани исёнгарон монеъ шуд. Худо қарор кард, ки барои додани ҷавоби қаноатманд ба ин саволи баҳсталаби Шайтон ва исбот кардани дурӯғгӯй будани вай вақт лозим аст. Аз ин сабаб, Парвардигор роҳ дод, ки инсоният шаклҳои гуногуни ҳокимиятҳои одамиро озмояд ва чанде зери таъсири Шайтон бимонад. Чаро Яҳува ин тавр рафтор кард ва аз чӣ сабаб Ӯ гузошт, ки барои ҳал шудани он баҳс ин қадар вақти зиёд гузарад? — Ба ин саволҳо боби 11 ҷавоб медиҳад. Ҳоло бошад, хуб мешуд, ки дар ин бора мулоҳиза намоем: оё бовар кардани Одаму Ҳавво ба Шайтон — шахсе, ки ҳеҷ некие барояшон накардааст, дуруст буд? Магар барои ба дурӯғгӯйи золим будани Яҳува, ки атокунандаи ҳар дороиву ғамхорашон буд, асосе вуҷуд дошт? Шумо дар ҷои онҳо чӣ кор мекардед?
10. Чӣ гуна шумо дар баҳси Шайтон Яҳуваро тарафдорӣ карда метавонед?
10 Мулоҳиза дар бобати ин саволҳо муҳим аст, зеро ҳар яки мо имрӯз ба ин баҳс рӯбарӯем. Бале, шумо имконияти дар ин баҳс дастгирӣ кардани Яҳува ва ба саволи Шайтон ҷавоб доданро доред. Шумо метавонед, ки Яҳуваро ҳамчун Ҳокими худ эътироф намуда, барои фош кардани дурӯғи Иблис ҳиссагузор бошед. (Забур 72:28; Масалҳо 27:11-ро хонед.) Мутаассифона, чунин қарорро танҳо шумораи ками одамони дунё қабул мекунанд. Пас, саволе ба миён меояд, ки оё ҳукмрони ин ҷаҳон Шайтон аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
ҲОКИМИ ИН ҶАҲОН КИСТ?
11, 12. a) Чӣ гуна нақл дар бораи озмоиши Исо ҳокими ин ҷаҳон будани Шайтонро тасдиқ менамояд? б) Боз чӣ ҳокими ин ҷаҳон будани Шайтонро собит мекунад?
11 Исо ҳеҷ гоҳ шубҳа намекард, ки ҳокими ин ҷаҳон Матто 4:8, 9; Луқо 4:5, 6). Дар ин бора андеша намоед. Агар Шайтон дар ҳақиқат ҳокими салтанатҳои ҷаҳон намебуд, магар пешниҳоди вай барои Исо озмоиш шуда метавонист? Исо зердасти Шайтон будани ҳокимиятҳои ҷаҳониро инкор накард. Агар ин тавр намешуд, ӯ албатта гуфтаҳои Шайтонро рад менамуд.
Шайтон мебошад. Боре Шайтон тавассути мӯъҷиза «ҳама мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба ӯ [Исо] нишон дод» ва ваъда кард: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба ту медиҳам» (12 Бегумон, Яҳува Худои Қодири Мутлақ ва Офаридгори Даҳр аст (Ваҳй 4:11). Вале дар ҳеҷ ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Яҳува Худо ҳокими ин ҷаҳон мебошад. Исо ба таври равшан, ба Шайтон чун ба «мири ин ҷаҳон» ишора кард (Юҳанно 12:31; 14:30; 16:11). Юҳаннои расул бошад дар бораи ин рақиб навишта: «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19).
ЧӢ ТАВР ҶАҲОНИ ШАЙТОН ПОЁН ХОҲАД ЁФТ
13. Чӣ эҳтиёҷе ба дунёи нав вуҷуд дорад?
13 Бо сипарӣ шудани ҳар сол, вазъи ҷаҳон беш аз пеш таҳлукаовар мегардад. Дунё саршори низоъҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои гӯшношунид аст. Одамон бо айби сиёсатмадорони аҳдшикану ходимони динии дурӯя азоб мекашанд. Тамоми ҷаҳонро тағйир дода намешавад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар қарибии наздик ин дунёи шарирро Худо дар ҷанги Худ — Ҳармиҷидӯн маҳв месозад. Ҷои онро дунёи нави боадолате хоҳад гирифт (Ваҳй 16:14–16).
14. Киро Худо барои ҳокимӣ бар Салтанаташ интихоб кард ва ин чӣ тавр пешгӯӣ шуда буд?
14 Яҳува Худо Исои Масеҳро Ҳокими Салтанат ё ҳокимияти осмонии Худ таъин кард. Китоби Муқаддас пешгӯӣ карда буд, ки «кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд; ва салтанат бар дӯши ӯ хоҳад Ишаъё 9:6, 7). Исо ба шогирдони худ дар бораи ин ҳукумат дуо гуфтанро омӯзонид: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:10). Омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дода, шумо хоҳед фаҳмид, ки Салтанати Худо ба қарибӣ тамоми ҳукуматҳои одамии ҷаҳонро аз миён бардошта, худ ҷои онҳоро ишғол менамояд. (Дониёл 2:44-ро хонед.) Дар он замон тамоми рӯи замин биҳишт хоҳад шуд.
буд, ва номи ӯ... Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд. Афзоиши Салтанат ва осоиштагии ӯ интиҳо нахоҳад дошт» (ДУНЁИ НАВ ҚАРИБ АСТ!
15. Зери ибораи «замини нав» чӣ дар назар аст?
15 Китоби Муқаддас моро итминон медиҳад: «Мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ [Худо], мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Петрус 3:13; Ишаъё 65:17). Баъзан Китоби Муқаддас «замин» гуфта, сокинони онро дар назар дорад. Ин ҷо «замини нав»-и боадолат — ҷамъияти одамонест, ки илтифоти Худоро соҳиб шудаанд.
16. Кадом ҳадяи бебаҳоеро Худо ба писандидагонаш ато хоҳад кард ва барои лоиқи ин ҳадя гаштан чӣ кор бояд кунем?
16 Исо ваъда дод, ки дар дунёи нави омадаистода Худо ба писандидагонаш баракате — «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро ато хоҳад кард (Марқӯс 10:30). Лутфан, оятҳои Юҳанно 3:16 ва 17:3-и Китоби Муқаддасро кушоед ва бихонед, ки аз рӯи суханҳои Исо барои лоиқ шудан ба «ҳаёти ҷовидонӣ» чӣ кор бояд кунем. Ҳоло биёед бубинем, ки мувофиқи Китоби Муқаддас онҳоеро, ки ба ин атои бебаҳои Худо лоиқ мегарданд, чӣ гуна баракатҳо интизоранд.
17, 18. Чаро мутмаин буда метавонем, ки сулҳу амонӣ дар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад гашт?
17 Шарорат, ҷанг, ҷиноят ва зӯроварӣ аз байн хоҳанд рафт. «Шарир боқӣ нахоҳад монд ... аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд» (Забур 36:10, 11). Сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо хоҳад буд, зеро Худо «ба ҷангҳо то ақсои замин хотима» медиҳад (Забур 45:10; Ишаъё 2:4). Он гоҳ «одил нумӯ хоҳад кард ва сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд, то даме ки моҳ фано нашавад», яъне то абад! (Забур 71:7).
18 Ходимони Яҳува дар амният зиндагӣ хоҳанд кард. Замонҳое, ки исроилиёни қадим аҳкоми Худоро риоя мекарданд, зиндагияшон дар амният мегузашт (Ибодат 25:18, 19). Дар Биҳишти оянда низ чунин амният ҳукмфармо хоҳад буд. То чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд баҳра бурдан аз он! (Ишаъё 32:18-ро хонед; Мико 4:4).
19. Аз куҷо мо медонем, ки дар дунёи нави Худо ғизо фаровон хоҳад шуд?
19 Қаҳтиҳо дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. «Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд»,— тараннум мекард забурнавис (Забур 71:16). Яҳува Худо одилонро баракат медиҳад ва «замин ҳосили худро хоҳад дод» (Забур 66:7).
20. Барои чӣ метавонем боварӣ дошта бошем, ки тамоми замин ба биҳишт табдил меёбад?
20 Тамоми замин ба биҳишт мубаддал хоҳад гашт. Хонаҳои барҳавову боғҳои зебо заминеро, ки ҳоло аз дасти инсонҳои гунаҳкор хароб аст, оро хоҳанд дод (Ишаъё 65:21–24-ро хонед; Ваҳй 11:18). Бо гузашти вақт, тамоми рӯи замин ба мисли боғи Адан гулгулшукуфон ва пурсамар мегардад. Ва Худо доимо «дасти Худро кушода, ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» хоҳад кард (Забур 144:16).
21. Чӣ нишон медиҳад, ки байни одамизоду ҳайвонот сулҳ пойдор хоҳад шуд?
21 Байни одамизоду ҳайвонот сулҳу оромӣ пойдор мегардад. Ҳайвонҳои ваҳшиву хонагӣ бо ҳам хоҳанд чарид. Ҳатто кӯдаки хурд аз ҳайвонҳое, ки ҳоло хавфноканд, нахоҳад ҳаросид (Ишаъё 11:6–9; 65:25).
22. Чаро бемориҳо вуҷуд нахоҳанд дошт?
22 Бемориҳо аз байн хоҳанд рафт. Ҳангоми дар рӯи Матто 9:35; Марқӯс 1:40–42; Юҳанно 5:5–9). Он гоҳ «сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24; 35:5, 6).
замин зистанаш Исо беморони зиёдеро шифо медод. Чун Ҳокими Салтанати осмонии Худо ӯ барои солим шудани тамоми одамон чунин мӯъҷизаҳоро дар миқёси калонтар ба амал хоҳад овард (23. Чаро эҳёи мурдагон дилҳоро аз шодӣ лабрез хоҳад кард?
23 Наздикони фавтидаамон эҳё мешаванд ва имконияти ҷовидона зистан пайдо мекунанд. Ҳамаи шахсоне, ки дар хоби марганду Худо онҳоро ба хотир гирифтааст, эҳё хоҳанд шуд. «Ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Аъмол 24:15; Юҳанно 5:28, 29-ро хонед).
24. Тасаввурот дар хусуси зиндагӣ дар Биҳишти рӯи замин чӣ эҳсосотеро дар шумо бедор мекунад?
24 Чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст онҳоеро, ки ошноӣ бо Офаридгори Азими мо Яҳува Худо ва хидмат ба Ӯро интихоб намудаанд! Он биҳишт аст, ҳамоне ки Исо дар борааш ба ҷинояткори дар паҳлӯяш маслубшуда ваъда дод: «бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43). Дониш андӯхтан дар бораи Исои Масеҳ хеле муҳим аст, зеро ҳамаи ин баракатҳо ба воситаи ӯ амалӣ хоҳанд шуд.