ЗАМИМА
Соли 1914 — санаи муҳимест дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас
ТАҚРИБАН 40 сол пештар аз рӯйдод, Муҳаққиқони Китоби Муқаддас мавъиза мекарданд, ки соли 1914 соли муҳиме хоҳад буд дар таърих. Чӣ воқеаҳое рӯй доданд дар он сол ва чаро онро дар ҳақиқат соли муҳиме дар таърих ҳисобидан мумкин аст?
Луқо 21:24 (ТДН) навишта шудаанд: «Ерусалим поймоли халқҳо [бутпарастон] хоҳад шуд, то даме ки даврони халқҳо ба анҷом расад». Ерусалим пойтахти мамлакати халқи Худо Исроил буд; шаҳре ки дар он сулолаи подшоҳон аз насли Довуд салтанат меронданд (Забур 47:2, 3). Ин подшоҳон аз ҳокимони халқҳои дигар фарқ мекарданд. Онҳо бар «тахти Худованд» менишастанд ва аз ин рӯ намояндагони Ӯ буданд (1 Вақоеънома 29:23). Барои ҳамин, Ерусалим рамзи ҳокимияти Яҳува буд.
Нигаред ба гуфтаҳои Исо-пайғамбар, ки дарИн тавр бошад, аз ҷониби халқҳо поймолкунии ҳокимияти Худо чӣ гуна ва кай оғоз ёфт? — Соли 607 қ. д. мо ҳангоми Ерусалимро забт кардани бобилиён. Дар ин ҳангом подшоҳии сулолаи ҳокимон аз насли Довуд қатъ гардид, бар «тахти Худованд» дигар касе наменишаст (4 Подшоҳон 25:1–26). Оё ин поймолкунӣ доимӣ хоҳад буд? Не, зеро пешгӯии Ҳизқиёл ба подшоҳи охирини Ерусалим — Сидқиёҳу чунин буд: «Аммома аз сарат дур карда ва тоҷат бардошта хоҳад шуд ... то вақти омадани он касе ки ҳақ аз они ӯст [касе, ки ҳақ бар он дорад] ва Ман онро ба ӯ хоҳам дод» (Ҳизқиёл 21:26, 27). Шахсе, ки ҳақ бар тахти Довуд дорад,— Исои Масеҳ мебошад (Луқо 1:32, 33). Пас, поймолкунии ҳокимияти Худо бояд ҳангоми подшоҳ шудани Исо анҷом ёбад.
Ин воқеаи муҳим бояд кай рӯй медод? Исо ишора кард, ки бутпарастон муддати муайяни вақте ҳукмронӣ хоҳанд кард. Ва давомнокии ин вақтро аз боби 4-уми китоби Дониёл фаҳмидан мумкин аст. Ин боб хоби дидаи подшоҳи Бобил Набукаднесарро тасвир мекунад, ки хоби нубувват аст. Подшоҳ дар хоб дарахти калонеро дид, ки бурида шуд. Кундаи боқимонда аз дарахт боло сабзида наметавонист, чунки бо бандҳои оҳаниву мисӣ баста буд. Ва фариштае эълон кард: «Ҳафт замон бар ӯ бигзарад» (Дониёл 4:7–13).
Дар Китоби Муқаддас дарахтон баъзан рамзи ҳокимиятанд (Ҳизқиёл 17:22–24; 31:2–5). Ва бурида шудани дарахти рамзӣ қатъ гардидани салтанати шоҳони бар тахти Худованд нишастаро нишон медод. Аммо чуноне ки аз рӯъё бармеояд, поймол гаштани Ерусалим набояд доимӣ бошад, балки «ҳафт замон» давом кунад. Ин муддати вақт чӣ қадар тӯл мекашад?
Матни Ваҳй 12:6, 14 нишон медиҳад, ки сеюним замон ба «ҳазору дусаду шаст рӯз» баробар аст. Пас «ҳафт замон», ки ду баробар зиёд аст, 2520 рӯзро ташкил медиҳад. Аммо 2520 рӯз баъд аз забти Ерусалим, бутпарастон поймол намудани ҳокимияти Худоро ҳанӯз бас накарда буданд. Равшан аст, ки ин пешгӯӣ муддати тӯлонитари вақтро ифода мекунад. Агар дар асоси оятҳои Ададҳо 14:34 ва Ҳизқиёл 4:6 «як рӯзро ба ҷои як сол» ҳисоб кунем, «ҳафт замон» баробар ба 2520 сол мешавад.
Ин давраи вақт — 2520 сол, моҳи октябри соли 607-уми қ. д. мо, ҳангоме ки бобилиён Ерусалимро забт намуда, подшоҳи аз силсилаи насли Довуд бударо аз тахт сарнагун карданд, оғоз ёфт ва октябри соли 1914-и д. мо ба охир расид. Айнан ҳамон вақт «даврони халқҳо» анҷом ёфт ва Худо дар * (Забур 2:1–6; Дониёл 7:13, 14).
осмон Исои Масеҳро подшоҳ таъин кардҲамон тавре ки Исо пешгӯӣ кард, ҳангоми чун Подшоҳи осмонӣ «омадани» ӯ мусибатҳои гӯшношуниде дар дунё рӯй доданд: ҷангҳо, қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо (Матто 24:3–8; Луқо 21:11). Ин рӯйдодҳо далелҳои боэътимод бар онанд, ки соли 1914 дар ҳақиқат Салтанати осмонии Худо барпо гашт ва «айёми охир»-и ин тартиботи шарирона оғоз ёфт (2 Тимотиюс 3:1–5).
^ сарх. 9 Аз октябри соли 607 қ. д. мо то октябри соли 1-уми қ. д. мо 606 сол гузашт. Азбаски соли сифрӣ нест, аз октябри соли 1-уми қ. д. мо то октябри соли 1914-и д. мо, 1914 сол сипарӣ шуд. Ҳосили ҷамъи 606 сол ва 1914 сол баробар ба 2520 сол аст. Дар хусуси забти Ерусалим дар соли 607 қ. д. мо, метавонед дар рисолаи «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Илоҳӣ буда, фоиданоканд» (рус.), дарси 3, сархатҳои 5, 6 ва ҳамчунин дар энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (рус.), мақолаи «Хронология» маълумоти зиёдтар ёбед. Ҳар ду адабиёт нашри Шоҳидони Яҳува мебошанд.