БОБИ 7
Итоаткорӣ туро муҳофизат мекунад
АГАР ту ҳар чиро, ки дилат хоҳад, карда метавонистӣ, оё ту аз ин хурсанд мебудӣ? Оё баъзан мехоҳӣ, ки ба ту ҳеҷ кас «ин корро кун» ё «он корро кун» нагӯяд? Канӣ росташро гӯй. ~
2 Оё дуруст аст, ки ту ҳамеша ҳар кори мехостагиатро кунӣ? Ё беҳтар аст, ки ба гапи падару модарат гӯш кунӣ? ~ Худо мехоҳад, ки ту падару модаратро гӯш кунӣ ва ин, албатта, бесабаб нест. Биё мефаҳмем, ки барои чӣ.
3 Ту ҳозир чандсолаӣ? ~ Оё ту медонӣ, ки падарат чандсола аст? ~ Модарат, бибиат ё бобоят-чӣ? ~ Онҳо, албатта, аз ту хеле калонанд. Чӣ қадаре ки шахс бисёртар зиндагӣ кунад, ҳамон қадар вай чизи зиёдтарро медонад. Ҳар сол ӯ чизҳои нав ба навро мебинад, мешунавад ва корҳои зиёдтарро мекунад. Барои ҳамин, хурдсолон метавонанд аз калонсолон бисёр чизро ёд гиранд.
4 Оё ту ягон каси аз худат майдатарро мешиносӣ? ~ Кадоме аз шумо бисёртар медонед? ~ Барои чӣ? ~ Барои он ки ту аз вай калонӣ ва зиёдтар зиндагӣ кардаӣ. Барои ёд гирифтани ин ё он кор ту аз вай дида вақти бисёртар доштӣ.
5 Кадом шахс назар ба тую ман ва ё ягон каси дигар зиёдтар зиндагӣ кардааст? ~ Яҳува. Ӯ аз ту ва аз ман дида чизҳои зиёдтарро медонад. Вақте ки Ӯ ба мо ягон корро мефармояд, мо боварӣ дошта метавонем, ки ин кор дуруст аст, ҳатто агар кардани он душвор бошад ҳам. Оё ту медонистӣ, ки боре ҳатто ба Устоди Бузург гӯш кардан ба Худо душвор буд? ~
6 Боре Худо аз Исо хоҳиш кард, ки як кори хеле душворро иҷро кунад. Ва чӣ хеле ки дар расм мебинем, Исо дар бораи ин дуо гуфт. Вай аз Худо илтимос кард: «Агар хоҳӣ, ин чизи душворро аз ман дур кун». Бо ин Исо нишон дод, ки иҷро кардани хости Худо барои ӯ на ҳамеша осон буд. Вале оё ту медонӣ, ки Исо дуояшро чӣ тавр ба охир расонд? ~
7 Дар охири дуояш Исо гуфт: «Лекин на хоҳиши Ман, балки хости Ту бигзор ба амал ояд» (Луқо 22:41, 42). Бале, ӯ мехост, ки хоҳиши Худо иҷро шавад, на хоҳиши вай. Ана барои ҳамин Исо кори ба худаш маъқулро накарду чизеро, ки Худо мехост, ҳамонро кард.
8 Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? ~ Мо мефаҳмем, ки иҷро кардани хости Худо ҳамеша дуруст аст, ҳатто агар он осон набошад ҳам. Аз дуои Исо мо боз як чизи дигарро мефаҳмем. Ба фикри ту, чиро? ~ Мо мефаҳмем, ки Худо ва Исо як шахс нестанд. Яҳува Худо аз Писараш, Исо, калонтар аст ва аз вай дида чизҳои бисёртарро медонад.
9 Вақте ки мо ба Худо гӯш мекунем, мо нишон медиҳем, ки Ӯро нағз мебинем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Муҳаббат ба Худо маънои онро дорад, ки мо гуфтаҳои Ӯро иҷро мекунем» (1 Юҳанно 5:3). Ҳа, ба ҳамаи мо даркор аст, ки Худоро гӯш кунем. Оё ту Ӯро гӯш кардан мехоҳӣ? ~
10 Биё Китоби Муқаддасро кушоем ва бинем, ки Худо ба бачаҳо чӣ мегӯяд. Биё аз боби 6-уми китоби Эфсӯсиён, оятҳои аз 1 то 3-ро мехонем. Он ҷо гуфта шудааст: «Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат кунед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. “Падар ва модари худро иззат кун”, ин аст қонуни аввалин бо чунин ваъда: “То ки ҳаётат хуб бошад ва дар замин умри дароз бинӣ”».
11 Акнун мефаҳмӣ, ки худи Яҳува Худо мехоҳад, ки ту падару модаратро гӯш кунӣ. Ба фикри ту, падару модарро иззат кардан чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ту онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунӣ. Ва Худо ваъда медиҳад, ки агар ту гапи онҳоро гирӣ, ҳаётат хуб мешавад.
12 Ҳозир ман ба ту як ҳикояро нақл мекунам. Он дар бораи одамоне мебошад, ки барои итоаткор буданашон наҷот ёфтанд. Ин одамон дар замони қадим дар як шаҳри калон — Ерусалим зиндагӣ мекарданд. Бисёри одамони он ҷо Худоро гӯш намекарданд, барои ҳамин Исо онҳоро огоҳ кард, ки Худо шаҳри онҳоро нест карданӣ аст. Исо ҳамчунин гуфт, ки одамоне, ки кардани корҳои ба Худо маъқулро нағз мебинанд, наҷот меёбанд. Чӣ тавр онҳо наҷот ёфта метавонистанд? Исо фаҳмонд: «Вақте мебинед, ки аскарон дар гирди Ерусалим ҷамъ шудаанд, бидонед, ки нобудшавии он наздик аст. Он вақт аз Ерусалим баромада ба кӯҳҳо гурезед» (Луқо 21:20–22).
13 Дертар, чӣ хеле ки Исо гуфта буд, аскарони румӣ ба Ерусалим омаданд. Онҳо дар гирди шаҳр ҷамъ шуданд, то онро несту нобуд кунанд. Лекин, каме баъд аз як сабаби номаълум аскарон аз он ҷо рафтанд. Бисёри одамон фикр карданд, ки аскарони румӣ гашта намеоянд. Барои ҳамин, онҳо дар шаҳр монданд. Вале оё дар ёд дорӣ, ки Исо чӣ гуфта буд? ~ Агар ту он вақт дар Ерусалим мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~ Он одамоне, ки дар ҳақиқат ба Исо бовар мекарданд, хонаҳояшонро партофта ба кӯҳи аз Ерусалим дур гурехтанд.
14 Аз байн як сол гузашт, бо Ерусалим бошад, чизе рӯй надод. Ду сол гузашт, боз ҳеҷ чиз нашуд. Баъд соли сеюм омад, вале ҳама чиз мисли пештара буд. Баъзеҳо мумкин фикр карданд, ки одамони аз шаҳр гурехта беақлона рафтор карданд. Лекин дар соли чорум аскарони румӣ баргаштанд. Онҳо аз нав дар гирди Ерусалим ҷамъ шуданд. Акнун барои аз шаҳр гурехтан хеле дер шуда буд. Ин дафъа аскарон Ерусалимро несту нобуд карданд. Онҳо бисёри одамони шаҳрро куштанд ва мондагиашонро ба ғуломӣ бурданд.
15 Лекин бо онҳое, ки ба Исо гӯш карданд, чӣ шуд? ~ Онҳо зараре надиданд. Онҳо аз Ерусалим хеле дур буданд. Аз ин рӯ, бо онҳо ҳеҷ чиз нашуд. Итоаткорӣ онҳоро муҳофизат кард.
16 Оё итоаткорӣ туро ҳам муҳофизат мекунад? ~ Масалан, падару модарат мумкин ба ту мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ дар назди роҳ бозӣ накун. Барои чӣ онҳо ин хел мегӯянд? ~ Барои он ки туро мошин зада метавонад. Лекин баъзан ту мумкин ин хел фикр кунӣ: «Ҳозир мошин нест-ку. Бо ман ҳеҷ чиз намешавад. Охир, дигар бачаҳо дар назди роҳ бозӣ мекунанд, лекин бо онҳо ягон чиз намешавад-ку».
17 Бисёри одамоне, ки дар Ерусалим буданд, айнан ҳамин хел фикр мекарданд. Баъди рафтани аскарони румӣ ба назар чунин мерасид, ки гӯё дигар хатар набуд. Одамон диданд, ки бисёри мардум дар шаҳр монданд, барои ҳамин онҳо ҳам аз Ерусалим нарафтанд. Исо онҳоро огоҳ карда буд, вале онҳо гӯш накарданд. Дар натиҷа ин одамон ҳаёташонро аз даст доданд.
18 Ана боз як мисоли дигар. Ту ягон бор бо гӯгирд бозӣ карда будӣ? ~ Мумкин даргирондани гӯгирд ва ба алов нигоҳ кардан ба назарат шавқовар тобад. Лекин гӯгирдбозӣ хатарнок аст. Ту метавонӣ тамоми хонаро алов сар диҳӣ ва худат ҳам сӯзӣ!
19 Дар ёд дор, ки фақат баъзан итоаткор будан кам аст. Лекин агар ту ҳама вақт итоаткор бошӣ, ин туро дар ҳақиқат муҳофизат мекунад. Дар ёдат ҳаст, ки кӣ ин хел гуфтааст: «Эй фарзандон, ба падару модари худ итоат кунед»? ~ Ҳа, дуруст, инро Худо гуфтааст. Ва аз хотир набарор: Ӯ инро барои он мегӯяд, ки туро нағз мебинад.
Акнун ин оятҳои Китоби Муқаддасро, ки зарур будани итоаткориро нишон медиҳанд, хон: Масалҳо 23:22; Воиз 12:13; Ишаъё 48:17, 18 ва Қӯлассиён 3:20.