БОБИ 22
Барои чӣ мо бояд дурӯғ нагӯем?
ТАСАВВУР кун, ки духтарчае ба модараш мегӯяд: «Майлаш, ман баъди дарс даррав ба хона мебиёям». Лекин баъд аз тамом шудани дарс вай бо дугонаҳояш бозӣ карда ба хона дертар меояд ва ба модараш мегӯяд: «Муаллимаам гуфтанд, ки истода ба он кас ёрдам диҳам». Ба фикри ту, оё рафтори ин духтарча дуруст мебуд? ~
2 Ё мумкин писарчае ба падараш мегӯяд: «Не, ман дар хона тӯббозӣ накардам». Лекин дар ҳақиқат бошад, вай тӯббозӣ карда буд. Оё «не, ман накардам» гуфтани ин писарча дуруст мебуд? ~
3 Устоди Бузург нишон дод, ки чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст. Вай гуфт: «Бигзор “ҳа”-и шумо ҳа бошад ва “не”-и шумо не, он чӣ зиёда аз ин бошад, аз Шайтон аст» (Матто 5:37). Ин суханони Исо чӣ маъно доранд? ~ Исо гуфтанӣ буд, ки гапи мо бояд ҳама вақт ба рафторамон мувофиқ бошад.
4 Дар Китоби Муқаддас як ҳикояе оварда шудааст, ки аз он мо мефаҳмем, ки рост гуфтан хеле муҳим аст. Ин ҳикоя дар бораи ду шахсест, ки худро шогирдони Исо меномиданд. Биё мебинем, ки бо онҳо чӣ рӯй дод.
5 Қариб ду моҳ пас аз мурдани Исо одамони бисёр аз ҷойҳои дур ба як иди калон ба Ерусалим омаданд. Ин ид — иди Пантикост ном дошт. Петруси ҳавворӣ ба одамон дар бораи Исо ва дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува вайро аз нав зинда кард, чизҳои шавқоварро нақл кард. Бисёре аз одамоне, ки ба ин ид омада буданд, дар бораи Исо аввалин бор шуниданд. Ва акнун онҳо мехостанд, ки дар бораи вай бисёртар фаҳманд. Барои ин онҳо чӣ кор карданд?
6 Ин одамон қарор доданд, ки боз камтари дигар дар шаҳри Ерусалим меистанд. Лекин, баъди якчанд вақт пулҳои баъзеашон тамом шуд ва онҳо ба худашон дигар хӯрок харида наметавонистанд. Инро фаҳмида он шогирдони Исо, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, ба меҳмонон ёрдам карданӣ шуданд. Барои ҳамин, бисёри онҳо чизҳои доштаашонро фурӯхтанд ва пулашро ба ҳаввориён оварданд. Ҳаввориён бошанд, ин пулро ба ҳамон одамоне, ки пулашон тамом шуда буд, доданд.
7 Ҳанониё ва занаш Сафира, ки аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ буданд, заминашонро фурӯхтанд. Ҳеҷ кас онҳоро ба ин кор маҷбур накарда буд, онҳо худашон ин хел кардан хостанд. Лекин Ҳанониё ва Сафира заминро на аз барои он фурӯхтанд, ки шогирдони нави Исоро дӯст медоштанд, балки барои он ки худашонро дар назари дигарон нағз нишон доданӣ буданд. Зану шавҳар қарор доданд, ки заминро фурӯхта танҳо як қисми пулашро ба ҳаввориён медиҳанду мегӯянд, ки аз фурӯши замин онҳо ҳамин қадар пул ба даст оварданд. Ту дар бораи ин рафтори онҳо чӣ фикр мекунӣ? ~
8 Ҳанониё ба пеши ҳаввориён рафт ва пулро ба онҳо дод. Лекин Худо медонист, ки Ҳанониё танҳо як қисми пулро дод ва Ӯ инро ба Петруси ҳавворӣ маълум кард.
9 Барои ҳамин, Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Барои чӣ ту гузоштӣ, ки Шайтон ба дилат роҳ ёбад?... Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан ба даст овардӣ, чизи худат набуд? Чаро як қисми пулро оварда гуфтӣ ки ин ҳамаи пул аст? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ»
10 Ин кори шӯхӣ набуд. Ҳанониё дурӯғ гуфт! Дар гап вай як чизро гуфту дар амал кори дигарро кард. Мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки баъд бо вай чӣ шуд: «Ҳанониё суханони Петрусро шунид ва ба замин афтода мурд». Ҳа, Худо Ҳанониёро зад! Баъд аз ин ӯро бурда гӯр карданд.
11 Қариб се соат пас Сафира омад. Вай намедонист, ки бо шавҳараш чӣ рӯй дод. Петрус аз Сафира пурсид: «Оё шумо заминро ба ҳамон нархе, ки ба мо гуфтед, фурӯхтед?»
12 Сафира ҷавоб дод: «Ҳа, ба ҳамин нарх». Лекин ин дурӯғ буд! Охир онҳо аз фурӯши замин як қисми пулро ба худашон гирифта буданд-ку! Худо Сафираро барои дурӯғгӯияш ҷазо дод ва ӯ ҳам мурд (Аъмол 5:1–11).
13 Мо аз он чизе ки бо Ҳанониё ва Сафира рӯй дод, чӣ дарс мегирем? Худо одамони дурӯғгӯйро бад мебинад. Ӯ мехоҳад, ки мо ҳама вақт ростгӯ бошем. Лекин бисёриҳо мегӯянд, ки дурӯғгӯӣ ягон бадӣ надорад. Ба фикри ту, оё ин дуруст аст? ~ Оё ту медонӣ, ки сабаби касалиҳо, дарду азоб ва мурдани одамон маҳз дурӯғ аст? ~
14 Ба хотир ор, ки Шайтон ба якумин зан — Ҳавво дурӯғ гуфта буд. Шайтон гуфт, ки агар Ҳавво аз меваи дарахти манъшуда хӯрад, вай намемурад, ҳарчанд Худо гуфта буд, ки агар касе аз меваи он дарахт хӯрад, албатта мемурад. Ҳавво ба Шайтон бовар кард ва меваи дарахтро хӯрд. Баъд зан меваро ба Одам дод ва ӯ ҳам онро хӯрд. Ҳамин тавр ҳардуи онҳо гунаҳкор шуданд ва оқибат гуноҳ ба ҳамаи кӯдаконашон гузашт. Ана барои чӣ ҳамаи кӯдакони Одам азоб мекашанд ва мемуранд. Пас, ҳамаи дарду азоб аз чӣ сар шуд? ~ Ҳа, аз дурӯғ.
15 Ана барои чӣ Исо Шайтонро «дурӯғгӯй ва падари дурӯғ» номид! Шайтон аввалин шахсе буд, ки дурӯғ гуфт. Вақте ки ягон кас дурӯғ мегӯяд, вай мисли Шайтон рафтор мекунад. Ҳар боре ки дар мо хоҳиши гуфтани гапи дурӯғ пайдо мешавад, мо бояд инро ба ёд орем (Юҳанно 8:44).
16 Кадом вақт дар ту хоҳиши гуфтани гапи дурӯғ пайдо шуда метавонад? ~ Бисёр вақт баъди кардани ягон кори хато, ҳамин хел-не? ~ Масалан, агар ту ягон чизро шиканию аз ту пурсанд, ки ин корро кӣ кард, оё ту дар ҳамааш додарча ё хоҳарчаатро айбдор мекунӣ? Ва ё ту худатро ба нодонӣ мезанӣ? ~
17 Ё мумкин ба ту вазифаи хонагӣ медиҳанду, лекин ту онро пурра иҷро намекунӣ. Агар аз ту пурсанд, ки вазифаи хонагиатро иҷро кардӣ, оё ту «ҳа, кардам» мегӯӣ? ~ Ҳанониё ва Сафираро ба хотир ор. Ҳама гапи онҳо рост набуд. Худо Ҳанониё ва Сафираро ҷазо дод ва ин нишон медиҳад, ки Ӯ дурӯғгӯиро бад мебинад.
18 Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун: кадом кори нодурусте, ки накунем, дурӯғгӯӣ ҳолатро танҳо бадтар мекунаду халос. Ҳамчунин гапи мо набояд нисфаш рост бошаду нисфаш дурӯғ. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Рост гӯед». Дар он мо ҳамчунин мехонем: «Ба якдигар дурӯғ нагӯед». Яҳува ҳама вақт рост мегӯяд ва Ӯ мехоҳад, ки мо ҳам ҳамин хел кунем (Эфсӯсиён 4:25; Қӯлассиён 3:9).
Аз ин оятҳои Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки бояд ҳама вақт гапи рост гӯем: Хуруҷ 20:16; Масалҳо 6:16–19; 12:19; 14:5; 16:6 ва Ибриён 4:13.