Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 1

Сарсухани хуб

Сарсухани хуб

Аъмол 17:22

МАҚСАДИ ДАРС: Сарсухани шумо бояд шавқи шунавандаро бедор созад, ӯро бо мавзӯъ шинос кунад ва нишон диҳад, ки он ба шахс чӣ гуна фоида меорад.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Шавқи шахсро бедор созед. Ягон савол, воқеа, хабар, зарбулмасал ё чизи дигареро, ки ба шунаванда шавқовар буда метавонад, қайд кунед.

  • Бо мавзӯъ шинос кунед. Дар сарсуханатон нишон диҳед, ки дар бораи чӣ гап заданиед ва чаро ин мавзӯъро интихоб кардед.

  • Муҳим будани мавзӯъро нишон диҳед. Дар бораи он чизе гап занед, ки шунаванда дар амал истифода бурда тавонад. Ӯ бояд аниқ фаҳмад, ки чӣ тавр мавзӯе, ки шумо муҳокима карданиед, шахсан ба вай фоида меорад.