ДАРСИ 6
Сабаби истифода бурдани оят
Юҳанно 10:33–36
МАҚСАДИ ДАРС: Оятро хонда, зуд ба фикри дигар нагузаред. Боварӣ ҳосил кунед, ки шунавандагон алоқаи байни оят ва фикреро, ки шумо ба онҳо расонданиед, нағз фаҳмиданд.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
-
Калимаҳои асосиро қайд кунед. Баъд аз хондани оят диққати шунавандагонро ба калимаҳои даркорӣ равона кунед. Барои ин метавонед он калимаҳоро такрор кунед ё саволе диҳед, ки ҷавобашро аз оят ёфтан мумкин аст.
-
Фикри асосиро таъкид кунед. Агар шумо пеш аз хондани оят сабаби овардани онро гуфта бошед, фаҳмонед, ки чӣ тавр калимаҳои даркории оят фикри асосиро тасдиқ мекунанд.
-
Осон фаҳмонед. Он қисмҳои оятро, ки бо фикри асосӣ алоқаманд нестанд, шарҳ надиҳед. Дониши шунавандагонро оид ба мавзӯе, ки муҳокима мекунед, ба назар гирифта қарор кунед, ки барои равшан кардани фикри асосӣ чӣ қадар далел овардан лозим аст.