Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 138

Масеҳ аз тарафи рости Худо нишаст

Масеҳ аз тарафи рости Худо нишаст

АЪМОЛ 7:56

  • ИСО АЗ ТАРАФИ РОСТИ ХУДО МЕШИНАД

  • ШОУЛ ШОГИРДИ ИСО МЕШАВАД

  • САБАБ БАРОИ ХУРСАНДИИ МО

Пас аз даҳ рӯзи ба осмон рафтани Исо, дар иди Ҳафтаҳо рӯҳи муқаддас фурӯ рехта шуд. Ин нишон медиҳад, ки Исо, дар ҳақиқат, дар осмон аст. Далели дигар чизи дидаи Истефанус буд. Пеш аз он ки ин шогирди содиқи Исоро барои шаҳодат доданаш сангсор карданд, ӯ гуфт: «Ман осмони кушода ва Писари одамро, ки дар тарафи рости Худо истодааст, мебинам» (Аъмол 7:56).

Дар осмон, дар назди Падари худ нишаста, Исо супориши махсусеро интизор мешавад, ки оиди он дар Каломи Худо пешгӯйӣ шуда буд. Вақте Исо дар замин буд, ӯ суханони зеринеро, ки Довуд зери илҳоми Худо гуфта буд, иқтибос овард: «Яҳува ба Сарвари ман гуфт: “Аз тарафи рости Ман шин, то даме ки душманонатро зери пойи ту гузорам”». Замони интизорӣ ки ба охир расид, Исо «дар миёни душманон»-и худ ҳукмронӣ мекунад (Матто 22:44; Забур 109:1, 2). Лекин то замони бар зидди душманон амал кардан Исо дар осмон чӣ кор мекунад?

Дар иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ ҷамъомади масеҳӣ ташкил ёфт. Аз ҳамон вақт Исо аз осмон роҳнамоӣ кардани шогирдони тадҳиншудаашро сар кард (Қӯлассиён 1:13). Ӯ кори мавъизаро роҳбарӣ намуда, онҳоро ба иҷрои вазифаи нав тайёр мекард. Ин чӣ гуна вазифа аст? Он шогирдоне, ки то дами марг ба Исо содиқ мемонанд, зинда мешаванд ва ҳамроҳи ӯ дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунанд.

Яке аз пайравони шинохтаи Исо, ки дар оянда бо ӯ подшоҳӣ мекунад, Шоул мебошад. Ӯ бештар бо номи румии худ, Павлус, машҳур аст. Шоул яҳудие буд, ки Шариатро тӯли солҳо бо ҷидду ҷаҳд риоя мекард, лекин ӯ то дараҷае ба таъсири бади роҳбарони дини яҳудӣ дода шуд, ки сангсор кардани Истефанусро дуруст ҳисобид. Баъдтар Шоул, ки «ба шогирдони Ҳазрат... таҳдид мекард ва сахт мехост, ки онҳоро кушад», роҳи Димишқро пеш гирифт. Ӯ аз саркоҳин Қаёфо иҷозат гирифта, нияти дастгир карда, ба Ерусалим баргардонидани шогирдони Исоро дошт (Аъмол 7:58; 9:1). Вале дар роҳ нуре дурахшида, атрофи Шоулро равшан кард ва ӯ ба замин афтод.

Ногоҳ аз куҷое овози баланде садо дод: «Шоул, Шоул, барои чӣ ту маро таъқиб мекунӣ?» Шоул гуфт: «Тақсир, ту кистӣ?» Овоз ба ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамон Исо ҳастам, ки ту ӯро таъқиб мекунӣ» (Аъмол 9:4, 5).

Исо ба Шоул гуфт, ки ба Димишқ рафта, роҳнамоии ӯро интизор шавад. Лекин барои ба шаҳр расидан ба Шоул ёрии дигарон лозим буд, чунки нуре, ки дар роҳ дурахшид, чашмонашро кӯр кард буд. Исо ҳамчунин ба яке аз шогирдонаш, ки Ҳанониё ном дошту дар Димишқ зиндагӣ мекард, дар рӯъё зоҳир шуд. Ӯ ба Ҳанониё гуфт, ки ба хонае рафта, Шоулро суроғ кунад. Инро шунида Ҳанониё тарсу хавотириашро баён кард, вале Исо ӯро дилпур намуд: «Ин шахс зарфи интихобшудаи ман аст, ки бояд номи маро ба халқҳо, подшоҳон ва писарони Исроил эълон намояд». Шоул аз нав бино шуд ва дар Димишқ «дар бораи Исо мавъиза карда мегуфт, ки ӯ Писари Худост» (Аъмол 9:15, 20).

Павлус ва дигар воизони он замон бо дастгирии Исо кори мавъизаеро, ки Исо ба он асос гузошта буд, давом медоданд. Худо онҳоро баракат медод ва онҳо комёбиҳои зиёд ба даст оварданд. Пас аз 25 соли ба Павлус дар роҳи Димишқ зоҳир шудани Исо ин шогирдаш навишт, ки хушхабар «ба тамоми офаридаҳои зери осмон мавъиза шудааст» (Қӯлассиён 1:23).

Баъд аз солҳои зиёд Исо ба шогирди дӯстдоштааш Юҳанно як қатор рӯъёҳоеро нишон дод, ки дар китоби Ваҳй навишта шудаанд. Ба воситаи ин рӯъёҳо Юҳанно замонеро дид, ки Исо дар қудрати подшоҳӣ бармегардад (Юҳанно 21:22). Ин расул гуфт: «Зери таъсири рӯҳи муқаддас ман дар рӯзи Ҳазрат ҳузур доштам» (Ваҳй 1:10). Ин замон кай фаро расид?

Дар натиҷаи омӯзиши бодиққати пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас маълум мегардад, ки «рӯзи Ҳазрат» дар замони мо, соли 1914, сар шуд. Дар он сол Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сар зад. Аз он вақт инҷониб даҳсолаҳо аст, ки ҷангҳо, вабоҳо, қаҳтӣ, заминҷунбиҳо ва дигар мусибатҳо дида мешаванд. Бо ин рӯйдодҳо аломате, ки Исо дар бораи «ҳузур доштани» худ ва «анҷом» гуфта буд, дар миқёси калон иҷро шуда истодааст (Матто 24:3, 7, 8, 14). Дар асри як хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар ҳудуди давлати Рум паҳн шуда буд, ҳоло бошад, он дар тамоми олам мавъиза карда мешавад.

Зери илҳоми илоҳӣ Юҳанно фаҳмонд, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо ба чӣ ишора мекунанд: «Акнун замони наҷот, қудрат ва Подшоҳии Худои мо ва ҳокимияти Масеҳи Ӯ фаро расид» (Ваҳй 12:10). Дар ҳақиқат, Подшоҳии Худо, ки дар осмон аст ва Исо дар борааш дар ҳама ҷо эълон мекард, ҳукмронӣ карда истодааст!

Ин хабар барои шогирдони содиқи Исо хеле хурсандибахш аст. Ғайр аз ин, онҳо ба суханони зерини Юҳанно диққати ҷиддӣ медиҳанд: «Бинобар ин шодӣ кунед, эй осмон ва сокинони он! Аммо вой бар ҳоли замин ва баҳр, зеро Иблис назди шумо фаромадааст ва ӯ сахт дарғазаб аст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12).

Ҳамин тавр, Исо дигар аз тарафи рости Худо нишаста, интизор нест. Ӯ чун Подшоҳ ҳукмронӣ карда истодааст ва ба қарибӣ ҳамаи душманонашро несту нобуд мекунад (Ибриён 10:12, 13). Баъд аз он чӣ гуна дигаргуниҳои фараҳбахш ба амал меоянд?