Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 135

Исо ба бисёриҳо зоҳир мешавад

Исо ба бисёриҳо зоҳир мешавад

ЛУҚО 24:13–49 ЮҲАННО 20:19–29

  • ИСО ДАР РОҲИ АММОУС БА ДУ ШОГИРДАШ ЗОҲИР МЕШАВАД

  • Ӯ ОЯТҲОРО БА ШОГИРДОНАШ МЕФАҲМОНАД

  • ТУМО АКНУН БОВАР МЕКУНАД

Рӯзи якшанбеи 16-уми нисон аст. Шогирдон хеле ғамгинанд. Онҳо то ҳол намефаҳманд, ки барои чӣ қабри Исо холист (Матто 28:9, 10; Луқо 24:11). Он рӯз ду шогирди Исо, ки яке аз онҳо Клеопос ном дорад, аз Ерусалим ба Аммоус равона мешаванд. Аммоус тахминан 11 километр дуртар аз Ерусалим ҷойгир аст.

Дар роҳ онҳо воқеаҳоеро, ки он рӯз рӯй дода буд, муҳокима мекунанд. Марди ношиносе ба сӯҳбаташон ҳамроҳ шуда, мепурсад:

— Шумо раҳ ба раҳ кадом воқеаҳоро муҳокима карда истодаед?

— Оё ту дар Ерусалим мусофир ҳастиву танҳо зиндагӣ мекунӣ, ки аз воқеаҳои дар ин рӯзҳо рӯйдода хабар надорӣ? — ҷавоб медиҳад Клеопос.

— Аз кадом воқеаҳо? (Луқо 24:17–19).

— Аз он воқеаҳое, ки бо Исои носирӣ рӯй доданд — ҷавоб медиҳанд шогирдон ва илова мекунанд: — Мо... умедвор будем, ки ин мард ҳамон касест, ки Исроилро озод мекунад (Луқо 24:19–21).

Клеопос ва шогирди дигар ба он мард воқеаҳои аҷоиберо, ки он рӯз рӯй дода буданд, нақл мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки якчанд нафар занон сӯйи қабри Исо рафтанд, лекин онро холӣ ёфтанд ва ғайр аз ин, фариштагонро диданд, ки ба онҳо хабари зинда шудани Исоро расонданд. Ин ду шогирд ҳамчунин мегӯянд, ки суханони ин занонро шунида дигарон ҳам сӯйи ғор рафтанд ва диданд, ки «ҳамон тавре буд, ки занҳо гуфта буданд» (Луқо 24:24).

Равшан аст, ки ин ду шогирд ба маънои ин воқеаҳо сарфаҳм намераванд. Фикри хатояшон ба онҳо халал мерасонад, то бовар кунанд, ки Исо зинда гаштааст. Марди ношинос бошад, фикрронии хатои онҳоро ислоҳ карда мегӯяд: «Эй бефаҳмон, чаро ба суханони пайғамбарон имон овардан бароятон ин қадар душвор аст?! Магар лозим набуд, ки Масеҳ ҳамаи ин уқубатҳоро паси сар кунад ва ҷалол ёбад?» (Луқо 24:25, 26). Баъд ӯ пешгӯйиҳои зиёдеро аз Навиштаҳо дар бораи Масеҳ ба онҳо мефаҳмонад.

Оқибат онҳо ба наздикиҳои Аммоус мерасанд. Он ду шогирд намехоҳанд сӯҳбаташон ба охир расад, барои ҳамин аз марди ношинос хоҳиш мекунанд: «Нарав, бо мо ист, чунки шом шуда истодааст ва пас аз андаке торик мешавад». Он мард розӣ мешавад. Дар сари дастархон ӯ дуо мегӯяд ва нонро пора карда, ба онҳо медиҳад. Шогирдон дарҳол ӯро мешиносанд, лекин вай ҳамон лаҳза нопадид мешавад (Луқо 24:29–31). Акнун онҳо боварии пурра доранд, ки Исо зинда аст!

Он ду шогирд аз воқеаи рӯйдода ба ваҷд омада ба ҳамдигар мегӯянд: «Магар, вақте ки ӯ дар роҳ бо мо гап зада Навиштаҳои Муқаддасро пурра мефаҳмонд, диламон ба ҳаяҷон намеомад?» (Луқо 24:32). Онҳо саросема ба Ерусалим бармегарданд ва мебинанд, ки расулон ва дигарон ҷамъ шудаанд. Пеш аз он ки Клеопос ва ҳамроҳаш чизе гӯянд, ба онҳо хабар медиҳанд: «Дар ҳақиқат Ҳазрат зинда шудааст ва ӯ ба Шимъӯн зоҳир гашт!» (Луқо 24:34). Он гоҳ ин ду шогирд низ мегӯянд, ки онҳо Исоро диданд. Бале, онҳо ӯро бо чашми худ диданд!

Ҳозир бошад, ҳама ба ҳайрат меоянд! Чаро? Чунки Исо дар байни онҳо пайдо мешавад! Шогирдон дарро аз тарси яҳудиён маҳкам карда буданд, лекин Исо мӯъҷизавор дар он хона пайдо мешавад. Ӯ оромона ба онҳо мегӯяд: «Салом!» Онҳо сахт метарсанд. Чи хеле ки боре рӯй дода буд, онҳо намефаҳманд, ки ин Исост (Луқо 24:36, 37; Матто 14:25–27).

Барои он ки шогирдон дарк кунанд, ки ӯ дар ҳақиқат Исо аст, на маҳсули хаёлоти онҳо, Исо дасту пои худро ба онҳо нишон дода мегӯяд: «Чаро метарсед ва чаро дилатон ба шубҳа афтод? Ба дасту пойи ман нигоҳ кунед, охир, ин манам. Ба ман даст расонед ва бубинед, ки гӯшту устухон дорам, зеро офаридаи рӯҳӣ гӯшту устухон надорад» (Луқо 24:36–39). Дили шогирдон аз шодӣ пур мешавад, лекин шубҳаҳояшон ҳанӯз нест нашудааст.

Барои бартараф кардани шубҳаҳо ва нишон додани он ки ӯ воқеист, Исо мепурсад: «Оё шумо чизе барои хӯрдан доред?» Онҳо ба ӯ як пораи моҳии бирёнро медиҳанд. Исо моҳиро хӯрда, ба онҳо мегӯяд: «Вақте ман [пеш аз маргам] ҳамроҳатон будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чӣ дар бораи ман дар Тавроти Мӯсо, Навиштаҳои пайғамбарон ва Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад» (Луқо 24:41–44).

Исо ба Клеопос ва дигар шогирд ёрдам карда буд, ки Навиштаҳоро дарк кунанд. Акнун бошад, ӯ ба тамоми ҳозирон низ мефаҳмонад: «Навишта шудааст, ки Масеҳ азобу уқубат мекашаду дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда мегардад ва дар асоси номи ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо хабар расонида мешавад, ки онҳо бояд тавба кунанд ва ҳамин тавр бахшиши гуноҳҳоро ба даст оранд. Ва шумо шоҳиди ҳамаи ин воқеаҳо мешавед» (Луқо 24:46–48).

Он рӯз Тумои расул дар байни он шогирдон набуд. Барои ҳамин баъдтар дигарон ба вай шодикунон хабар медиҳанд: «Мо Ҳазратро дидем!» Тумо бошад, мегӯяд: «То даме ки дар дастони ӯ пайи мехҳоро набинаму ангуштамро ба пайи мехҳо ва дастамро ба захми паҳлӯяш нарасонам, бовар намекунам» (Юҳанно 20:25).

Баъд аз ҳашт рӯз шогирдон боз ҷамъ омада, дари хонаро маҳкам мекунанд. Ин дафъа Тумо ҳамроҳи онҳо мебошад. Исо, ки ба худ ба бадани инсонӣ гирифтааст, дар байни онҳо пайдо шуда мегӯяд: «Салом!» Баъд ӯ ба Тумо рӯ оварда мегӯяд: «Ангуштатро ба ин ҷо гузор ва дастонамро бин, дастатро ба паҳлӯям бирасон ва дигар шубҳа накун, балки имон дошта бош». Тумо нидо мекунад: «Ҳазрати ман, Худои ман!» (Юҳанно 20:26–28). Акнун, Тумо боварӣ дорад, ки Исо зинда аст. Суханони ӯ маънои онро доранд, ки Исо офаридаи пурқудрати рӯҳӣ ва намояндаи Яҳува Худо мебошад.

Исо ба ӯ мегӯяд: «Магар барои он бовар кардӣ, ки маро дидӣ? Хушбахтанд касоне, ки надида бовар мекунанд» (Юҳанно 20:29).