БОБИ 118
Баҳси навбатии шогирдон
МАТТО 26:31–35 МАРҚӮС 14:27–31 ЛУҚО 22:24–38 ЮҲАННО 13:31–38
-
ИСО ДАР БОРАИ МАНСАБПАРАСТӢ МАСЛИҲАТ МЕДИҲАД
-
ИСО ПЕШГӮЙӢ МЕКУНАД, КИ ПЕТРУС ӮРО ИНКОР МЕКУНАД
-
ШОГИРДОНИ ИСО БОЯД ЯКДИГАРРО ДӮСТ ДОРАНД
Ҳоло шоми охиронест, ки Исо бо шогирдонаш мегузаронад. Навакак Исо пойҳои расулонро шушта ба онҳо дарси фурӯтаниро таълим дод. Барои чӣ? Чунки онҳо ба як камбудиашон то ҳол ғолиб наомадаанд. Гарчанд расулон мардони худотарсанд, онҳо ҳанӯз аз мансабталошии худ даст накашидаанд ва ҳоло ҳам дар фикри онанд, ки дар байнашон кӣ бузургтар аст (Марқӯс 9:33, 34; 10:35–37). Ҳатто баъд аз он ки Исо пойҳои онҳоро мешӯяд, расулон ором намешаванду боз гапро дар ин бора сар мекунанд.
Дар байни «шогирдон дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳсу мунозираи сахте» мешавад (Луқо 22:24). Бешубҳа, аз ин Исо хеле ғамгин мегардад. Лекин ӯ чӣ тавр ин масъаларо ҳал мекунад?
Исо ба ҷойи он ки бо шогирдон барои рафтору фикрронии нодурусташон сахт гап занад, пуртоқатона мефаҳмонад: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва фармонфармоёни онҳо некӯкор номида мешаванд. Вале шумо набояд чунин бошед... Зеро кӣ бузургтар аст: касе, ки дар сари дастархон мешинад, ё оне, ки хизмат мекунад?» Баъд Исо намунаи худашро ба онҳо хотиррасон карда мегӯяд: «Вале ман дар байни шумо чун хизматгор ҳастам» (Луқо 22:25–27).
Ба нокомилияҳояшон нигоҳ накарда расулон дар вазъиятҳои душвор бо Исо буданд ва аз ӯ рӯ нагардонданд. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Ман бо шумо оиди подшоҳӣ аҳд мебандам, чуноне ки Падарам бо ман бастааст» (Луқо 22:29). Ба ин пайравони вафодораш Исо ваъда медиҳад, ки ба туфайли аҳде, ки байни ӯву онҳо баста мешавад, шогирдон метавонанд дар Подшоҳии Худо ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ кунанд.
Ҳарчанд расулон дар оянда дар осмон бо Исо ҳукмронӣ мекунанд, айни замон онҳо одамони хокӣ ва нокомиланд. Исо мегӯяд: «Шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад» (вақти гандумро аз ғалбер гузарондан он ба ҳар тараф пош хӯрда, пароканда мешавад) (Луқо 22:31). Ҳамчунин Исо онҳоро огоҳ мекунад: «Ҳамаи шумо имшаб аз ман рӯй мегардонед, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро зарба мезанам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд”» (Матто 26:31; Закарё 13:7).
Аммо Петрус худбоварона мегӯяд: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!» (Матто 26:33). Исо бошад, мегӯяд, ки ҳамон шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор фарёд кунад, Петрус ӯро инкор мекунад. Баъд Исо илова мекунад: «Аммо ман дар ҳаққи ту ба Худо дуо гуфта илтиҷо кардам, ки имонат суст нашавад ва ту, баъд аз он ки тавба карда бармегардӣ, бародаронатро устувор гардон» (Луқо 22:32). Лекин Петрус боқатъият мегӯяд: «Ҳатто агар бо ту мурданам лозим ояд, ҳеҷ гоҳ туро инкор намекунам» (Матто 26:35). Дигар шогирдон ҳам айнан ҳамин хел мегӯянд.
Исо ба расулонаш мегӯяд: «Ман боз каме бо шумо хоҳам буд. Шумо маро хоҳед кофт, вале, чуноне ки ба яҳудиён гуфтам, ба шумо низ мегӯям: “Ба он ҷое, ки меравам, шумо рафта наметавонед”. Ба шумо амри наве медиҳам: якдигарро дӯст доред. Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Ва, агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 13:33–35).
Вақте Петрус мешунавад, ки Исо боз ками дигар бо онҳост, мепурсад: «Ҳазрат, ба куҷо рафтанӣ ҳастӣ?» Исо ҷавоб медиҳад: «Ба ҷое, ки ман меравам, ту ҳозир рафта наметавонӣ, аммо баъдтар хоҳӣ рафт». Аммо Петрус дар ҷавоб мегӯяд: «Ҳазрат, барои чӣ ҳозир аз паси ту рафта наметавонам? Ман тайёрам, ки ҷони худро барои ту фидо кунам» (Юҳанно 13:36, 37).
Исо акнун дар бораи вақте гап мезанад, ки онҳоро барои дар Ҷалил мавъиза кардан фиристода буд ва гуфта буд, ки бо худ ҳамёни пул ё тӯшаи роҳ нагиранд (Матто 10:5, 9, 10). Исо аз шогирдон мепурсад: «Оё [он вақт] ба чизе мӯҳтоҷ шудед?» Онҳо мегӯянд: «Не». Аммо дар рӯзҳои баъд онҳо бояд чӣ кор кунанд? Исо ба онҳо дастурот медиҳад: «Акнун касе, ки ҳамён дорад, онро ва ҳамчунин тӯшаи роҳро бо худ гирад ва касе, ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯхта, шамшер харад. Дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта шудааст: “Ӯ ба қатори ҷинояткорон дароварда шуд”. Ба шумо мегӯям, ки ин гуфтаҳо бояд дар ман иҷро шаванд, зеро суханони дар бораи ман навишташуда ба амал омада истодаанд» (Луқо 22:35–37).
Исо суханашро давом дода мегӯяд, ки ба наздикӣ ӯ ҳамроҳи ҷинояткорон дар сутун мехкӯб карда мешавад. Баъд аз ин шогирдонаш бо муқобилати шадид рӯ ба рӯ мешавад. Онҳо фикр мекунанд, ки ба ин таъқиботҳо тайёранд ва мегӯянд: «Ҳазрат, ин ҷо ду шамшер ҳаст». Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Кифоя аст» (Луқо 22:38). Каме баъд, вақте яке аз шогирдон шамшерро истифода мебарад, Исо ба расулонаш як чизи муҳимеро таълим медиҳад.