Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 86

Мисол дар бораи писари гумшуда

Мисол дар бораи писари гумшуда

ЛУҚО 15:11–32

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ПИСАРИ ГУМШУДА

Аз афташ, Исо мисоли гӯсфанди гумшуда ва тангаи гумшударо дар Перея, дар тарафи шарқии дарёи Урдун, нақл кард. Аз ин ду мисол чӣ дарс гирифтан мумкин аст? Вақте гунаҳкоре тавба карда, назди Худо бармегардад, мо бояд хурсанд шавем. Фарисиён ва шариатдонон Исоро ҳукм мекунанд, ки ӯ бо одамони гунаҳкор рафтуомад дорад. Онҳо аз ин мисолҳо бояд мефаҳмиданд, ки Падари осмонии мо ба гунаҳкорони тавбакарда чӣ гуна муносибат мекунад. Ҳоло Исо мисоли таъсирбахше нақл мекунад, ки ин дарси муҳимро бори дигар қайд мекунад.

Исо дар бораи падаре нақл мекунад, ки соҳиби ду писар аст ва ин мисол асосан дар бораи писари хурдӣ мебошад. Фарисиёну шариатдонон ва ҳамчунин шунавандагони дигари Исо аз чизе, ки бо писари хурдӣ рӯй дод, барои худ дарс гирифта метавонанд. Ғайр аз ин, ба рӯҳия ва рафтори падару писари калонӣ низ диққат дода чизҳои зиёде омӯхтан мумкин аст.

Исо нақли худро ин тавр сар мекунад: «Марде ду писар дошт. Рӯзе писари хурдиаш ба ӯ гуфт: “Падар, қисми молу мулкеро, ки ба ман тааллуқ дорад, бидеҳ”. Он гоҳ падар дороии худро байни писаронаш тақсим кард» (Луқо 15:11, 12). Танҳо тасаввур кунед: писар аз падари зиндаву саломаташ ҳиссаи мероси худро талаб мекунад! Вай мехоҳад худи ҳозир мустақил бошад ва пулашро аз рӯйи хости худ истифода барад.

Исо давом медиҳад: «Пас аз якчанд рӯз писари хурдӣ тамоми чизу чораашро ҷамъ карда, ба ҷойи дуре сафар кард ва ба айшу ишрат дода шуда дороии худро барбод дод» (Луқо 15:13). Писари хурдӣ хонаи тинҷу ором ва падари ғамхорашро, ки ӯро бо чизҳои лозима таъмин мекунад, монда, ба мамлакати дуре меравад. Дар он ҷо вай ба айшу ишрат дода мешавад ва тамоми пулу молашро мехӯрад. Баъди ин ба сари вай рӯзҳои сахт меоянд. Исо мегӯяд:

«Вақте тамоми пулашро сарф кард, дар саросари он кишвар қаҳтии сахте рӯй дод ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ афтод. Ӯ ҳатто рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар гашт ва он шахс ӯро ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ кунад. Вай тайёр буд, ки шикамашро аз хӯроки хукҳо сер кунад, лекин ҳеҷ кас ба ӯ чизе намедод» (Луқо 15:14–16).

Ҳарчанд мувофиқи Шариат хукҳо ҳайвонҳои нопок ҳисоб меёбанд, ин писар маҷбур мешавад, ки хукбонӣ кунад. Аз гушнагӣ ҷони писарак ба лаб меояд ва вай ҳатто тайёр мешавад, ки хӯроки хуконро хӯрад. Ин вақт вай ба худ меояд ва мегӯяд: «Чӣ қадар мардикорони падарам ба фаровонӣ нон доранд, ман бошам, дар ин ҷо аз гуруснагӣ мурда истодаам! Хеста, назди падарам меравам ва мегӯям: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту номида шавам. Маро чун яке аз мардикорони худ қабул кун”». Баъд вай ба назди падараш меравад (Луқо 15:17–20).

Падар писари хурдиашро дида чӣ кор мекарда бошад? Оё ӯ бо қаҳру ғазаб ба писар дармеафтад ва барои беақлӣ карда аз хона рафтанаш ҷанг мекунад? Оё падар ӯро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз мегирад? Агар шумо ба ҷойи падар мебудед, чӣ кор мекардед?

ПИСАРИ ГУМШУДА ЁФТ МЕШАВАД

Баъд Исо нақл мекунад, ки падар баъди дидани писар чӣ ҳис мекунад ва чӣ кор мекунад: «Вақте ки ӯ ҳанӯз хеле дур буд, падараш вайро дида, дилаш ба ӯ сӯхт. Ӯ тозон рафта, писарашро ба оғӯш гирифту бӯсид» (Луқо 15:20). Ҳарчанд падар фаҳмида буд, ки писараш чӣ гуна ҳаёт ба сар мебурд, ӯ бо чеҳраи кушод ва оғӯши гарм вайро пешвоз гирифт. Сарварони дин даъво мекунанд, ки Яҳуваро мешиносанд ва Ӯро ибодат мекунанд. Лекин оё онҳо ин мисолро шунида мефаҳманд, ки Падари осмониамон нисбати гунаҳкорони тавбакарда чӣ ҳис мекунад? Оё онҳо дарк мекунанд, ки Исо низ мисли Падари худ рафтор мекунад?

Ин падари бодиққат, эҳтимол, аз нигоҳу чеҳраи писараш пай мебарад, ки вай аз кардааш пушаймон аст. Падар писарро нағз қабул мекунад ва ин ба вай ёрӣ медиҳад, ки гуноҳашро ба гардан гирад. Исо нақл мекунад: «Писараш ба ӯ гуфт: “Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту номида шавам”» (Луқо 15:21).

Падар ба ғуломон мефармояд: «Зудтар либоси беҳтаринеро оварда, ба ӯ пӯшонед, ангуштарине ба дасташ андозед ва ба пояш пойафзол пӯшонед! Ҳамчунин гӯсолаи парвориро оварда, сар буред, то бихӯрему хурсандӣ кунем, зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд». Он гоҳ онҳо «ба хурсандӣ намудан сар карданд» (Луқо 15:22–24).

Дар ин вақт писари калонӣ дар саҳро буд. Исо давом медиҳад: «Ҳангоме ки ӯ бармегашт ва ба хона наздик мешуд, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. Вай яке аз ғуломонро ба наздаш ҷеғ зада, пурсид, ки чӣ рӯй дода истодааст. Ғулом ба ӯ гуфт: “Бародарат омад ва падарат барояш гӯсолаи парвориро сар бурид, чунки ӯ сиҳату саломат ба хона баргашт”. Писари калонӣ ба қаҳр омада ба хона даромадан нахост. Он гоҳ падараш баромада, илтимос кард, ки ба хона дарояд. Писар ба падараш гуфт: “Солҳои зиёд аст, ки ман мисли ғулом ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармонат сар натофтаам, вале ту боре ҳам ба ман бузғолаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. Лекин, чун ин писарат, ки чизу чораатро бо фоҳишаҳо хӯрда тамом кард, ба хона баргашт, ту барояш гӯсолаи парвориро сар буридӣ”» (Луқо 15:25–30).

Шариатдонон ва фарисиён мисли ин писари калонӣ рафтор мекунанд. Вақте онҳо мебинанд, ки Исо ба одамони одӣ ва гунаҳкорон дилсӯзиву меҳрубонӣ мекунад, онҳо ӯро танқид мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб Исо ин мисолро меорад. Бале, ҳар касе ки аз раҳмдиливу меҳрубонии Худо нисбати гунаҳкорон ба хашм меояд, бояд аз ин мисол барои худ дарс гирад.

Дар охир падар мегӯяд: «Писарам, ту ҳама вақт бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки дорам, аз они туст. Мо бошем, аз он сабаб шодиву хурсандӣ мекунем, ки бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд» (Луқо 15:31, 32).

Исо намегӯяд, ки писари калонӣ баъд чӣ кор мекунад. Лекин баъди марг ва эҳёшавии Исо «бисёре аз коҳинон низ имон оварданд» (Аъмол 6:7). Шояд, дар байни ин коҳинон ҳамчунин касоне буданд, ки мисоли писари гумшударо шунида буданд. Ба онҳо имконият дода шуд, ки ба худ оянд, тавба кунанд ва ба назди Худо баргарданд.

Дар рӯзҳои мо ҳам шогирдони Исо мефаҳманд, ки аз ин мисол чӣ дарс гирифтан мумкин аст. Дарси якум ин аст, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд аз халқи Худо дур шуда, аз пайи ҳузуру ҳаловат «ба ҷойи дуре» равем. Зеро дар байни халқаш Падари ғамхору меҳрубонамон моро ҳимоя мекунад ва ҳама чизи лозимаро медиҳад.

Дарси дуюм ин аст, ки агар ягон нафари мо аз Худо дур шавем, мо бояд фурӯтанӣ зоҳир карда, ба назди Падари худ баргардем ва розигии Ӯро ба даст орем.

Дарси дигар бошад, ҳангоми муқоиса кардани рӯҳияи падар ва писари калонӣ маълум мешавад. Падар писари хурдиро бо омодагӣ бахшид ва гарму ҷӯшон қабул кард, писари калонӣ бошад, ба хашму ғазаб омад ва бо бародараш оштӣ шудан нахост. Равшан аст, ки хизматгорони Худо бояд гунаҳкореро, ки аз таҳти дил тавба мекунад ва ба «хона»-и Падар бармегардад, бахшанд ва нағз қабул кунанд. Ин, дар ҳақиқат, сабаби шодиву хурсандии мост, чунки бародарамон «мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд».