Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 20

Мӯъҷизаи дуюми Исо дар Қоно

Мӯъҷизаи дуюми Исо дар Қоно

МАРҚӮС 1:14, 15 ЛУҚО 4:14, 15 ЮҲАННО 4:43–54

  • ИСО МАВЪИЗА КАРДА МЕГӮЯД, КИ «ПОДШОҲИИ ХУДО НАЗДИК ШУДААСТ»

  • ИСО ПИСАРЕРО АЗ ДУРӢ ШИФО МЕДИҲАД

Исо ду рӯз дар Сомария меистад ва баъд аз ин ба диёраш бармегардад. Ӯ дар Яҳудия бисёр мавъиза карда буд ва ба Ҷалил ҳам маҳз барои ҳамин меравад. Шояд, Исо интизор нест, ки ӯро дар Ҷалил хуб қабул мекунанд, чунки худаш гуфта буд, ки «пайғамбар дар диёри худ қадр надорад» (Юҳанно 4:44). Оё шогирдонаш ҳам ҳамроҳаш мавъиза мекунанд? Не, онҳо ҳар кадоме ба назди оилаи худ баргашта, аз пайи зиндагиашон мешаванд.

Исо дар бораи чӣ мавъиза мекунад? Ӯ мегӯяд: «Подшоҳии Худо наздик шудааст. Тавба кунед ва ба хушхабар имон оред» (Марқӯс 1:15). Бисёри ҷалилиён Исоро хуб қабул карда, ба ӯ иззату эҳтиром нишон медиҳанд. Лекин онҳо танҳо барои хабараш ба ӯ чунин муносибат намекунанд. Якчанд моҳ пеш, ҳангоми ҷашни Иди раҳоӣ, онҳо дар Ерусалим буданд ва мӯъҷизаҳоеро, ки Исо ба амал овард, бо чашми худ дида буданд (Юҳанно 2:23).

Исо хизмати бузургтари худро дар вилояти Ҷалил аз куҷо сар мекунад? Аз афташ, аз шаҳри Қоно. Агар дар хотир дошта бошед, ӯ дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Вақте Исо бори дуюм ба Қоно меояд, мефаҳмад, ки писари яке аз ходимони дарбори шоҳ сахт касал буда, дар дами марг аст. Ин шоҳ Ҳиродуси Антипас аст, ҳамон шоҳест, ки баъдтар бо амри ӯ сари Яҳёро аз танаш ҷудо мекунанд. Вақте ходими дарбор мефаҳмад, ки Исо ба Қоно омадааст, аз шаҳри худ — Кафарнаҳум ба ҷустуҷӯйи Исо меояд. Исоро ёфта, он марди ғамзада илтимос мекунад:

— Ҳазрат, пеш аз он ки кӯдакам бимирад, ҳамроҳам рафта, ӯро шифо деҳ (Юҳанно 4:49).

Ҷавоби Исо, шояд, ходими дарборро ба ҳайрат меорад. Ӯ мегӯяд:

— Ба хонаат баргард: писарат шифо ёфт (Юҳанно 4:50).

Ӯ ба Исо бовар карда, ба хона бармегардад. Дар роҳ ба пешвози ӯ ғуломонаш баромада, хабари хушро мерасонанд. Онҳо мегӯянд, ки писари вай зиндаву саломат аст. Ходими дарбор донистан мехоҳад, ки аҳволи писараш кай беҳтар шуд.

Ғуломон ҷавоб медиҳанд:

— Таби ӯ дирӯз, тахминан соати яки рӯз, фаромад (Юҳанно 4:52).

Ходими дарбор мефаҳмад, ки маҳз ҳамин вақт Исо ба вай «писарат шифо ёфт» гуфта буд. Баъди ин воқеа он марди сарватманд бо тамоми аҳли оила ва ғуломонаш пайрави Исо мешавад.

Исо бори аввал дар Қоно обро ба шароб табдил дода буд ва акнун аз дурӣ, аз масофаи тахминан 25 км, писари ходими дарборро шифо медиҳад. Албатта, Исо мӯъҷизаҳои зиёди дигаре низ ба амал меорад. Лекин мӯъҷизаи дуюми ӯ дар Қоно аҳамияти калон дорад, чунки ӯ бо ин мӯъҷизааш дар Ҷалил хизмати бузургтареро сар мекунад. Исо, дар ҳақиқат, пайғамбари Худост, лекин оё ӯро дар диёраш қабул мекарда бошанд?

Ин вақте маълум мешавад, ки Исо ба хонаи худ, ба Носира, бармегардад. Биёед мебинем, ки ӯро дар он ҷо чӣ интизор аст.