Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 7

Марди ҷасур

Марди ҷасур

ВАҚТЕ ки шумораи одамон дар рӯи замин афзуд, аксарияти онҳо мисли Қобил корҳои бад мекарданд. Вале як марде буд, ки аз онҳо фарқ мекард. Ана ин аст он мард — ӯ Ҳанӯх ном дорад. Ҳанӯх марди хеле ҷасур буд. Ҳарчанд ки одамони атрофи ӯ гуноҳҳои зиёд мекарданд, Ҳанӯх ба хидмати Худо машғул буд.

Медонӣ барои чӣ рафтори ин одамон хеле бад буд? Ба хотир ор, ки Одаму Ҳавворо кӣ ба сарпечӣ аз Худо ва ба хӯрдани мевае, ки Худо “нахӯред” гуфта буд, барангехт? Бале, ӯ фариштаи шарире буд. Китоби Муқаддас вайро Шайтон меномад. Шайтон кӯшиш мекунад, ки ҳар як одамро ба роҳи бад барад.

Рӯзе Яҳува Ҳанӯхро бо хабаре назди одамон фиристод, вале онҳо ӯро гӯш кардан нахостанд. Хабар чунин буд: «Худо ният дорад, ки рӯзе тамоми одамонеро, ки ба Ӯ итоат намекунанд, нобуд кунад». Эҳтимол мардум аз шунидани ин хабар хеле ба хашм омаданд. Онҳо мехостанд Ҳанӯхро бикушанд. Равшан аст, ки барои ба одамон расонидани ин гуфтаҳои Худо, Ҳанӯх бояд хеле ҷасур мебуд.

Худо нагузошт, ки Ҳанӯх дар байни ин одамони бад муддати зиёд зиндагӣ кунад. Ҳанӯх ҳамагӣ 365 сол умр дид. Чаро мо “ҳамагӣ 365 сол” мегӯем? Чунки дар он замонҳо одамон назар ба имрӯзҳо хеле қавитар буданд ва умрашон дарозтар буд. Бале, масалан писари Ҳанӯх — Матушолаҳ 969 сол зиндагӣ кард!

Хуб, баъд аз марги Ҳанӯх одамони бад боз бадтар шуданд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бадкирдории одамизод дар замин бисёр аст ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ фақат бад аст».

Ту медонӣ, ки яке аз сабабҳои дар он замон пур аз ғаму кулфат будани рӯи замин дар чист? Дар он аст, ки Шайтон роҳи нави ба корҳои бад васваса андохтани одамонро ёфт. Биё дар бораи ин дафъаи дигар меомӯзем.