ҚИСМИ 6
Аз тавлид то марги Исо
Фаришта Ҷаброил ба назди ҷавонзани хубе бо номи Марям фиристода мешавад. Ӯ ба Марям мегӯяд, ки вай соҳиби фарзанде хоҳад шуд, ки подшоҳ мегардад ва то абад ҳукмронӣ мекунад. Ин кӯдак — Исо, дар молхона таваллуд меёбад ва чӯпонон ба он ҷо барои дидани вай меоянд. Дертар ситорае мардони шарқиро ба сӯи кӯдак роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин мо хоҳем фаҳмид, ки ба онҳо қобилияти дидани ситораро кӣ дод ва чӣ тавр Исо аз марг наҷот меёбад.
Сипас, Исои 12–соларо дар маъбад хоҳем ёфт, ки дар он ҷо ӯ бо муаллимон сӯҳбат мекард. Ҳаждаҳ сол пас, Исо таъмид мегирад ва ба коре оғоз мекунад, ки Худо барои иҷрои он ӯро ба замин фиристод — ба мавъиза дар бораи Салтанат. Барои кӯмак дар ин кор, Исо 12 мардро интихоб мекунад ва онҳо расулони вай мешаванд.
Ҳамчунин Исо мӯъҷизаҳои зиёде ба амал меоварад. Ӯ ҳазорон нафарро фақат бо чанд моҳии хурд ва якчанд нон ба серӣ ғизо медиҳад. Ӯ беморонро шифо мебахшад ва ҳатто мурдагонро эҳё мекунад. Дар охири ин қисм мо дар бораи воқеаҳои дар рӯзи охирини ҳаёти Исо рӯйдода ва чӣ тавр кушта шудани вай мефаҳмем. Исо тақрибан сею ним сол мавъиза кард, бинобар ин қисми 6–ум каме бештар аз 34 солро дар бар мегирад.
ДАР ИН ҚИСМ
ҲИКОЯИ 84
Назди Марям фаришта меояд
ҲИКОЯИ 85
Исо дар молхона таваллуд мешавад
ҲИКОЯИ 86
Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард
ҲИКОЯИ 87
Исои наврас дар маъбад
ҲИКОЯИ 88
Яҳё Исоро таъмид медиҳад
ҲИКОЯИ 89
Исо маъбадро пок мекунад
ҲИКОЯИ 90
Бо зане дар сари чоҳ
ҲИКОЯИ 91
Исо дар болои кӯҳе таълим медиҳад
ҲИКОЯИ 92
Исо мурдагонро эҳё мекунад
ҲИКОЯИ 93
Исо одамони бисёреро ғизо медиҳад
ҲИКОЯИ 94
Исо кӯдаконро дӯст медорад
ҲИКОЯИ 95
Тарзи таълими Исо
ҲИКОЯИ 96
Исо беморонро шифо мебахшад
ҲИКОЯИ 97
Исо ҳамчун подшоҳ меояд
ҲИКОЯИ 98
Дар кӯҳи Зайтун
ҲИКОЯИ 99
Дар болохона
ҲИКОЯИ 100
Исо дар боғ
ҲИКОЯИ 101