Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 101

Исо кушта мешавад

Исо кушта мешавад

ЧӢ ДАҲШАТ! Исоро ба қатл мерасонанд. Ӯро бар чӯбе мехкӯб кардаанд; дасту пойҳояшро бо мех бар чӯб задаанд. Ба сари кӣ фикри Исоро ба ин ҳол овардан омад?

Ба сари онҳое, ки Исоро чашми дидан надоштанд. Ту медонӣ, ки онҳо кистанд? Яке аз онҳо фариштаи шарир Шайтон Иблис аст. Ӯ ҳамонест, ки Одаму Ҳавворо ба саркашӣ аз Яҳува барангехт. Ва ана ҳамин Шайтон буд, ки душманони Исоро ба чунин ҷинояти мудҳиш моил кард.

Пеш аз он ки Исоро мехкӯб кунанд, душманонаш ӯро бераҳмона таҳқир карданд. Дар ёд дорӣ, ки чӣ гуна онҳо ба боғи Ҷатсамонӣ омада, ӯро гирифта бурданд? Ин душманон киҳоянд? Бале, онҳо сарварони динанд. Хуб, биё бубинем, ки воқеаҳо пас аз ин чӣ гуна сурат мегиранд.

Ҳангоме ки Исоро сарварони дин дастгир мекунанд, расулони вай мегурезанд. Онҳо аз тарс Исоро бо душманон танҳо мегузоранд. Аммо Петрус ва Юҳанно дур нарафта, ҳарду аз дунболи издиҳом равона мешаванд.

Коҳинон Исоро ба назди пирамарде бо номи Ҳонон меоранд, ки ӯ пеш саркоҳин буд. Баъд ӯро ба хонаи Қаёфо — саркоҳини кунунӣ меоранд ва бисёре аз сарварони дин дар ин ҷо ҷамъ меоянд.

Дар хонаи Қаёфо Исоро дар мурофиа маҳкум мекунанд. Ба ин ҷо касонеро меоранд, ки бар зидди Исо шаҳодати бардурӯғ медиҳанд. Ҳама сарварони дин бо як овоз мегуфтанд: «Исо бояд кушта шавад». Сипас ба рӯи вай туф карда, ӯро бо мушт мезананд.

Дар ин вақт Петрус дар саҳни ҳавлӣ буд. Ҳавои шаб ки сард буд, одамон гулхан меафрӯзанд. Ҳангоме ки худашонро дар даври оташ гарм мекарданд, канизаке ба Петрус нигариста, мегӯяд: «Ин мард ҳам бо Исо буд».

«Не, ман набудам!» — ҷавоб медиҳад Петрус.

Ба Петрус се маротиба мегӯянд, ки ӯ бо Исо буд. Вале Петрус ҳар дафъа рад мекард. Вақте ки дафъаи сеюм рад мекунад, Исо баргашта, ба вай менигарад. Петрус аз дурӯғи гуфтааш пушаймон шуда, дуртар меравад ва гиря мекунад.

Субҳи рӯзи ҷумъа коҳинон Исоро ба толори калони ҷамъомадашон, ки толори шӯрои пирон ном дошт, мебаранд. Дар ин ҷо онҳо бо ҳам маслиҳат мекунанд, ки бо Исо чӣ кор хоҳанд кард. Баъд ӯро ба назди ҳокими вилояти Яҳудия — Пилат мебаранд.

«Ӯ нобакор аст,— мегӯянд коҳинон ба Пилат,— бояд кушта шавад». Баъд аз пурсидани чанд савол аз Исо, Пилат мегӯяд: «Ман дар ин одам ҳеҷ айбе намеёбам». Ва Исоро ӯ ба назди Ҳиродуси Антипас мефиристад. Ҳиродус — ҳокими Ҷалил, ин вақт дар Ерусалим буд. Вай ҳам ҳеҷ гуноҳе дар Исо надида, ӯро бозпас назди Пилат мефиристад.

Пилат мехоҳад, ки Исоро озод кунад. Вале душманони Исо талаб мекунанд, ки ба ҷои вай маҳбуси дигар озод шавад. Ин мард Бараббоси роҳзан буд. Қарибии нисфирӯз, Пилат Исоро берун мебарорад ва ба мардум мегӯяд: «Инак, подшоҳи шумо!». Вале сарварони коҳинон фарёд мезаданд: «Ӯро нест кун! Қатл кун!». Пилат Бараббосро озод мекунад ва Исоро барои куштан мебаранд.

Рӯзи ҷумъа Исоро мехкӯб мекунанд. Дар ҳар ду тарафи Исо ду ҷинояткори ба ҳукми қатл маҳкумшуда ҳам мехкӯб карда мешаванд, ту дар расм онҳоро намебинӣ. Каме пештар аз марги Исо, яке аз ин ҷинояткорон ба вай гуфт: «Вақте ки ба салтанати худ бирасӣ, маро ба ёд овар!». «Қавл медиҳам, ки ту бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд»,— ваъда дод Исо.

Магар ин ваъдаи олиҷаноб нест? Ту медонӣ, ки Исо дар бораи кадом биҳишт мегуфт? Биҳишти аввалине, ки Худо дар ибтидо офарид, дар куҷо буд? Бале, дар рӯи замин. Вақте ки Исо аз осмон подшоҳӣ мекунад, ӯ ин мардро барои зиндагии хушбахтона дар биҳишти нави рӯи замин, аз нав зинда хоҳад кард. Магар мо аз ин хурсанд нестем?