Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 94

Исо кӯдаконро дӯст медорад

Исо кӯдаконро дӯст медорад

НИГОҲ кун, Исо кӯдакеро оғӯш мекунад. Маълум аст, ки Исо дар ҳақиқат нисбати кӯдакон ғамхор аст. Мардоне, ки нигоҳ карда истодаанд, расулони вай мебошанд. Исо ба онҳо чӣ мегӯяд? Канӣ, биё бубинем.

Исо ва расулонаш ҳоло аз сафари дуру дароз баргаштанд. Дар роҳ расулон байни ҳам баҳс мекунанд. Барои ҳамин, баъд аз бозгашт Исо аз онҳо мепурсад: «Шумо дар бораи чӣ баҳс кардед?» Дар ҳақиқат Исо медонист, ки онҳо дар бораи чӣ баҳс карданд. Вале ӯ ба онҳо савол медиҳад, то бубинад, ки чӣ мегӯянд.

Расулон хомӯш мемонанд, зеро дар роҳ баҳсашон дар бораи он буд, ки кадоме аз онҳо бузургтарин аст. Баъзе аз расулон мехостанд, ки аз дигарон муҳимтар бошанд. Исо чӣ тавр ба онҳо мефаҳмонад, ки хоҳиши бузургтар будан нодуруст аст?

Ӯ писарчаеро даъват карда, вайро дар мобайни онҳо мегузорад. Баъд ба шогирдони худ мегӯяд: «Мехоҳам шумо хуб бифаҳмед, ки то тағир наёбед ва монанди кӯдакони хурд нашавед, ба Салтанати Худо намедароед. Бузургтарин шахс дар салтанат касест, ки монанди ин кӯдак мешавад». Оё медонӣ, ки барои чӣ Исо ин тавр гуфт?

Хуб, кӯдакони хурд дар бобати аз дигарон бузургтару муҳимтар будан ташвиш намекашанд. Расулон ҳам бояд дар ин ҷиҳат ба кӯдакон монанд бошанд ва дар бобати бузургу муҳим будан низоъ накунанд.

Исо борҳои дигар ҳам нишон медиҳад, ки ӯ ба кӯдакон хеле ғамхор аст. Баъд аз чанд моҳ, баъзе одамон кӯдакони худро барои дидани Исо меоранд. Расулон бошад, намемонданд, ки кӯдакон ба Исо наздик шаванд. Аммо Исо ба расулони худ мегӯяд: «Кӯдаконро бигузоред, ки назди ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Салтанати Худо ба касоне тааллуқ дорад, ки монанди онҳоянд». Баъд Исо кӯдаконро ба дасташ гирифта, онҳоро дуои хайр мекунад. Магар донистани он ки Исо кӯдаконро дӯст медорад, хурсандибахш нест?