Сирри қаноатмандӣ
Ҳамаи мо хоҳ муҷаррад бошем, хоҳ оиладор, хоҳ ҷавон бошем ё пир мехоҳем, ки хушбахту қаноатманд бошем. Офаридгори мо низ инро мехоҳад, барои ҳамин ӯ ба мо маслиҳати беҳтарин додааст.
Аз таҳти дил меҳнат кунед
«Бисёр меҳнат карда, бо дастони худ некӣ кунад, то тавонад ба муҳтоҷе чизе бидиҳад» (ЭФСӮСИЁН 4:28).
Офаридгорамон мехоҳад, ки мо ба кору меҳнат назари дуруст дошта бошем. Чаро? Шахсе, ки боғайратона кор мекунад, хушбахт аст, чунки ӯ худаш ва оилаашро таъмин карда метавонад. Ӯ ҳатто ба шахси муҳтоҷе ёрдам доданаш мумкин. Ғайр аз ин сардораш кори ӯро қадр мекунад. Барои ҳамин эҳтимоли бештаре ҳаст, ки коргари хуб корашро аз даст намедиҳад. Беҳуда дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки натиҷаи кори меҳнаткаш «атои Худост» (Пандгӯ 3:13).
Ростқавл бошед
«Бовар дорем, ки виҷдонамон пок аст, чунки мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем» (ИБРИЁН 13:18).
Агар мо ростқавл бошем, худамонро эҳтиром мекунем, хотирҷамъ мегардем ва хобамон нағзтар мебарад. Илова бар ин дигарон ба мо бовар мекунанд ва моро эҳтиром менамоянд. Одамоне, ки ростқавл нестанд, худро аз ин чизҳои хуб маҳрум мекунанд. Ҳамчунин онҳо шояд пайваста аз ҳисси гунаҳкорӣ азоб кашанд ва тарсанд, ки як рӯз не, як рӯз, дурӯғи онҳо фош мешавад.
Ба пул назари дуруст дошта бошед
«Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (ИБРИЁН 13:5).
Барои хӯрду хӯрок ва дигар чизҳои муҳим ба мо пул лозим аст. Вале «пулпарастӣ» хеле хатарнок аст. Касе, ки пулро нағз мебинад, вақту қуввати зиёдашро барои бисёртар пул кор кардан сарф мекунад. Азбаски ҳушу ёди ӯ ба пул банд аст, муносибати ӯ бо ҳамсараш хунук шуда метавонад, шояд, ки вақти кофиро барои фарзандонаш ҷудо накунад ва ҳатто саломатиашро аз даст диҳад (1 Тимотиюс 6:9, 10). Ғайр аз ин, дар дили чунин шахс васваса пайдо шуда метавонад, ки беинсофона рафтор кунад. Марди хирадманде гуфта буд: «Одами боваринок баракати зиёд меёбад, аммо ҳар кӣ барои бой шудан шитоб кунад, бегуноҳ намемонад» (Панднома 28:20).
Таълими беҳтаринро интихоб кунед
«Ақлу хирадро нигоҳ дор» (ПАНДНОМА 3:21).
Таълими хуб ба мо ёрдам мекунад, ки шахси боваринок ва волиди хуб шавем. Вале танҳо соҳибмаълумот будан кафолат намедиҳад, ки мо ҳамеша ҳаматарафа таъмин ва хушбахт мешавем. Агар хоҳем, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт комёб шавем, мо бояд аз Худо таълим гирем. Дар Навиштаҳо дар бораи шахсе, ки ба Худо гӯш медиҳад, чунин гуфта шудааст: «Ҳар кори ӯ барор меёбад» (Забур 1:1–3).