Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ

Мақсади зиндагӣ

Мақсади зиндагӣ

ИНСОНИЯТ АЗ БИСЁР ҶИҲАТ НОТАКРОР АСТ: МО МЕНАВИСЕМ, РАСМ МЕКАШЕМ, ИХТИРОЪ МЕКУНЕМ ВА ДАР БОРАИ САВОЛҲОИ ЗЕРИН МУЛОҲИЗА МЕРОНЕМ: Чӣ тавр Коинот пайдо шуд? Чаро мо ба дунё омадем? Маънои ҳаёт дар чист? Оянда чӣ мешавад?

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ба ин саволҳо ҷавоб ёфта намешавад, барои ҳамин чунин фикрҳоро аз сари худ дур мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки асрори азалро донистан номумкин аст. Дигарон бошанд, ақида доранд, ки ҳаёт худ аз худ, дар натиҷаи эволютсия пайдо шудааст, барои ҳамин ба ин саволҳо ҷавоб кофтан беҳуда аст. Олими соҳаи таърих ва биология Уилям Провайн чунин гуфтааст: «Ягон худо вуҷуд надорад, ягон мақсад нест... Меъёрҳои ахлоқӣ бар ягон чиз асос намеёбанд, ҳаёт ягон маъно надорад».

Лекин одамоне ҳастанд, ки бо ин ақида розӣ нестанд. Онҳо мебинанд, ки коинот аз рӯйи қонуну қоидаҳои аниқу зебои илмӣ идора карда мешавад. Онҳо офаридаҳои аҷоибро дида ба ҳайрат меоянд ва ба табиат нигоҳ карда ягон чиз ихтироъ мекунанд. Офаридаҳои мураккабро дида онҳо рӯз ба рӯз бовариашон зиёдтар мегардад, ки ҳамаи ин худ аз худ пайдо нашудааст, балки Ихтироъкори моҳир дорад.

Чунин мулоҳизаҳо баъзе одамонеро, ки ба эволютсия бовар мекарданд, барангехт, ки нуқтаи назари худро аз нав дида бароянд. Биёед ду мисолро бинем.

ҶАРРОҲИ МАҒЗУ АСАБ АЛЕКСЕЙ МАРНОВ. «Солҳои таҳсил ба мо эволютсия ва атеизмро таълим медоданд. Касеро, ки ба Худо бовар мекард, бесавод меҳисобиданд»,— мегӯяд ӯ. Аммо аз соли 1990 сар карда фикри Алексей дигар шудан гирифт.

Ӯ мефаҳмонад: «Ман мехостам сабаби вуҷуд доштани ҳама чизро фаҳмида, аз рӯйи мантиқ хулоса барорам. Масалан, сохти мағзи сари инсон, ки дар олам чизи аз ҳама мураккаб аст, маро ба ҳайрат меорад. Оё мағзи сар барои он аст, ки илму ҳунар омӯзаду баъд нест шавад? Ин аз рӯйи мантиқ нест. Барои ҳамин ман аз худ мепурсидам: “Чаро мо ба дунё меоем? Маънои ҳаёт дар чист?” Дар ин бора чуқур фикр карда ман ба хулосае омадам, ки Офаридгор вуҷуд дорад».

Алексей, ки ба саволҳояш ҷавоб ёфтан мехост, қарор кард, ки Китоби Муқаддасро омӯзад. Баъдтар занаш, ки духтур буд, ба ӯ ҳамроҳ шуд. Ӯ мисли шавҳараш атеист буд ва бо мақсади шавҳарашро аз роҳ гардондан омӯзишро сар кард. Ҳоло бошад, ҳар дуи онҳо ба Худо имон доранд ва медонанд, ки Ӯ одамизодро бо кадом ният офарид.

ОЛИМИ ФИЗИК ҲУАБӢ ЙИН. Ин зан солҳои зиёд яке аз соҳаҳои физикаро, ки оиди плазма мебошад, меомӯхт. Плазмаро, ки асосан аз ионҳои мусбӣ ва электронҳо иборат аст, чорум ҳолати модда меҳисобанд *. Масалан, моддаҳои таркибии Офтоб дар ҳолати плазмаанд.

Ӯ мегӯяд: «Мо — олимон, ҳодисаҳои табиатро омӯхта пай мебарем, ки онҳо тартибу низоми аҷоиб доранд, зеро аз рӯйи қонунҳои аниқ амал мекунанд. Ман ҳайрон мешавам, ки ин қонунҳо чӣ тавр пайдо шуданд. Агар дар вақти пухтани хӯрок алови онро назорат кардан даркор бошад, наход гармии офтобро ҳеҷ кас назорат накунад? Бо гузашти вақт ман ба дуруст будани суханони “дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид” боварӣ ҳосил кардам» (Ҳастӣ 1:1).

Дуруст аст, ки илм ба саволҳои чӣ тавр мағзи сар кор мекунад, чӣ тавр офтоб гармию равшанӣ ҳосил мекунад ва дигар саволҳои ба ин монанд ҷавоб медиҳад. Аммо, чуноне ки Алексей ва Ҳуабӣ боварӣ ҳосил карданд, Китоби Муқаддас на танҳо ба саволҳои «чӣ тавр», балки ба саволҳои «чаро» низ ҷавоб медиҳад. Масалан: Чаро коинот мавҷуд аст? Чаро он аз рӯйи қонунҳо амал мекунад? Чаро мо вуҷуд дорем?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо заминро «на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад» (Ишаъё 45:18). Бале, Худо заминро бо як ният офаридааст ва фаҳмидани ин ният ба мо умед мебахшад. Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

^ сарх. 10 Моддаҳо дар табиат инчунин дар ҳолати сахт, моеъ ва газмонанд дучор мешаванд.