Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои шифо ёфтан на танҳо нишонаи беморӣ, балки сабаби онро бартараф кардан лозим

ДУШВОРӢ

Ёфтани решаи мушкилӣ

Ёфтани решаи мушкилӣ

Оё одамизод метавонад душвориҳоеро, ки ба оромию бехатарии мо халал мерасонанд ва ба ояндаамон зарар меоранд, бартараф кунад? Барои пурра бартараф кардани ин душвориҳо на танҳо нишона, балки решаи онҳоро ёфтан муҳим аст.

Инро бо мисоле фаҳмондан мумкин аст. Том ном марде бемор шуда вафот кард. Сабаби марги ӯ чӣ буд? Духтуре, ки Томро пеш аз мурданаш қабул кард, мегӯяд: «Вақте ки аввалин нишонаи беморӣ дар Том рӯ зад, ҳеҷ кас кӯшиш накардааст, ки сабаби онро фаҳмад». Маълум мешавад, ки духтурон пеш аз ин танҳо барои дарди ӯро сабук кардан дору медодаанду халос.

Магар имрӯз низ одамон барои ҳалли мушкилӣ ҳамин хел амал намекунанд? Масалан, бо мақсади пешгирӣ кардани ҷиноят ҳокимиятдорон қонунҳои нав мебароранд, камераҳои назоратӣ мегузоранд ва шумораи коргарони полисро зиёд мекунанд. Ин амалҳо барои тинҷию амонии ҷомеа ёрдам кунанд ҳам, онҳо решаи душвориҳоро бартараф карда наметавонанд. Чунки ба рафтори одамон тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва хоҳиши онҳо таъсир мекунад.

Дэниел ном марде, ки дар яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пастрафтаистодаи Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Мо пештар зиндагии тинҷу ором доштем. Ҳатто фикр намекардем, ки касе моро ғорат мекунад. Ҳозир бошад, дар ягон ҷо, чӣ дар қишлоқ, чӣ дар шаҳр, оромӣ нест. Азбаски дар ҷойҳои мо вазъият душвор аст, мо аниқу равшан мебинем, ки бисёр одамон чашмгуруснаанд ва ба қадри ҳаёту дороии дигарон намерасанд».

Марди дигаре, ки аз задухӯрди Шарқи Наздик ба давлати дигар гурехта баъдтар омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, чунин мегӯяд: «Дар шаҳри мо оилаҳо, сиёсатмадорон ва намояндагони дин ҷавононро ташвиқ мекарданд, ки ба ҷанг раванд, зеро чунин касон қаҳрамон ҳисобида мешуданд. Дар тарафи муқобил низ айнан ҳамин тавр мекарданд. Ин чашмонамро кушод ва ман фаҳмидам, ки ба ҳокимиятҳои одамӣ умед бастан беақлист».

Дар китоби қадимае, ки пур аз ҳикмат аст, гуфта шудааст:

  • «Андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст» (Ҳастӣ 8:21).

  • «Дил аз ҳама чиз маккортар аст ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?» (Ирмиё 17:9).

  • «Аз дил фикрҳои бад, одамкушӣ... бадахлоқии ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ... берун меояд» (Матто 15:19).

Одамизод майлҳои бади моро, ки пинҳонанд, решакан карда натавонист. Чи хеле ки дар мақолаи гузашта гуфтем, хислатҳои одамон рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст (2 Тимотиюс 3:1–5). Ҳол он ки имрӯз ба одамизод маълумоти бештар ва воситаҳои бисёр барои муошират дастрас аст! Пас, чаро дар ҷаҳон осоиштагиро барқарор карда наметавонем? Шояд ин берун аз қуввати мост? Ё мо зӯри беҳуда мезанем?

ОЁ МО ЗӮРИ БЕҲУДА МЕЗАНЕМ?

Ҳатто агар ягон мӯъҷиза шаваду майлҳои бади одамизодро нест кунем ҳам, дар тамоми ҷаҳон осоиштагию бехатариро барқарор карда наметавонем. Чаро? Чунки имкониятҳои одам маҳдуд аст.

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирмиё 10:23). Бале, мо бо қобилияти роҳнамоӣ кардани якдигар офарида нашудаем. Чи тавре ки мо барои дар таги об ё дар космос зиндагӣ кардан офарида нашудаем, ҳамин тавр мо барои ба якдигар ҳукм рондан офарида нашудаем.

Чи хеле ки мо барои дар зери об зиндагӣ кардан офарида нашудаем, ҳамин хел қобилияти ба якдигар роҳнамоӣ карданро надорем

Як фикр кунед, ба кӣ мефорад, ки касе ба ӯ чӣ кор кардан ва чӣ хел ё аз рӯйи кадом меъёрҳо зиндагӣ карданро ёд дода истад? Агар касе нуқтаи назари худро дар бораи исқоти ҳамл (аборт), ҷазо ё чӣ хел тарбия кардан бор кунад, оё ин ба мо мефорад? Ин танҳо якчанд масъалаест, ки дар байни одамон ҷудоӣ меандозад. Чи қадаре ки қабул кардани ин гуфтаҳои Китоби Муқаддас душвор набошад, бояд тан гирем, ки ин гуфтаҳо ҳаққанд ва одам на ҳуқуқи ба якдигар ҳукмронӣ кардан дораду на қобилият. Набошад аз кӣ ёрдам пурсем?

Барои мо, инсонҳо, ягона роҳи ҳалли ин масъала ба Офаридгор муроҷиат кардан аст. Охир, Ӯ моро офаридааст! Чизе ки одамон нагӯянд, Ӯ моро фаромӯш накардааст. Гуфтаҳои Китоби Муқаддас далели он аст, ки Ӯ нисбати мо бепарво нест. Вақте мо бо ин китоби беназир шинос мешавем, дар асл, чӣ гуна шахс буданамон ошкор мешавад ва мефаҳмем, ки чаро одамизод то имрӯз азоб мекашад. Ва мо бо суханони файласуфи олмонӣ розӣ мешавем, ки чунинанд: «Таърихи инсоният ба одамизод ва ҳокимиятҳо ҳеҷ дарс нашуд. Онҳо то ҳол хатоҳои пештараро такрор мекунанд».

ХИРАДИ КИТОБИ МУҚАДДАС МОРО ҲИМОЯ МЕКУНАД

Шоҳи бохирад Сулаймон боре гуфта буд: «Фаросат туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд, хирад туро муҳофизат хоҳад кард» (Масалҳо 2:11). Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки фаросатро ба кор барем. Биёед ба китоби Забур 145:3 назар кунем. Дар он гуфта шудааст: «Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест». Ин маслиҳати хирадмандона ба мо ёрдам мекунад, то ба чизе, ки моро ҳеҷ гоҳ хушбахт карда наметавонад, умед набандем. Кеннет, ки дар яке аз шаҳрҳои пур аз ҷинояти Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Сиёсатмадорон доимо ваъда медиҳанд, ки ҳаёти моро беҳтар мекунанд, лекин ин кор аз дасташон намеояд. Ва ин ҳақ будани суханони Китоби Муқаддасро исбот мекунад».

Дэниел, ки дар борааш нақл карда будем, мегӯяд: «Ҳар рӯз боварӣ ҳосил мекунам, ки одамизод нағз ҳукмронӣ карда наметавонад... Нафақа ё пуле, ки дар банк доред, кафолати он нест, ки дар оянда бекамбудӣ зиндагӣ мекунед. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки касоне, ки ба ин чизҳо таваккал мекарданд, ноумед гаштанд».

Китоби Муқаддас моро на танҳо аз чизҳое, ки моро хушбахт карда наметавонанд, ҳимоя мекунад, балки он ба мо умед ҳам мебахшад. Инро аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.