Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба волидон итоат кардан мисли баргардонидани қарзи бонк аст. Чи қадаре ки ту масъулиятнок бошӣ, ҳамон қадар бештар ба ту бовар мекунанд

БАРОИ ҶАВОНОН

10: Боваринок будан

10: Боваринок будан

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Одами боваринок боварии волидон, дӯстон ва сардори корхонаашро ба даст меорад. Вай бо иродаи қавӣ тартибу қоидаҳоро риоя мекунад, ба ваъдаҳояш вафо мекунад ва ҳамеша гапи ростро мегӯяд.

ЧАРО БОВАРИНОК БУДАН МУҲИМ АСТ?

Одатан ба ту ҳамон вақт озодии бештар медиҳанд, агар ту одами боваринок буданатро нишон диҳӣ.

«Барои ба боварии волидонат даромадан, ту бояд на танҳо дар назди онҳо, балки ҳамчунин вақте ки онҳо туро намебинанд, чун шахси баркамол ва бомасъулият рафтор кунӣ» (Сабрина).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Худро тафтиш кунед» (2 Қӯринтиён 13:5).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Агар ту хоҳӣ, ки дигарон ба ту бештар бовар кунанд ё боварии гумшудаи онҳоро аз нав ба даст овардан хоҳӣ, корҳои зеринро кун.

Ростгӯ ва ростқавл бош. Ҳатто як борак дурӯғ гӯйӣ ҳам, аз боварии дигарон мебароӣ. Ва баръакс, агар ту ростқавл бошӣ ва хатогиҳоятро пинҳон накунӣ, дигарон ба ту бовар мекунанд.

«Вақте ҳама кор хуб рафта истода бошад, ростқавл будан осон аст. Лекин ҳолатҳое мешаванд, ки барои гапи ростро гуфтан ту бояд айбатро ба гардан гирӣ. Аммо, агар дар ин мавридҳо низ ҳаққи гапро гӯйӣ, дар натиҷа дигарон ба ту бисёртар бовар мекунанд» (Кайман).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем» (Ибриён 13:18).

Масъулиятнок бош. Мувофиқи як таҳқиқоте, ки дар ИМА гузаронда шуд, 78 фоизи мутахассисоне, ки коргарони бетаҷрибаро ба кор қабул мекунанд, масъулиятнокиро яке аз хислатҳои муҳимтарин меҳисобанд. Агар ту шахси масъулиятнок буданро ёд гирӣ, ин дар оянда ба ту даркор мешавад.

«Волидонам хурсанд мешаванд, вақте ман корҳои хонаро бе доимо ёдраскунии онҳо нағз ба ҷо меорам. Чи қадаре ки ман худро масъулиятнок нишон диҳам, онҳо ба ман ҳамон қадар бештар боварӣ мекунанд» (Сара).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Боварӣ дорам, ки хоҳиши маро ба ҷо меорӣ, ва медонам, ки аз ин ҳам зиёдтар мекунӣ» (Филемӯн 21).

Пурсабр бош. Одатан баланд шудани қадатро дигарон даррав пай мебаранд. Вале барои он ки онҳо ба ту чун ба одами баркамол ва масъулиятнок нигаранд, вақт даркор аст.

«Танҳо бо як корат боварии волидон ва атрофиёнро ба даст оварда наметавонӣ. Барои ин ту бояд ҳар рӯз бо рафторат нишон диҳӣ, ки ба ту бовар кардан мумкин аст» (Брэндон).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Пурсабриро дар бар кунед» (Қӯлассиён 3:12).