Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Агар издивоҷро ба киштӣ монанд кунем, вафодорӣ мисли лангарест, ки онро дар вақти тӯфон, яъне душвориҳо нигоҳ медорад

БАРОИ ҲАМСАРОН

1: Вафодорӣ

1: Вафодорӣ

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ҷуфтоне, ки ба ҳам вафодоранд, издивоҷро пайванди якумра меҳисобанд ва аз якдигар дилпуранд. Ҳар яке аз онҳо боварӣ дорад, ки ҳамсараш ба аҳду паймони худ содиқ мемонад ва ҳатто дар вазъиятҳои душвори ҳаёт онро намешиканад.

Баъзе ҳамсарон аз тарси хешу табор ё гапи мардум маҷбур бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Аммо асосан сабаби бо ҳам мондани ҳамсарон бояд муҳаббату эҳтиром ва садоқати дуҷониба бошад.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Шавҳар... набояд зани худро тарк кунад» (1 Қӯринтиён 7:11).

«Агар ту ба ҳамсари худ бовафо бошӣ, аз вай зуд намеранҷӣ. Ту ҳамавақт ба бахшидан ва бахшиш пурсидан тайёрӣ. Пайдо шудани мушкилиҳо бароят тангкӯчаи сарбаста нест, балки фақат монеаест, ки гузаштан лозим аст» (Майк).

ЧАРО ВАФОДОРӢ МУҲИМ АСТ?

Ҷуфтоне, ки ба онҳо вафодорӣ намерасад, ҳангоми дучор шудан бо проблемаҳо чунин фикр карданашон мумкин: «Мо ба ҳамдигар муносиб нестем, барои ҳамин бояд ҷудо шавем».

«Бисёриҳо бо чунин фикр зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд: “Агар яке нафорад, ҷудо мешавам”. Агар одамон ҳоло оиладор нашуда дар бораи ҷудошавӣ фикр кунанд, ин аз он дарак медиҳад, ки аз аввал ба онҳо вафодорӣ намерасад» (Ҷен).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

ХУДРО ТАФТИШ КУНЕД

Дар вақти сар задани нофаҳмӣ аз худ пурсед, ки

  • «Оё ман пушаймонам, ки бо ин одам оиладор шудам?»

  • «Оё ман орзу мекунам, ки бо дигар кас бошам?»

  • «Оё ба даҳонам чунин гапҳо меоянд: “Ман аз ту ҷудо мешавам!” ё “касеро меёбам, ки ба қадри ман мерасад”?»

Агар ба як-ду саволи боло «ҳа» гуфта ҷавоб диҳед, пас, айни ҳол вақти он аст, ки меҳру садоқати худро ба ҳамсаратон зиёд гардонед.

БО ҲАМСАРАТОН ЯКҶОЯ МУҲОКИМА КУНЕД

  • Оё меҳру садоқат байни мо кам шудааст? Агар ҳа, барои чӣ?

  • Мо чӣ гуна чораҳо андешида метавонем, то ба ҳамдигар бештар содиқу вафодор бошем?

МАСЛИҲАТҲО

  • Ба якдигар номачаҳо нависта бо суханони гарму меҳрубонона муҳаббататонро изҳор кунед

  • Дар ҷойи кор сурати ҳамсаратонро гузоред

  • Вақте якҷоя нестед, ба якдигар паёмакҳо фиристед ё занг зада таваҷҷӯҳ зоҳир кунед

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Матто 19:6).